ВидеоҶомеа

7 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ХУШДОМАНИ МАНОРА БАРОИ БА ХУДКУШӢ РАСОНДАНИ КЕЛИНАШ

Бибикалон Назирова, хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ (Абдуалимзода), ки ҷасадаш моҳи июни соли гузашта дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд ёфт шуд, барои ба худкушӣ раоснидани келинаш 7 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора  рӯзи 1 ноябри соли 2022 ба “Азия Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, ҳукм имрӯз, 1-уми ноябр, аз ҷониби Суди ноҳияи Файзобод содир шуд ва Бибикалон Назирова бар асоси қисми дуюми моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуд. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ё прокурор барои Бибикалон Назирова 8 соли зиндон талаб карда буд.

 Дар мурофиаи додгоҳии пешин, Бибикалон Назирова дар марги келинаш Манораи Абдуфаттоҳ худро қисман гунаҳкор эътироф кард, вале гуфт, фикр намекунад, ки муноқишаҳои байни ӯву келинаш сабаби худкушии Манора шуда бошад.

Вакили дифои Назирова қаблан аз додгоҳ хоста буд, ки кирдори зерҳимояашро бо қисми 1-и моддаи 109 (ба худкушӣ расонидан)-и Кодекси ҷиноятӣ бандубаст карда, нисбат ба ӯ қонуни афвро татбиқ намоянд ва ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кунанд.

Вале айбдоркунандаи давлатӣ ба ин мухолиф баромад ва додгоҳ низ онро напазируфт.

Ҷасади Манораро моҳи июни соли 2021 аз манзиле, ки ӯву аҳли хонаводаи шавҳарашдар маркази ноҳияи Файзобод иҷора менишастанд, пайдо карданд. Наздикони Манораи Абдуфаттоҳ  аз аввал фарзияи худкушии Манораро зери шубҳа гузошта, хостори ҷазои шадид барои хушдоман ва дигар хешовандони тарафи шавҳари Манора шуда буданд. Онҳо  даъво доштанд, ки духтарашон худкушӣ накардааст, зеро як инсон наметавонист худаш ба бадани худаш 26 корд бизанад.

Вале додситонии кул пас аз тафтиши пешакӣ иллати марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номида, гуфт, дар натиҷаи амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян карда шудааст, ки сабаби марги ҷавонзан хунравӣ аз 3 ҷароҳати халанда ва бурандаи дар мавзеи гардан ва шикам бардоштаи ӯ гаштааст.

“Захму харошаҳои дигари дар бадани Абдуалимзода М.А. бисёру бо ҳам паралел ва сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва онҳо аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд”, – омадааст дар маълумот.

Вале наздикони ҷавонзан то ҳол бар инанд, ки ӯро куштаанд.

Манораи Абдуфаттоҳ се фарзанд дошт ва ҳангоми рух додани ин ҳодисаи фоҷеабор шавҳари Манора дар муҳоҷират дар Русия қарор дошт.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои расондан ба худкушӣ аз 3 то 8 соли зиндонро ҳамчун ҷазо муқаррар кардааст.  Аммо танҳо теъдоди ангуштшумори парвандаҳои бо иттиҳоми расондан ба худкушӣ  кушодашуда дар Тоҷикистон то ба додгоҳ мерасанд ва гунаҳкорон ҷазо мегиранд. Наздикони заноне, ки худкушӣ мекунанд, дар бисёр мавридҳо асосан ба хотири фарзандони ятиммондаи онҳо ба муомила бо тарафи шавҳар розӣ мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button