Нуқтаи назарҶомеа

“МАН БАРОИ ДИГАРОН ЗИНДАГӢ МЕКАРДАМ…” ТАҚДИРИ ЗАНҲОИ ТОҶИК БАЪДИ ҶУДОШАВӢ (7 AKC)

Бознашр аз саҳифаи Zira Media дар Фейсбук

Замира ба хотири дигарон зиндагӣ мекард. Аз гапҳои зиёду таҳқири мардум тарс дошт. Аммо, вақте фаҳмид, ки шавҳараш бо зани дигар муносибат дораду ӯро ба никоҳи худ даровардааст, Замира дигар тоқат карда натавонист…

Умеди барбодрафта

Баъд аз хатми мактаб Замира (ном иваз карда шудааст) ба донишгоҳ дохил шуд. Дар 19-солагиаш бо хоҳиши падару модар ба шавҳар баромад. Домод аз Замира 4 сол калон буд. Шавҳараш дар соҳаи бонкдорӣ кор мекард. Ӯро падару модари Замира аз рӯи талаботи «оилааш нағз», «бача хондагӣ, кор мекунад», «хонаю дараш хуб аст» интихоб намуда буданд. Вале шавҳараш аз оғози оиладоршавӣ ба ӯ чандон эътибор намедод. Умед дошт, ки рӯзе дар дили шавҳар нисбат ба ӯ ва фарзандаш меҳру муҳаббат пайдо мешавад. Аммо шавҳараш ҳафта-ҳафта ба хона намеомад, зангҳои телефониро намебардошт, ба таъминоти оилаю фарзандаш аҳамият намедод. Дар баробари ин, хушдоман рафтори писарашро тарафдорӣ карда, мегуфт: «инҳо оилавӣ ҳамин хел, падараш ҳамин хел ва амакаш ҳам. Тоқат мекунед акнун».

Рӯзҳо мегузаштанд, Замира бо кӯдаки хурдсолаш танҳо нон мехӯрданду халос. Хушдоман аз кӯча хӯрок хӯрда меомаду аммо фикри келину набераашро ҳам намекард. Фарзанди Замира хеле лоғар буд, тез-тез бемор мешуд. Шавҳараш рӯйирост мегуфт, ки бигзор либосу доруворӣ барои кӯдакашро модараш харида диҳад…

Замира бо дониши доштаи худ ҳамроҳи кӯдаки хурдсолаш ба бачаҳои ҳамсоя дарс медод ва каме бошад ҳам, оилаашро бо маводи аввалиндараҷа таъмин мекард. Арзиши асосиаш нигоҳ доштани оила буд. Намехост, ки фарзандаш бепадар калон шавад. Боз аз гапи атрофиён метарсид. Падару модараш низ аз ӯ хоҳиш мекарданд, ки сабру тоқат кунад. Рӯзе зиндагиаш хуб мешавад.

«Зани ҷудошуда барои оилаву авлод «бори гарон» аст. Барои ҳамин ман тоқат мекардам, то падару модарам зиқ нашаванд. Ман аз гапҳои зиёду таҳқири мардум метарсидам. Ман барои дигарон зиндагӣ мекардам. Аммо, вақте фаҳмидам, ки шавҳарам бо зани дигар муносибат дораду ӯро ба никоҳаш даровардааст, ман дигар тоқат карда натавонистам ва ба хонаи волидонам баргаштам», – афзуд Замира.

Онҳо тариқи суд ҷудо шуданд ва ба кӯдакаш алимент таъин гардид. Вале боре ҳам шавҳараш алиментро сари вақт насупоридааст. Ҳатто якчанд маротиба ба суд муроҷиат намудааст, то ҳаҷми алимент кам карда шавад. Маблағе, ки моҳона ҷудо шудааст, 300 сомониро ташкил медод, ки ҳатто барои мактаби фарзандаш намерасид. Аз ин сабаб, Замира маҷбур шуд, то дар якчанд ҷой кор кунад. Вале то имрӯз ӯ кӯшиш мекунад, дар бораи зиндагиаш ба касе чизе нагӯяд, чун бовар дорад, ки дар ҷомеа ба табъиз дучор мешавад.

Зани ҷудошуда «моли дастрас» аст!?

Мукаррам 39 сол дорад. Маълумоташ олӣ. Соҳиби ду писар. Ҳамчун иқтисодчӣ дар яке аз корхонаҳои хурди истеҳсолӣ кор мекунад. Шавҳараш бо зане оиладор шуд, ки аз худаш хеле ҷавон аст. Мукаррам бошад, бо ду писарчааш дар кӯча монд. Ҳоло ӯ бо фарзандонаш дар хонаи иҷора мешинад. Дар ҷойи кор ва ҷомеа ба табъиз дучор мешавад. Аз ин сабаб хост, ки бори дуюм оила барпо намояд. Вале бархе аз мардон мехоҳанд, бидуни никоҳ муносибат дошта бошанд. Онҳое, ки никоҳ кардан мехоҳанд, баъд аз фаҳмидани ду фарзанди Мукаррам аз қарорашон бармегарданду «беному нишон» мешаванд.

– Вақте мардони ҳамкорам мефаҳманд, ки ман бешавҳарам, нигоҳу суханонашон дигар мешаванд. Дар ҷойи корӣ ва маҳаллаву байни ҳамсолон гӯиё ман камбудие дорам, гӯиё зани ҷудошуда «моли дастрас» аст. Бо мардон ҳатто барои гап задан метарсам, то атрофиён фикр накунанд, ки ман бо онҳо ягон муносибат дошта бошам.

Омори «пошхӯрӣ»

Нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки теъдоди пошхӯрии оилаҳо тамоюли зиёдшавӣ дорад. Мувофиқи маълумоти Шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд, давоми соли гузашта ҳамагӣ 3940 адад сабти бекоркунии никоҳи оилаҳо дар шимоли кишвар ба қайд гирифта шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давра 363 ҳолат зиёд аст.

Гуфта мешавад, дар соли 2021 аз оилаҳои пошхӯрда 3599 нафар кӯдакони ноболиғ аз тарбия ва меҳру муҳаббати яке аз тарафҳо (падар ё модар) дур мондаанд.

Қонунгузорӣ: бисёрникоҳӣ манъ аст!

Дар ягон сарчашмаҳои иттилоотӣ дар бораи шумори мардоне, ки зани дуюм гирифтаанд, маълумот дода нашудааст. Дузанагӣ ва серзанагиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст ва дар Кодекси ҷиноятӣ низ ба шахс ҷазо аз ҷарима то мӯҳлат бо корҳои ислоҳотӣ муайян шудааст.

Дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «бисёрникоҳӣ манъ аст». Инчунин, дар моддаи 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гуфта мешавад, ки дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ, – бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Вале новобаста ба ин муҷозот, ҳолатҳои бисёрникоҳӣ дар ҷомеаи мо ҳамоно ба чашм мерасанд.

Вақте ба зан хиёнат мекунанд…

Равоншинос Муҳаррама Раҳимова дузанагӣ ва ё бисёрникоҳиро яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳо меҳисобад. Бино ба гуфтаи равоншинос, занон дар чунин муносибатҳо бештар осебпазир буда, гирифтори якчанд намуди зӯроварӣ мегарданд, аз ҷумла зӯроварии равониро ҳис мекунад.

– Вақте ба зан хиёнат мекунанд, ба ӯ хеле аламовар аст, ки ӯро бо дигар шахс иваз карданд. Зан худро партофташуда, поймолшуда, инкоршуда, пастзада ҳис мекунад. Яъне, он умеде, ки аз ҳаёти оиладорӣ дошт, бо як рафтори шавҳараш (хиёнат) хат зада мешавад. Ин ба зан ҷароҳати вазнини равонӣ мерасонад, ки дар натиҷа, дар зан ҳисси нобоварӣ, шубҳа ва ҳатто нафрат нисбати на танҳо шавҳараш, балки ба ҳамаи намояндагони ҷинси муқобил пайдо мешавад, – мегӯяд Раҳимова.

«Ҳангоми машваратҳои оилавӣ аз мардон сабаби чунин муносибатҳоро мепурсем, онҳо мегӯянд, ки «ин кор барои савоб аст». Лекин сухан дар бораи кадом савоб меравад? Вақте чунин кори савоб боиси вайрон гардидани оила ва сарсону гирён шудани кӯдакон мегардад. Ин ягон хел савоб ҳам несту ғамхорӣ ҳам нест».

Вақте мард ду занро ба никоҳи худ мегирад…

Мувофиқи шариати дини мубини Ислом, вақте мард ду занро ба никоҳи худ мегирад, бояд якчанд ӯҳдадориҳоро ба зимма гирад. Яке аз чунин шартҳои ҳатмӣ таъминоти баробари молиявӣ ва ё риояи адолати иҷтимоӣ мебошад. Лекин аз мушоҳидаҳо бар меояд, ки на ҳамаи шарту суннатҳо дуруст ва мувофиқи мақсад риоя мегарданд.

Хусрав Ҳомидов, имомхатиби масҷиди ҷомеи «Тақво»-и шаҳри Хуҷанд дар яке аз суҳбатҳо ба мо қайд намуд, ки бархе аз занон аз зулму ситами шавҳари худ, бо нафақа таъмин накардани онҳо, беэътиборӣ зоҳир кардан ва хабар нагирифтанашон шикоят мекунанд.

– Пас, агар ин ҳолатҳоро ба замони паёмбарам Муҳаммад (с.а.) муқоиса кунем, фарқият хеле зиёд аст. Ва ин амали онҳо хилофи суннату рафтори паёмбарамон мебошад, – илова кард, имомхатиб.

Дини насронӣ: «Ягона сабаби ҷудошавӣ хиёнат шуда метавонад»

Иеромонах Мардарий, рӯҳонии Калисои православии Мария Магдалинаи муқаддас дар шаҳри Хуҷанд низ аз пошхӯрии оилаҳо нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки бояд фарҳангу маърифати оиладориро аз хурдӣ дар оила таълим дод. «Таълимоти дини насронӣ бештар таҳаммул кардан ва тоқатпазириро талқин мекунад. Ягона сабаб, ки барои ҷудошавӣ аз тарафи дини насронӣ муқаррар гардидааст, ин хиёнат мебошад. Вале имрӯзҳо оилаҳо бо сабабҳои гуногуни маишӣ низ, аз ҷумла – майнӯшӣ, латукӯби ҳамсар, муаммоҳои манзилию иқтисодӣ, барҳам хӯрда истодаанд. Дар чунин ҳолат, албатта ба бардошту тоқати зан эътибор дода мешавад. Аммо мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки арзишҳои муқаддаси оиладорӣ қадри худро гум кардааст. Муносибатҳои озод – бидуни никоҳи расмӣ ва бидуни ӯҳдадорӣ, сабаби зиёд гардидани пошхӯрии оилаҳо гардида истодаанд», – мегӯяд Мардарий.

«Зани дувум» – талаботи физиологӣ

Муаллифи чандин китобҳо – «В гостях у Всевышнего господа миров», «Твердая глина» ва «Доступный психолог», Шӯҳрат Ибрагимов, ки ба ӯ бештар мардони аз 25 то 45-сола бо маслиҳатҳои равонӣ муроҷиат мекунанд, мегӯяд, ҳарчанд миёни муроҷиаткунандагон бо масъалаи «зани дуввум» каманд. Вале равоншинос бар ин назар аст, ки мувофиқи қонунгузорӣ бинобар манъ будани «зани дуввум», мардон ин масъаларо пинҳон мекунанд. Лек, ин масъала бештар ба талаботи физиологии мард вобастагӣ дорад.

– Бештари мардҳо дар синни 35-40-солагӣ дар бораи гирифтани «зани дувум» фикр мекунанд. Аз сабаби нокифоя будани шароити иқтисодии занон, онҳо ба «никоҳ» розӣ мешаванд ва ё бе никоҳи мусалмонӣ ҳам «муносибат» мекунанд. Аз ҷиҳати физиологӣ, мардон «полигамен» ҳастанд. Новобаста аз хуб, зебо будани завҷааш «талаботи физиологии мард» болотар аст, – илова кард Ибрагимов.

«Бо гузаши солҳо, зан ва шавҳар аз якдигар монда мешаванд. Аз ин сабаб, пас аз 10-15 соли зиндагии якҷоя баҳсҳои оилавӣ бештар мешавад, ки ин баҳсҳо метавонад, то ба ҷудошавии оилаҳо оварад».

✍️Гузал МАҲКАМОВА, журналист

Махфиратҷон УСМОНОВА, журналист

Насим РАҲИМОВ, аксбардор

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button