ВидеоНуқтаи назарҲуқуқи инсон

ТАФТИШИ ПАРВАНДАИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ НИЗ БА ПОЁН РАСИДААСТ

Бино ба иттилои дарёфтии расонаҳо, тафтиши парвандаи рӯзноманигори мустақили тоҷик Далери Имомалӣ  ба анҷом расидааст.

Мақомот ва вакили мудофеъ бо баҳонаи махфӣ будани парванда дар ин бора маълумот намедиҳанд, вале Радиои Озодӣ   рӯзи 22-юми августи соли 2022  бо истинод ба “манобеи боварибахш” хабар дод, ки “тафтиши парвандаи Далери Имомалӣ ба анҷом расидааст ва он рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад.”

Далери Имомалӣ, ҳунарпеша, журналист ва блогери мустақил, рӯзи 15 июни соли 2022 дар пайи нашри силсилаи видеоҳо дар бораи тахриби хонаҳои мардум дар маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур ба ҳабс гирифта шуд. Худи ҳамон рӯз мақомоти ноҳияи Шоҳмансур бо баҳонаи гӯё ба корманди милиса “зӯроварӣ” нишон доданаш журналист Абдуллоҳ Ғурбатиро, ки дар таҳияи видеоҳо ба Далери Имомалӣ кумак мерасонд, низ ба ҳабс гирифтанд.

Танҳо баъди беш аз як моҳи ҳабсаш, мақомот хабар доданд, ки Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, нашри хабари дурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ айбдор мешавад.  Иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ дар баробари “зӯроварӣ” ва “таҳқири намояндаи давлат” ба айбномаи ҳамкори Далер Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ афзуда шудааст. “Гуруҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ду созмони оппозитсионии фаъолияташон феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ изҳор доштанд, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва ҳеҷ кадоми дигар аз журналистҳои ахиран дар Тоҷикистон ҳабсшуда узви онҳо набуданд ва ҳамкорие ҳам надоштанд.

Ҳафтаи гузашта додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хабар дод, ки парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ алакай баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба дасти ин додгоҳ расидааст, вале санаи шурӯи мурофиа ҳанӯз эълон нашудааст.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ бо нашри видеоҳо дар мавзӯъҳои доғи Тоҷикистон мухлису тамошобини зиёд пайдо карда буданд. Канали Далери Имомалӣ дар Ютуб қабл аз ҳабсаш алакай 150 ҳазор обуначӣ гирд оварда буд ва ҳар видеои таҳиякардаи ӯву Ғурбатиро дар ин канал ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ садҳо ҳазор нафар тамошо мекарданд.

Дар оғоз  даҳҳо нафар, аз ҷумла журналистони тоҷик бо талаби қатъи таъқиби Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ садо баланд карданд, вале баъди ҳабси боз ду журналисти дигар Завқибек Саидаминӣ ва Абусаттор Пирмуҳаммадзода, ки раҳоии ин ду ҳамкасби худро талаб доштанд, маъракаи ҳимоят аз журналистони ҳабсшуда дар дохил якбора хомӯш шуд.

Аммо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз журналистон, аз мақомоти Тоҷикистон ҳамчунон талаб  доранд, ки журналистони ҳабсшударо озод ва таъқиби онҳоро бас кунанд.  Душанбе то ҳол ба ин даъватҳо посух надодааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, тайи се моҳи охир дар Тоҷикистон дастикам 8 журналисту блогер: Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абусаттор Пирмуҳаммадзода ва 4 журналисту блогери зодаи Бадахшон Муҳаммади Султон, Улфатхоним Мамадшоева, Хушом Гулям ва Мақсуд Ғаёсов ба ҳабс гирифта шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button