ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ХУРОСОН ВА СПИТАМЕН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 30 октябр ва рӯзи 31 октябр дар ду садама дар ноҳияҳои Хуросон ва Спитамен ду нафар ҷон бохтаанд.

 Аз ҷумла шоми 30-юми октябри соли 2022, тахминан соатҳои 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес”, Икромов Азиз Мирзодавлатович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон пиёдагард Мирзоев Карим Куганович, соли таваллудаш 1968, сокини ҳамин ноҳияро, ки дар ҳолати мастӣ роҳи мошингардро аз болои девори миёни роҳ убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Мирзоев К.К. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 31-уми октябри соли 2022, тахминан соати 14:00, ронандаи «Скутер», Каримқулов Усмон Сувонқулович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи мазкур, ба қафои автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», таҳти идораи ронанда, Ғаффоров Ғанӣ Сатторович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Истаравшан, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи «Скутер» Каримқулов У. ба ҳалокат расидааст. Мусофири ӯ Каримов Неъматҷон Султонович, соли таваллудаш 1964, низ сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳолатҳо таҳқиқот идома дорад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки нимаи дуюми рӯзи 30-юми октябри соли 2022, тахминан соати 16:10, ноболиғ Тағоймуродов Нурмаҳмад Зокирович, соли таваллудаш 2005, сокини пойтахт, бе шаҳодатномаи ронандагӣ автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ронда, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Рӯдакӣ ба самти роҳи мошингарди корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби рости роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронандаи ноболиғ Тағоймуродов Н.З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири ин мошин Сатторов Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button