ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

НАХУСТИН ШАРҲИ РАСМИИ ПАРВАНДАИ ҒУРБАТӢ: БА АЗДА ТВ ОБУНА ШУД, 4 ТУГМАИ КУРТАИ МАЙОР МУРОДОВРО КАНД…

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3 ноябри соли 2022, бо гузашти қариб 6 моҳ, бори аввал парвандаи журналист Авазмада Ғурбатов, маъруф ба Абдуллоҳи Ғурбатиро шарҳ дода, ҳамчунон пойфишорӣ кардааст, ки гӯё ӯ бо созмонҳои мамнӯъ ҳамкорӣ дошт ва шоми 15 июн, қабл аз боздошташ Д.Ҷ.Муродов ном як афсари милитсияи ноҳияи Шоҳмансурро таҳқир карда,  ҳамчунин  бо ҳамагӣ 54 кило вазне, ки дорад, ба гардани майор гӯё як мушт задааст ва погони китфи чап ва 4 тугмаи куртаи майор Муродовро кандааст. Худи Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва наздикони ӯ ин иттиҳомотро рад мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ низ мақомоти Тоҷикистонро ба таъқиби журналистон бо иттиҳомоти бофтаю сохта айбдор карда, раҳоии тамоми журналистону блогерҳои зиндонишуда, аз ҷумла Ғурбатиро талаб доранд.

Додситонӣ менависад, ки шаҳрванд Ғурбатов Авазмад Умаралиевич, санаи таваллудаш 01 августи соли 1996, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, хабарнигори “Азия Плюс”, оиладор, соҳиби як фарзанд, пеш суд нашудааст, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, мувақатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, худашро дар шабакаи Фейсбук бо номи мустаори «Абдуллоҳи Ғурбатӣ» пайваст намуда, бо тариқи телефони мобилиаш тамғаи «Redmi Noti-9 рrо» вориди шабака мегардидааст.

 Бино ба иддаои додситонӣ, дар давоми солҳои 2021-2022 аз ҷониби Ғурбатов А.У.  дар Фейсбук чандин матлаб ва мақолаҳо ошкоро ва пардапӯшона нашр шудаанд, ки дар онҳо “пайваста бадномсозии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дида шуда, дар амалу кирдорҳои Ғурбатов А.У. аломатҳои фаъолияти экстремистӣ ҷой доранд”.

Додситонии кулл аз ҷумла мисол овардааст, ки Ғурбатӣ дар як мақолааш чунин навиштааст: «Агар ин миллат як соҳиб медошт, Агар ин давлат як қонун медошт, Агар ин ҳуқумат як вазир медошт, ҷавони тоҷик аз тиреза поин фикандани худро аз хидмат ба ин миллату боло намедонист!!! Ва ё ҷавони тоҷикро ба ҳиллаву фиребу найранг ба хидмати модару ватан намебурданд. Ҳоло ҳар дашноме мехоҳед ба ман бидиҳед, ба «биҳишти рӯи заминатон” бовар надорам. Ба ягон идеяи миллӣ, ба ягон вазиру кабиру пешво бовар надорам. Ғурури миллӣ чӣ ки худи миллат буданамон зери суоли калон рафтааст».

 Аммо додситонӣ шарҳ надодааст, ки дар ин танқиди Ғурбатӣ аз “облава”-ҳои ғайриқонунӣ чӣ аломати экстремизм дида мешавад?

Барои исботи як иттиҳоми асосии зидди Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯи оппозитсионӣ буд,  додситонии кул танҳо як мисол овардааст, ки он обуна шуданаш ба канали “Азда ТВ” дар Ютуб мебошад: “Инчунин, Ғурбатов А.У.  бо имзои мустаъор, яъне бо тариқи пардапӯшона барои амали намудани фаъолияти экстремистии худ дифоъ намудан гӯё ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул асту ва дарди ҷомеъа мехӯрад, худашро ба канали «Аzda tv» санаи 13 ноябри соли 2019 дар шабакаи иҷтимоии интернетии «Ютуб» аъзо намуда, ки канали зикргардида алоқаманд ба яке иттиҳодияи дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ доштаи «Паймони миллӣ», «Ҳизби наҳзати ислом» мансуб мебошад, наворҳои паҳнамудаи онро пайгирӣ намуда, барои рангинсозии барномаҳои худ истифода менамудааст”.

“Азда ТВ” як шабакаи хабариест, ки дар Варшава таъсис ёфта, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барнома пахш мекунад ва дар Ютуб беш аз 100 ҳазор обуначӣ дорад. Фаъолияти ин шабака дар Тоҷикистон то ҳол расман мамнӯъ нашудааст ва  додситонӣ ҳам шарҳ надодааст, ки чаро обуна шудан ба ин канали дар Тоҷикистон қонунан мамнӯънашударо ҳамчун “ҷиноят” ва “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ” таъбир кардааст?

Додситонӣ ҳамин тавр, иттиҳоми бо 54 кило вазнаш гӯё як афсари милитсияро латтукӯб кардани Абдуллоҳ Ғурбатиро низ шарҳ додааст. Худи Ғурбатӣ ин иттиҳомро рад мекунад, вале бино ба фарзияи додситонӣ, “Ғурбатов А.У. санаи 15 июни соли 2022 бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бобиев Далер Имомалиевич, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, барои пурсиш ҳамчун шоҳид даъват шудааст. Тахминан соати 1930 ҳангоми баромадан аз бинои ШВКД-1дар дохили нуқтаи гузаргоҳи назоратии қисми навбатдорӣ ҳангоми ворид шудани сардори МХМ №7 майори милитсия Муродов Д.Ҷ.-ро дидаю дониста, ки номбурда дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ мебошад, суханҳои қабеҳ зада, дашном дода, аз ҳисси бадбинӣ нисбати Муродов Д.Ҷ. дар ҳузури шаҳрвандон таҳқир кардааст. Ғурбатов А.У. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода ба суханҳои қабеҳ задааш, дашном доданаш ва таҳқири кардааш нисбати сардори МХМ№7 ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, майори милитсия Муродов Д.Ҷ., қаноат накарда,  дидаю дониста, ки номбурда дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ мебошад, дар дохили нуқтаи гузаргоҳи назоратӣ бо истифодаи зӯроварӣ погони китфи чап ва чор адад тугмаи куртаи низомии Муродов Д.Ҷ.-ро канда, дар ҳузури шаҳрвандон як мушт ба гарданаш задааст”.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ баъди он моҷаро бо майор Муродов ҳамон шоми 15 июн дастгир шуд ва 4 октябри соли 2022 додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар як мурофиаи пушти дарҳои баста, ки дар даруни бинои СИЗО бидуни иштироки аҳли ҷомиа ва журналистон доир шуд, ин журналисти тоҷикро ба 7 соли 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ парвандаи Ғурбатиро бофтаю сохта ва мақсад аз таъқибу зиндонӣ кардани ӯро кӯшиши тарсондану бастани даҳони журналистони тоҷик меноманд ва талаб доранд, ки мақомоти Тоҷикистон ӯ ва дигар журналистони зиндониро билофосила озод кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button