ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕЛУ САНГ РОҲҲОИ ВАҲДАТ – РОМИТ ВА ДУШАНБЕ – ХОРУҒРО БАРОИ ЧАНД СОАТ БАСТ

Бино ба иттилои қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, тайи шабонарӯзи гузаштаи 2 ноябри соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ чандин ҳолати селуу сангрез рух дода, боиси муваққатан масдуд шудани чандин роҳи мошингард шудааст.

Аз ҷумла, соати 11:00 ба сабаби боришоти беист, сатҳи оби сойи деҳаи Назирободи ҷамоати Симиганҷ дар канори шаҳри Ваҳдат боло рафта,  сангу лойи зиёдеро ба рӯи роҳи Ваҳдат-Ромит фурӯ рехт ва ҳаракати нақлиётро тавассути ин роҳ мушкил сохт. Кормандони вазорати нақлиёт бо истифода аз техникаи махсус роҳро тоза ва ҳаракати нақлиётро барқарор карданд.

Соати 14:30, ба сабаби боришоти зиёд дар километри 447-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар назди деҳаи Хехики ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ сел омада, ин шоҳроҳро барои ҳаракати мошинҳои калонвазн баст. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус аз ноҳияи Ванҷ ҷалб гардида, алакай соати 18:45 ҳаракати нақлиётро пурра барқарор карданд.

Соати 14:35, боронҳои сахт ва барф сабаби сангрез дар километри 570-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, дар ҳудуди деҳаи Бунии ҷамоати ба номи М.Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон шуд. Дар натиҷа ин қисмати шоҳроҳ масдуд шуд. Роҳсозон бо ҷалби як адад техникаи махсус роҳро тоза карданд ва алакай соати 15:53 ҳаракати нақлиёт дар ин қисмати роҳ барқарор карда шуд. Бар асари ин офати табиӣ, хушбахтона, касе осеб надидааст.

Ҳамчунин соати 16:10 дар ҳудуди ҷамоати ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод сатҳи оби сойи Сурхдара дар натиҷаи боришоти зиёд боло рафт ва сел роҳҳо ба сӯи деҳаҳои Кангелӣ, Кенҷаобод и Чуқуракро пурра масдуд кард. Барои рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ техникаи махсуси идораи роҳсозӣ ва ҳамчунин аҳолии маҳаллӣ сафарбар карда шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button