ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОҒОЗИ ТАЪТИЛИ ДАҲРӮЗАИ ТИРАМОҲӢ ДАР МАКТАБҲОИ ТОҶИКИСТОН

Аз рӯзи 1 ноябри соли 2022 хонандагони тамоми мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ баромаданд, ки 10 рӯз: то 10 ноябр давом мекунад. Қаблан сарусадоҳое бархоста буд, ки ба сабаби то 1 июн ҷамъбаст шудани соли таҳсил, шояд муҳлати таътили тирамоҳиро то 7 ноябр кӯтоҳ кунанд. Вале вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи расмӣ  ба таваҷҷуҳи масъулони соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо, падару модарон ва хонандагони мактабҳои миёна расонд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чоряки якум 31.10.2022 ҷамъбаст гардида, тибқи “Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таътили тирамоҳӣ аз 01.11.2022 то 10.11.2022 идома меёбад.

Вазорат гуфт, дарсҳо дар чоряки дуюм аз 11.11.2022 оғоз ёфта, то 31.12.2022 идома меёбад.

То соли 2019 таътилоти тирамоҳию баҳорӣ дар Тоҷикистон бекор карда шуда, хонандагон ба ҷои он дар фасли зимистон якмоҳа таътил мегирифтанд. Сабаби ин  мушкилоти мавҷуда дар роҳи таъмини мактабҳо бо гармӣ ва нирӯи барқ буд. Аз соли 2019 вазорати маориф ба низоми маъмулии таътилот баргашт, вале то миёнаи моҳи июн давом кардани соли таҳсил мавҷи интиқодҳои волидонро ба бор овард ва як сол пеш президент Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар Рӯзи дониш амр дод, ки соли таҳсилро то 1 июн ҷамъбаст кунанд.

Дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон беш аз 2,2 миллион хонанда таҳсил мекунанд. Ҳар сол аз 180 ҳазор то 200 ҳазор нафар мактабҳои миёнаро дар ҷумҳурӣ хатм мекунанд. Беш аз 30 ҳазори онҳо ба мактабҳои олӣ ва қисме ба коллеҷу омӯзишгоҳҳо шомил мешаванд ва даҳҳо ҳазори дигар дар ҷустуҷӯи ҷои кори муносибтар роҳи Русияро пеш мегиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button