ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ МӮСАФЕДИ 75-СОЛА БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО “ПОРТЕР” ДАР ХИСТЕВАРЗ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 2-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Набиев Далер Қодирович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Конибодом», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи мазкур, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Портер», таҳти идораи ронанда Ҷумъаев Ҷаҳонгир Мансурҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Саидмуратов Бегмурод, соли таваллудаш 1947, сокини шаҳри Конибодом, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Портер» Ҷумъаев Ҷ.М. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button