ВидеоМуҳоҷирон

ЧАШМОНИ ХАЛАБОНҲОИ ПАРВОЗИ САМАРА – ХУҶАНДРО БО ЛАЗЕРИ САБЗ БУРДАНӢ ШУДААНД

Шаби 21 ба 22 августи соли 2022 афроди номаълум бо истифода аз лазер кӯшиш кардаанд барои парвози як ҳавопаймо дар фурудгоҳи Курумочи Самара мониа эҷод кунанд. Ин ҳавопаймои марбут ба ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” соати 23:50 аз фурудгоҳи Курумоч ба самти Хуҷанди Тоҷикистон ба парвоз хеста буд.

Телеграм-канали Aviaincident, ки ҳодисаҳои фавқулодда бо ҳавопаймоҳову чархболҳоро пайгирӣ мекунад,  хабар дод, ки “ҳангоми ба осмон баланд шудан капитани ҳавопаймо дар бораи кӯшиши бо лазери рангаш сабз бурдани чашмони онҳо хабар дод. Ҳавопаймо дар он лаҳза дар фосилаи 25 километр аз фурудгоҳи Самара дар баландии 1800 метр қарор дошт. Капитани ҳавопаймо тасмим гирифт, ки бо ин вуҷуд парвозро ба сӯи Хуҷанд идома диҳад”.

Бино ба ин манбаъ, мақомоти ФСБ ва ВКД Русияро аз ин қазия хабардор кардаанд.

Бо лазер бурдани чашмони халабонҳо (авбошии лазерӣ, ла́зерное хулига́нство) дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон амали зиддиқонунӣ эътироф шудааст. Бархе бадкирдорон дар наздикии фурудгоҳҳо мавқеъ гирифта, бо лазерҳои пурқувват чашмони халабонҳоро мебаранд ва бо ин, барои ба парвоз хестану нишастани ҳавопаймоҳо мониа эҷод мекунанд. Чунин амал барои бехатарии парвозҳо хатар эҷод мекунад.

Дар ин авохир ин ягона чунин ҳодисаи фавқулоддае нест, ки бо парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон рух медиҳанд.

Тавре қаблан хабар дода будем,  шаби 6 августи соли ҷорӣ ҳавопаймои ширкати русии ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”,  ки аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ба самти Кӯлоби Тоҷикистон парвоз мекард, ба далели рафтори як мусофираш, ки зоҳиран бемори муътоди маводи мухаддир буд,маҷбур шуд, ки дар ними роҳ дар фурудгоҳи Курумочи шаҳри Самара фуруд биояд. Дар Самара он мусофирро ба дасти мақомоти тиббӣ супоридаанд ва ҳавопаймо аз онҷо баъди ним соат боз ба қасди Кӯлоб ба парвоз даромад. Ҳавопаймо бо се соат таъхир билохира ба фурудгоҳи Кӯлоб расид, вале ин дафъа бидуни ягон ҳодиса ғайриштатӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button