ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ХОНА МЕСОЗАМ ГУФТУ ПУЛУ МОШИНИ СОКИНИ ТУРСУНЗОДАРО ГИРИФТ, ВАЛЕ ФИРЕБАШ ДОД…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 1 ноябри соли 2022 аз ошкор шудани боз як ҳолати қаллобӣ ба маблағи хеле бузург хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 28-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Худи дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи тафтишот, ин сокини Турсунзода як сол пеш: рӯзи 29-уми сентябри соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ як мошини тамғаи “Тойота-Кемри-2”, арзишаш 120 ҳазор сомонӣ ва боз 70 ҳазор сомонии дигар гирифта ваъда додааст, ки дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода барояш манзили истиқоматӣ сохта медиҳад. Аммо ӯ маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсии худ сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.

Ҳаҷми умумии зарари расондашуда ба ҷабрдида 190 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 18 ҳазор доллари Амрикоро ташкил медиҳанд,
Оид ба ин ҳолат аз тарафи додситонии кулли Тоҷикистон бар асоси қисми чоруми моддаи 247  Кодекси ҷиноятии ҶТ бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан калон  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба сокини Турсунзода бар асоси ин банди қонун ҷаримаи ҳангуфт  ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ ё тақрибан 6 доллар аст) ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои қаллобӣ афзоиш ёфтааст ва ВКД Тоҷикистон тақрибан ҳар рӯз дар бораи ошкор шудани мавридҳои навбанави қаллобӣ аз ҷониби шаҳрвандон хабар медиҳад. Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 1144 ҳолати қаллобӣ  ва дар 6 моҳи аввали соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1481 мавриди қаллобӣ сабт шудааст. Вале шумораи воқеии ҳолатҳои қаллобӣ хеле бештар аст, чунки бисёре аз қурбониёни қаллобон бо умеди мустақилона ҳал кардани масъала ба мақомот муроҷиат намекунанд. Даҳҳо мавридҳои қаллобӣ марбут ба харидуфурӯши манзилҳои истиқоматӣ ва асосан дар пойтахти Тоҷикистон мебошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button