ВидеоҲуқуқи инсон

ПРОКУРОР БАРОИ ЗАВҚИБЕК САИДАМИНӢ 7,5 СОЛИ ЗИНДОН ТАЛАБ КАРДААСТ

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои журналисти тоҷик Завқибек Саидаминӣ ҳамчун ҷазо 7,5 соли зиндон талаб кардааст.  Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8 июли соли 2022 аз ҷониби кормандони УБОП шаҳри Ваҳдат дастгир шуда, ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ айбдор мешавад.

Додрас, вакили мудофеъ ва дигар тарафҳои дахил дар мурофиаи парвандаи ин журналисти мустақил дар бораи ҷараёни мурофиаи ӯ ягон ҷузъиёт намедиҳанд, вале як манбаи наздик ба тафтишот рӯзи 3 ноябри соли 2022 бидуни бурдани ном ба Радиои Озодӣ гуфтааст, талаби додситон рӯзи 3-юми ноябр ҳангоми мурофиа дар боздоштгоҳи Душанбе садо дод. Ба нақли ӯ, рӯзноманигор ҳама иттиҳомоти ба зиддаш эълоншударо рад кардааст.

“Завқибек Саидаминӣ гуфт, ба ягон ҳизбу ҳаракат ҳамкорӣ надошт. Баръакс, аз барномаҳояш дар телевизиони давлатӣ ёд овард, ки ҳатто аз ҷиҳодиён дар Сурия таҳдид гирифта буд. Ҳарду тараф сухани охирини худро гуфтанд. Додрас ба хонаи машваратӣ рафт,” –  гуфтааст ҳамсуҳбати Озодӣ.

Ӯ афзудааст, ки дар ин рӯз модару бародар ва ҳамсари Завқибек Саидаминӣ ба муҳокима роҳ ёфтаанд. Дар ду мурофиаи гузашта онҳо паси дар монда буданд.

Муҳокимаи парвандаи Завқибек Саидаминӣ 11 октябр оғоз ёфта буд. Ин мурофиа дар бинои СИЗО мегузарад ва ба он намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон роҳ дода нашуданд. Ҳатто хешу табори наздики журналисти боздоштшуда низ танҳо дар мурофиаи сеюм иҷозати ҳузур пайдо карданд.

Бо гузашти қариб 4 моҳ аз боздошти фарзандаш, модари Завқибек Саидаминӣ танҳо рӯзи 29 октябр тавонист билохира ба дидори фарзандаш бирасад ва ним соат бо ӯ суҳбат кунад. Ба ин мулоқот ҳамсари журналистро низ роҳ додаанд.

Ҳабиса Ятимова, модари рӯзноманигори боздоштшуда дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ҳудуди ним соат бо писараш суҳбат дошт ва Завқибек Саидаминӣ бештар аз кӯдаконаш пурсид.

“Аз пушти шиша, тариқи телефон суҳбат кардем. Саломатиаш хуб буд, ягон нишонаи озору зарбу лат ва шиканҷа наменамуд. Аз чизе шикоят надошт. Бештар кӯдаконашро пурсид. Мо ҳам аз кӯдаконашу аз ҳолу аҳволи худамон гуфтем. Камтар чашмонаш пуроб шуд. Руҳияааш ҳам хуб буд”,- гуфт Ҳабиса Ятимова.

Ӯ гуфт, писараш дар бораи парвандааш суҳбат накард ва ҳамчунин нагуфт, ки шиканҷа шудааст ё не? Дар ҷараёни мулоқот бо модару ҳамсараш Завқибек Саидаминӣ ба онҳо шеъри эҷодкардаи худро бо номи “Барои очаҷонам” ва тасбеҳи дар СИЗО барои модараш сохтаро тақдим намудааст.

Дар шеъри худ барои ба ҳарфаи модар гӯш надодан узр хоста, гуфтааст, ки сабур бошанд:

…Ту бубахшо Модаро, ки ман накардам хидматат,

Аз бароям дар ғаму нолону ҳам сарсони ту.

Сабр кун пеши Худо, сабре чу Яъқуби Набӣ,

То биёяд назди ту, фарзанди дар зиндони ту.

Завқибек Саидаминӣ 38 сол дошта, қаблан дар ТВ Тоҷикистон кор мекард. Солҳои охир ӯ ба тиҷорат ва маъракаҳои хайрия, аз ҷумла ҷамъоварии кумак барои кӯдакони ятим машғул буд ва чанд моҳи ахири қабл аз боздошташ дар Душанбе дар сохтмон кор мекард.

Завқибек Саидаминӣ ҳамзамон дар Интернет дар масоили доғи ҷомиа изҳори назар мекард ва ахиран канали худашро ҳам кушода буд.

Бовар меравад, ки ӯ ва журналисти дигари мустақил Абусаттор Пирмуҳаммадзода ба сабаби пуштибонии гармашон аз ҳамкасбони моҳи июн дастгиршудаашон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур алакай дар ду мурофиаи алоҳида Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 7,5 сол ва Далери Имомалиро ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст. Як иттиҳоми асосии зидди онҳо ва Пирмуҳаммадзода низ ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, назири ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” аст. Ҳамаи ин 4 журналист ин иттиҳомро рад мекунанд. Ҳизби наҳзат ва “Гуруҳи 24”, ки ҳоло дар берун аз Тоҷикистон фаъолият доранд, низ ҳар навъ ҳамкорӣ  доштанашон бо ин 4 журналистро рад карда, онро иттиҳоме бофта ва танҳо як баҳона дар дасти мақомот барои тавҷеҳи таъқиби ин журналистон ва тарсондани журналистону блогерҳои дигар меноманд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз журналистон, низ парвандаҳои ин 4 журналисти тоҷикро бофта ва беасос номида, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ҳамаи журналистонро зиндониро озод ва таъқибу тарсондани журналистонро бас кунанд. Душанбе ба ин даъватҳо то ҳол ягон посух надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button