ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

БО АМИРИ ДОИШ ЮСУФ ТОҶИКӢ БАЙЪАТ КАРДА БУД… ФСБ АЗ БОЗДОШТИ ЯК ТЕРРОРИСТИ МАРГТАЛАБ ХАБАР ДОД (ВИДЕО)

ФСБ Русия рӯзи 22 августи соли 2022 бо нашри як видео аз боздошти зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Миёна бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ” ва пешгигири ҳамлаи маргталабона дар Ҳиндустон хабар дод.

Маркази робитаҳо бо ҷомиаи ФСБ гуфт, ин нафар мехост худро дар Деҳлии нав тарконда, бо ин роҳ яке аз намояндагони доираҳои ҳокими Ҳиндустонро аз байн барад.

Дар видеои нашршуда, дастгиршударо худро Қадамов Машрабхон Тоҳир-уғулӣ, соли таваллудаш 1992 муаррифӣ мекунад. Ӯ эътироф мекунад, ки моҳи апрели соли 2022 ба як амири ДОИШ бо номи Юсуф Тоҷикӣ байъат супурда, баъди ин дар Туркия аз тамринҳои махсус гузашт. Баъди ин Қадамов, бар асоси эътирофи худаш, ба Русия омад ва бояд дар ин ҷо санадҳояшро дуруст мекард ва виза гирифта, ба Ҳиндустон парвоз мекард. Тибқи нақша, ӯ мебоист яке аз сиёсатмадорони Ҳиндро, ки ба гуфтаи амири ДОИШ, нисбат ба Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ҳарфҳои тавҳиномез задааст, тавассути ҳамлаи террористии маргталабона мекушт.

Дар чӣ шароите сабт шудани ин видеои эътирофоти Қадамов Машрабхон маълум нест.

Дар бораи Юсуф Тоҷикӣ, ё Ал-Тоҷикӣ, ки дар ин видео амири ДОИШ ном бурда мешавад ва гӯё ӯ Машрабхон Қадамовро барои анҷоми ҳамлаи маргталабона ба саффи ДОИШ ҷалб кардааст, то ҳанӯз ягон маълумоти мувассақе ба даст наомадааст.

Маркази робитаҳо бо ҷомиаи ФСБ гуфт, дастгиршуда аз моҳи апрел то июни соли 2022 дар Туқркия қарор дошта, онҷо аз сӯи яке аз амирони ДОИШ ба ҳайси маргталаб ҷалб шуд. Мағзшӯии ӯ, бино ба иттилоияи ФСБ, аз тариқи мессенҷери Телеграм ба шакли фосилавӣ ва ҳамчунин дар мулоқотҳояш бо намояндагони ДОИШ дар Истанбул ба сурати рӯбарӯ сурат гирифтааст ва баъди мағзшӯӣ Қадамовро ба Русия фиристодаанд, ки аз инҷо виза гирифта, ба Ҳиндустон биравад ва онҷо ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад.

Дар солҳои охир садҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия бо иттиҳомоти марбут ба терроризму экстремизм дастгир ва маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муҳоҷирони корӣ дар Русия ба далели беҳуқуқӣ ва вазъи риққатбори кору зиндагиашон тӯъмаи осоне барои мубаллиғони ақидаҳои ифротӣ мешаванд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ иддаои боздошти садҳо муҳоҷир бо иттиҳомоти терроризму тундгароиро низ зери суол мебаранд ва мегӯянд, мавридҳое фаровоне сабт шудааст, ки мақомоти амниятии Русия барои баланд нишон додани натиҷаҳои муборизаи худ бо терроризму тундгароӣ муҳоҷирони беҳуқуқро бо парвандаҳои бофтаю сохта дастгир ва ба терроризм айбдор кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button