ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК БО 120 КИЛО ЛИБОС ДАР ҚАТОРИ ТОШКАНД – ВОЛГОГРАД (2 АКС)

Дар қатори роҳи оҳани Тошканд – Волгоград аз як мусофирзане, ки аз Ӯзбекистон вориди Русия мешуд, 120 кило либосворӣ ба маблағи беш аз 260 ҳазор рубл ё ҳудуди 4 ҳазор доллар, пайдо ва мусодира кардаанд. Дар ин бора рӯзи 1 ноябри соли 2022 бо такя ба боҷхонаи вилояти Астрахани Русия сомонаи маҳаллии “Городские вести”  хабар дод.

Бино ба хабари нашршуда, ин зан зодаи Тоҷикистон буда,  мехост бо қатори роҳи оҳани Тошканд – Волгоград 491 сар либос ва ҳамчунин кӯлоҳҳоро бидуни эъломияи гумрукӣ бо мақсади фурӯш вориди Русия кунад, вале кормандони боҷхонаи Астрахан ва марзбонони Русия дар марзи Қазоқистон бо Русия ин борро пайдо ва мусодира карданд.

Дар натиҷаи тафтиши бағочи ин зан маълум шуд, ки ӯ бо худ 120 кило либос, аз ҷумла куртаҳо, либоси кӯдакона ва кӯлоҳҳоро ба маблағи беш аз 260 ҳазор рубл доштааст.

Ин зан дар баёноташ гуфтааст, ки ин либосҳоро дар бозори умдафурӯшии Тошканд бо мақсади фурӯши минбаъда дар қаламрави Русия харида буд, вале намедонист, ки бояд дар боҷхонаи Русия бо худ доштани ин қадар либосро расман эъломия кунад.

Ба зидди ин зани зодаи Тоҷикистон бар асоси қисми якуми моддаи 16.2 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия (КоАП РФ) бо иттиҳоми эъломия накардани молҳо парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андоза як ё ду баробари молҳои гирифташуда бо мусодираи ин молҳо ё бидуни он таҳдид мекунад.

КоАП РФ Статья 16.2. Недекларирование либо недостоверное декларирование товаров

1. Недекларирование по установленной форме товаров, подлежащих таможенному декларированию, за исключением случаев, предусмотренных  статьей 16.4 настоящего Кодекса, –

влечет наложение административного штрафа на граждан и юридических лиц в размере от одной второй до двукратного размера стоимости товаров, явившихся предметами административного правонарушения, с их конфискацией или без таковой либо конфискацию предметов административного правонарушения; на должностных лиц – от десяти тысяч до двадцати тысяч рублей.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button