ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ҶАСАДИ ҲАМСОЯ ВА ДӮСТИ НАЗДИКИ БОҚИРРО БАЪДИ 11 РӮЗ ПАЙДО КАРДАНД (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти раёсаташ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз пайдо шудани ҷасади як марди 58 –сола дар соҳили дарёи Панҷ хабар дод.  Бино ба ин манбаъ, ин марди сокини деҳаи Чоҳкандези ҷамоати деҳоти Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон рӯзи рӯзи 10-уми сентябри соли 2022 бо мошинаш ба дарё сарозер шуда буд ва ҷасадашро рӯзи 21 сентябр пайдо кардаанд.

“Ҳодиса он рӯз тахминан соати 13:45 дақиқа рух додааст ва мошини тамғаи Toyota Hilux, ки ӯ ронандагӣ мекард, ба НБО-и “Помир Энержи” мутааллиқ будааст. Ин мошин дар километри 567-уми деҳаи Буни ҷамоати деҳоти Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон ба дарё рафта буд. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда муддати 11 рӯз идома дошт ва билохира пайдо ва ба хешовандонаш супурда шуд”, гуфта мешавад дар хабар.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда исми ин нафарро нагуфтааст,  вале аз хабар бармеояд, ки сухан дар бораи ҷасади Абдумамад Мародмамадов, ҳамсоя ва дӯсти наздики полковник Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои ғайрирасмии аз ҳама пурнуфузи Бадахшон меравад.

Журналисти мустақили зодаи Бадахшон Aнора Саркорова хабар дода буд, ки Абдумамад рӯзи 10 сентябр ғайб зад ва баъди чанде мошинашро аз даруни дарёи Панҷ ёфтанд. Ӯ навишт, ба эҳтимоли зиёд, ӯ ба хотири онки ҳабс нашавад, худкушӣ кардааст. Анора Саркорова бо такя ба шоҳидон хабар дод, ки 3 рӯз қабл ба назди Абдумамад кормандони милитсия омада будаанд.

“Субҳи 10 сентябр, ӯ бо аҳли хонаводааш хайрухуш карда, гуфтааст, “ин охирин мулоқоти мост”. Ва бо ҳамин аз хона баромадааст. Баъдтар Абдумамад ба завҷааш занг зада, гуфтааст, ки худро зинда ба дасти мақомот таслим намекунад. Хешовандонаш бар инанд, ки ӯ ин суханонро пеш аз онки бо мошинаш ба дарё парад, ба забон овардааст”, – хабар медиҳад Анора Саркорова.

Аз  Абдумамад Мародмамадов зану 4 фарзанд боқӣ монд.

Вале ба дунбол ҳам додситонии вилояти Бадахшон ва ҳам ВКД Тоҷикистон бо нашри баёнияҳои алоҳида фарзияи ба хотири ҳабс нашудан худкушӣ кардани Мародмамадовро рад карданд.

Ин ду ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ  гуфтанд, нисбат ба Абдумамад Мародмамадов ягон парвандаи ҷиноятӣ боз нашуда буд ва ӯ таҳти таъқиб қарор надошт.

Аз ҷумла додситонии Бадахшон дар иттилоияш дар шарҳи ин қазия гуфт: “Шаҳрванд Мародмамадов Абдумамад Гулмамадович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи С. Насиллобеков, хонаи 180, ронандаи ҶСК «Помир  Энержӣ», санаи 10-уми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 13:10, дар ҳудуди деҳаи Бунии ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон, дар километри 25-ум шоҳроҳи «Хоруғ-Душанбе», аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад. Барои пайдо кардани шаҳрванд Мародмамадов А.Г. аз тарафи сохторҳои дахлдори вилоят чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шудааст.

 Нисбати шаҳрванд Мародмамадов А.Г. дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд нест ва номбурда барои пурсиш низ даъват нагардидааст”.

Боқир, ки ӯро мақомот ташкилкунанда ва роҳбари асосии эътирозҳои ахир дар Хоруғу Рӯшон меномиданд, нимаи дуюми рӯзи 22 май ба таври мармуз дар маҳаллаи бо Бархоруғ ҳамсояи Бойнӣ кушта шуд. ВКД гуфт, ки Боқир дар ҷараёни “муноқишаи дохилии байни гуруҳҳои ҷиноӣ” кушта шудааст. Вале манобеи дигар мегӯянд, ки ӯро мақомоти вижа аз байн бурданд.

Баъди кушта шудани Боқир мақомот ҳудуди 200 нафар аз зодагони Бадахшон, аз ҷумла 9 лидери ғайрирасмии ин минтақаи мухтор дар шарқи Тоҷикистонро боздошт карданд. Ду лидери ғайрирасмии дигари минтақа – Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов – рӯзи 12 июни соли ҷорӣ ҳангоми амалиёти боздошташон дар маҳаллаи Тирчид кушта шуданд.

Ҳамин тавр, баъди марги Боқир мақомот даҳҳо тан аз сокинони маҳаллаи Бархоруғро, ки як пойгоҳи асосии тарафдорони ӯ ба шумор мерафт, дастгир карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button