ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АСАРОТИ СЕЛ ДАР ГӮШАҲОИ ГУНОГУНИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 30 октябри соли 2022 дар чанд минтақаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Нурободу Рӯдакӣ сел омада, дар Рӯдакӣ заминҳои кишт ва роҳҳои маҳаллиро зер карда, дар Нуробод дар мавзеи Қумоқ дар километри 94-95-уми роҳи Ваҳдат-Рашт-Лахшро баст. Маҷрои об ҳамчунин  ҳавлии як сокини кӯчаи Наврӯзро дар пойтахт, шаҳри Душанбе зер кардааст.

Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумита дар ноҳияи Нуробод рӯзи 30-уми октябри соли 2022, соати 12:30 дақиқа дар натиҷаи бориши борон дар километри 94-95-уми шоҳроҳи байналмиллалии Ваҳдат-Рашт-Лахш (мавзеи  Қумоқ) дар ду нуқта селоба фаромада, роҳро баст.

Барои бартараф кардани паёмадҳои ин ҳодиса техникаи МДНРА-и ноҳия  ва як экскаватои  ширкати роҳсозони Оби Гарм-Нуробод сафарбар карда шуда, соати 15:30 дақиқа роҳ пурра аз селоба тоза карда шуд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин гардид.

Шаби 30-уми октябри соли 2022, соати 22:44 дақиқа ба Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе дар бораи ба манзили истиқоматии як сокини кӯчаи Наврӯзи пойтахт ворид шудани сел хабар расид. 

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита соати 22:50 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, соати 00:24 дақиқа бо таҷҳизоти обкаш ҳолати баамаломадаро бартараф намуданд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари боридани боронҳои зиёд тахминан соати яки шаби 30 ба 31 октябри соли 2022 аз теппаҳо сел ҷорӣ шуда, ба зиёда 40 ҳавлии сокинони деҳаҳои Меҳробод (собиқ Учқӯл) ва Обшорони ҷамоати деҳоти Чоряккорон, зарар расонда ва инчунин роҳҳои маҳаллии байнидеҳавиро қисман вайрон кардааст.

Ҳамзамон сел ба чанд ҳавлии сокинон низ ворид шудааст. Ҳоло комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ноҳия дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад ва барои бартараф кардани паёмадҳои офат тадбирҳо меандешад.

Ҳаҷми зарари расидаро муайян карда мешавад. Ин сел, хушбахтона, талафоти ҷонӣ надошт. 

Бино ба маълумоти шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода рӯзи 30 октябр, соати 20:10 дақиқа бар асари бориши зиёди борон сатҳи оби  канали Мулошодӣ ва Заркамар  баланд гардида, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҷура Раҳмонов ба 7- хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонид.

Корҳои бартарафсозии ҳолати баамаломада идома дорад.

  Шуъбаи Кумита дар шаҳри Роғун аз сел дар деҳаи Саидони ҷамоати деҳоти Сичароғ хабар дод. Гуфта мешавад, ки сел дар ин мавзеъ ба 7- биноҳои истиқомати ва ёрирасон бо ворид кардани лойоба ва сангу шағал зарар расондааст. 

Ҳолати баамаломада бо қувва ва воситаҳои худи деҳа ва кормандони Шуъбаи Кумита дар шаҳри Роғун бартараф карда шуд.

Инчунин дар километри 83-85-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш дар 5-нуқтаи селфаро сангу шағал ва обу лой фаромада, ҳаракати нақлиётро аз соати 12:40 то 13:30 қатъ намуд. Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада ба ҷои ҳодиса 1-адад техникаи муҳандисӣ аз МНДРА дар шаҳри Роғун сафарбар гардида, корҳои бартарафсозӣ идома дорад. Роҳ боз аст ва мошинҳо ба ду самт бе мамониат равуо доранд.

Дар натиҷаи боридани боронҳои пуршиддат ва омадани сел, оби канали Чоряккорони ҷамоати деҳоти Чоряккорон, деҳаҳои Меҳробод ва Обшорони ноҳияи Рӯдакӣ баланд гардида, ба 29-адад хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон зарар расонидааст.

Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ 1-адад техника муҳандисии (Экскаватор) ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, бо ёрии аҳолӣ ва имдодгарони Кумита ҳолати баамаломада қисман бартараф гардида, корҳо дар ин самт идома доранд. 

31 октябри соли 2022 як сокини кӯчаи ба номи Ҷаббор Расулови пойтахт, хонаи 55/5 ба Қисми навбатдории КҲФ занг зад ва хабар дод, ки қубури оби гарми бино хароб шудааст ва таҳхонаи ин бино пур аз об шудааст.

Дастаи имдодагрони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида бо ёрии таҷҳизоти махсус обро берун кашида, ҳолати ба амаломадаро рафъ карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button