ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТаърих

САЛАМ ИМОМНАЗАРОВ БА 16 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДААСТ. ӮРО БА МАҲБАСИ ХУҶАНД ИНТИҚОЛ ДОДААНД

Салам Имомназаров, гуштингир ва писари Имомназар Имомназаров, яке дигар аз лидерҳои айрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,ки моҳи феврал дар роҳи бозгашт аз Туркия дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда буд,  ба 16 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳукми Салам Имомназаров ҳанӯз дар поёни моҳи июн содир шуда, ӯро ахиран барои адои ҳукмаш ба маҳбаси Хуҷанд интиқол додаанд, вале хабари маҳкум шуданашро Радиои Озодӣ рӯзи 22 августи соли 2022 дарёфт ва нашр кард. Иттифоқан, 22 август аз қатли мармузи падари ӯ Имомназар  Имомназаров дуруст 10 сол сипарӣ шуд: Ин фармондеҳи собиқи мухолифин дар Бадахшон 22 августи соли 2012, дар рӯзҳое, ки дар Хоруғ амалиёти ҳарбӣ ҷараён дошт, дар манзилаш дар маҳаллаи УПД дар натиҷаи таркондани норинҷак кушта шуда буд. Наздикони Имумназаров мақомоти Тоҷикистонро дар қатли ӯ айбдор мекарданд. Вале мақомот мегуфтанд, эҳтимолан Имумназаров қурбони муноқишаҳои дохилии байни лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон шудааст.

Яке аз пайвандони Салам Имомназаров  ба Радиои Озодӣ гуфт, “Салам Имомназаров дар додгоҳ худро бегуноҳ донист, вале баъди судури ҳукмаш гуфт, шикоят набаред, ки бефоида аст.”

Ҳанӯз моҳи июл хабар омада буд, ки баъди судури ҳукми зиндони Салам Имомназаров, мақомот тибқи ин ҳукм дар пайи ба фоидаи давлат мусодира кардани молу мулки ӯ, аз ҷумла хонаву мағоза ва толори варзишиаш дар маҳаллаи УПД шудаанд.

Мақомот дар бораи ҳукми Салам Имомназаров расман шарҳе надодаанд, вале қаблан гуфта мешуд, ки ӯ бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир бар асоси қисми чоруми моддаи 200 чандин сол дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Pamir Daily News, як пойгоҳи хабарие, ки таҳаввулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, ҳангоми боздошти Салам Имомназаров хабар дода буд, ки ҳанӯз соли 2015 дар як парвандаи маводи мухаддир ба зидди ӯ баёнот дода буданд. Салам даст доштанаш дар қочоқи маводи мухаддирро рад мекард.

Салам Имумназаров солҳои охир бо оилааш асосан дар Душанбе зиндагӣ дошт ва дар ҳудуди Тоҷикистон озодона равуо дошту ба хориҷи кишвар низ сафар мекард.

Номи Салам Имомназаров бори аввал моҳи сентябри соли 2021 дар пайи муноқиша бо одамони Толиб Аёмбеков ба сархатти ахбор афтод. Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон, шаби 5 сентябр и соли 2021дар ҷараёни занозании гуруҳӣ дар тарабхонаи машҳури “Марко Поло” дар шаҳри Хоруғ захмӣ шуд. “Марко Поло” дар шафати хонаи Аёмбеков дар маҳаллаи “Хлебзавод” ҷойгир шудааст.

Гуфта мешуд, дар дохили тарабахонаи “Марко Поло” гапи бачаҳои маҳаллаи “Хлебзавод” бо бачаҳои УПД гурехтааст. “Хлебзавод” таҳти назорати Толиб Аёмбеков қарор дошта, УПД минтақаи бачаҳои Имумназар Имумназаров буд. Ин муноқиша аз як баҳси лафзӣ байни Аёмбеков ва Салам, писари Имомназар Имомназаров сар шуд ва ба занозании гуруҳӣ печид. Дар ҷараёни ин занозанӣ касе ба сари Толиб Аёмбеков аз қафо бо хишт зарбаи шадид зада буд.

Рӯзи 6 сентябр Салам Имомназаров ба Маркази тиббии Оғохон омад, то аз Толиб барои муноқишаи шаби гузашта узр бипурсад ва масъаларо ба хушӣ ҳал кунад. Вале одамони Толиб Саламро ба пеши  роҳбари худ роҳ надоданд ва байни онҳо муноқишаи наве сар зад, ки ин бор ба тирпарронӣ печид. Салам Имомназаров ва шарики ӯ Мансур Ҷумъахонов дар ин муноқиша тир хӯрданд ва ҳардуро дар бемористони вилоятӣ бистарӣ карданд.

Ӯ баъдан барои табобати захмаш ба Туркия рафт ва рӯзи 18 феврали соли 2022, ҳангоми бозгашташ аз табобат аз Туркия дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд.

Толиб Аёмбеков низ моҳи июни соли 2022 боздошт шуд. Ахиран додгоҳ як фарзанди ӯро ба 12 соли зиндон ва дуюмиашро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Ба худи Толиб Аёмбеков низ, бинои ба иттилои дарёфтӣ, ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button