ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҶомеа

КӮДАКОНИ ТО ЯКСОЛАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ВАКСИНАИ НАВ МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Аз 1 ноябри соли 2022, бори аввал дар Тоҷикистон кӯдакони думоҳа  бо вояи якуми ваксина бар зидди инфексияи пневмококкӣ фаро гирифта мешаванд. Ба ин мақсад ба кишвар 273 ҳазору 200 вояи ваксинаи “Синфлорикс” ворид карда шудааст. Дар ин бора рӯзи 31 октябр масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як нишасти хабарии вижа дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика хабар доданд.

Инфексияи пневмококкӣ яке аз мушкилиҳои ҷиддии саломатии ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, сироят ба он боиси афзоиши бемориҳои вазнин, ба монанди менингит, сепсис ва пневмония, инчунин бемориҳои сабуктаре, чун отити гӯш, синусит ва бронхит мегарданд. Бар асоси арзёбиҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар дунё беш аз ним миллион кӯдаки то 5-сола аз бемориҳои пневмококкӣ мефавтанд, аксаран кӯдакони то 2-сола аз кишварҳои дар ҳоли рушд.

Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров зикр намуд, ки ин вазорат  бо мақсади коҳиш додани бемориҳои вазнини менингит, сепсис ва пневмония миёни кӯдакони хурдсол, инчунин мавҷудияти ваксинаҳои муосиру бехатар тасмим гирифт, ки ваксинаи пневмококкии конюгатсияшударо (ВПК) ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намояд.

Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия, кӯдакон ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) дар синни 2, 4 ва 12-моҳагӣ қабул мекунанд. Таъкид гардид, ки шурӯъ аз пагоҳ, яъне 1 ноябр он кӯдаконе эм карда мешаванд, ки то ин сана ба 2-моҳагӣ расида бошанд. Маҳз ин кӯдакон бо навбат пас аз гирифтани вояи 1-ум вояҳои дуюм ва сеюми ин ваксинаро бояд аз рӯи муҳлатҳои дар Тақвими миллии иммунизатсия муайяншуда гузаранд. Яъне, барои пурра таъмин намудани масунияти қавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ ҳар кӯдак бояд се вояи ваксинаи мазкурро қабул кунад.

Мудири Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и вазорати тандурустӣ Файзалӣ Саидзода зикр намуд, ки то ба имрӯз 161 кишвари олам ин ваксинаро истифода менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати 162-юм ба шумор хоҳад рафт. Ӯ иттилоъ дод, ки ба ҷумҳурӣ 273 ҳазору 200 вояи ваксинаи 10-валентаи пневмококкии конюгатсияшуда (ВПК) «Синфлорикс» бар зидди сирояти пневмококкӣ ворид карда шудааст.

Мутахассисони соҳа итминони комил доранд, ки ҳама ваксинаҳо бехатар ва самаранок ҳастанд. Бо сари вақт гузаронидани эмкунӣ шаҳрвандони кишвар кӯдаконашонро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ муҳофизат менамоянд. Бо дасткашӣ аз эмгузаронӣ шаҳрвандон саломатӣ ва ҳаёти кӯдаконашонро зери хатар мегузоранд.

Намояндагии ЮНИСЕФ, Бунёди кӯдакони Созмони Милал низ бо нашри як видео аз волидони тоҷик даъват кардааст, ки кӯдакони худро ҳатман ба зидди сирояти пневмококкӣ эм кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button