ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 12,6 КИЛО АСАЛ АЗ 3 МУСОФИРИ ТОҶИК ДАР 2 ФУРУДГОҲИ РУСИЯ

Хадамоти матбуоти фурудгоҳи Челябинск рӯзи 22 августи соли 2022 хабар дод, ки кормандони Росселхознадзор аз ду мусофире, ки аз Тоҷикистон меомаданд, беш аз 7 кило асалро гирифтаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин мусофирон мехостанд ин миқдор асалро ғайриқонунӣ вориди Русия кунанд. Ҳангоми тафтиши бағочи дастии ин ду мусофир маълум шудааст, ки онҳо барои асале, ки бо худ доштанд, ягон санад надоштаанд.

Идораи Росселхознадзори вилояти Челябинск гуфт, ба Русия ворид кардани маҳсулоте, ки аз лиҳози меъёрҳои байторию беҳдоштӣ бехатар нестанд, мамнӯъ мебошад. Овардани маҳсулоте, ки дар корхонаи расмӣ истеҳсол шудааст, иҷозат дода мешавад, вале он ҳам танҳо ба миқдори то 5 килограмм.

Ҳафтаи гузашта хабар дода буданд, ки дар фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбург аз як зане, ки аз Тоҷикистон омада буд, 5,6 кило асали хонагӣ мусодира кардаанд. Дар Росселхознадзори вилояти Свердловск гуфтаанд, ин бор дар қуттии корхона набуд ва маркировка надошт. Дар акси нашршуда дида мешавад, ки асали хонагиро дар се бакляжка ҷой карда будаанд ва вазнашро тарозуи фурудгоҳ 5,6 кило нишон медиҳад.

 “Шаҳрванди Тоҷикистон барои ин маҳсулот ягон санади байторӣ нишон дода натавонист. Асал мусодира ва нобуд карда шуд, занро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд”, – гуфта мешуд дар иттилоияи идораи Росселхознадзори вилояти Свердловск.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button