ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ДУ СОКИНИ ҶАМОАТИ ХИСТЕВАРЗ ДАР ЗЕРИ ДЕВОРИ БЕТОНӢ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 31 октябри соли 2022,  тақрибан соати 18:00 ду сокини кӯчаи ба номи Додо Зокирови ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми кор дар як бинои хароба зери девори бетонӣ монда, ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба хабари Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, ин ду нафар, ки яке 43 ва дуюмӣ 35 сол доштаанд, ҳамчун коргари кироя вориди иншооти бекорхобидае, ки ба ҶДММ “Асрор” мансуб буда, дар қаламрави ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом ҷойгир мебошад, ворид шудаанд. Ин бино қаблан корхонаи тавлиди равған будааст.

Мутаассифона, ҳангоми вайрон намудани қисмати иншооти ёдшуда, ҳарду зери бетонпораҳо монда, ба ҳалокат расидаанд.

Бо дарёфти хабари мазкур дастаи имдодгарони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасадҳоро аз зери ғарами бетон берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Сабаби ин ҳодиса ҳанӯз дақиқ маълум нест. Вале, бино ба фарзияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда,  ба эҳтимоли зиёд риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳо метавонад сабаби марги онҳо шуда бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button