ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМА ДАР НОРАК, ЗАНОЗАНӢ ДАР КОНИБОДОМ ВА ДУЗДИИ “НЕКСИЯ” ДАР ТУРСУНЗОДА

Соати дуи шаби 21 август, бар асари бархӯрди ду мошини “Опел” дар ҳудуди ҷамоати Дӯконии Норак ронандаи “Опел”-и аввал, сокини 32-солаи Файзобод дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ронандаи дуюм, сокиин 39-солаи Муъминобод ҷароҳат бардоштааст.

ххххххххххххх

Сокини 33-солаи Конибодом  ба он айбдор мешавад, ки шаби 7 август дар ҳолати мастӣ  дар ҷараёни муноқиша сокини 35-солаи ин шаҳрро латтукӯб карда, ба ӯ осеби вазнин расондааст.

хххххххххххххххххх

Ду навраси 16 ва 17-солаи сокини шаҳри Турсунзода соати дуюними шаби 17 август аз маҳаллаи  3-юм як мошини тамғаи “Дэу-Нексиа”-ро, ғайриқонунӣ ҳай карда, бурдаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 22 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда дар пайи садамаи нақлиётӣ

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

21-уми августи соли 2022, тахминан соати 02:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сафарзода Абдуҳолиқ Холмурод, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба тасмаи ҳимояи роҳ бархӯрда, сипас ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Расулов Ҷумъахон Аҳмадхонович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Муъминобод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамағаи “Опел-Астра”, Сафарзода А.Х. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи дуюм Расулов Ҷ.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

042

Нисбати марди 33-солаи сокини шаҳри Конибодом парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст. Номбурда 7-уми августи соли 2022, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ бо марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ба сару рӯяш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Боздошти 2 ноболиғ барои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина

005

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза ҷавони 23-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 17-уми августи соли 2022, тахминан соати 02:30-дақиқа, шахсони номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Дэу-Нексиа”-ро, ки дар маҳаллаи 3-юми шаҳри мазкур беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 16 ва 17-солаи сокинони ҳамин шаҳр бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button