ВидеоМуҳоҷирон

МУҲОҶИРБАЧАҲОРО БАРОИ ПУЛ МЕКУШТ… 25 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОН СӮҲРОБ КАРИМЗОДА

Коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон сокини шаҳри Ваҳдат Каримзода Сӯҳроби Иброҳимро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷинояти Тоҷикистон: 104, қисми 2, бандҳои “а, з, и, п,” (одамкушӣ) ва 249, қисми 3, бандҳои “а, г” (роҳзанӣ)  гунаҳгор шинохта, ба 25 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Бино ба хулосаи тафтишот ва додгоҳ, Сӯҳроб Каримзода ҳангоми дар шаҳри Ступинои вилояти Маскави Русия қарор доштанаш бо Шуҳрат Рустамов ном зодаи Ӯзбекистон забон як карда, дар солҳои 2016 ва 2017 бо мақсади ғорат дасти кам ду муҳоҷир: Лутфулло Раҳмонов аз Тоҷикистон ва Исматов Ш.Н. аз Ӯзбекистонро бо роҳи фиреб бо мошин ба ҷойҳои беодам бурда, ҳардуро буғӣ карда, куштаанд ва пулу телефонҳояшонро ба яғмо бурдаанд. Маълум шудааст, ки ин ду роҳзан  аз кисаи Лутфулло Раҳмонов баъди куштанаш ҳамагӣ 4000 рубл ва як телефони арзонаки “Нокиа 230” “ғанимат” бурдаанд ва аз кисаи Исматов – ҳамагӣ 1000 рубл ва як телефони тамғаи “Самсунг”.

Ступино шаҳрест бо ҳудуди 65 ҳазор аҳолӣ дар тақрибан 110-километрии ҷануби Маскав.

Тафтиши парвандаро додситонии шаҳри Ваҳдат анҷом дода ва ҳукми Сӯҳроб Каримзода аз ҷониби Додгоҳи олӣ ҳанӯз рӯзи 29 июни соли 2022 содир шудааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон  тоза рӯзи 18 август, баъди ҳукми қонунӣ гирифтани ин ҳукм, бархе тафсилоти ин парвандаро нашр кард.  

Бино ба гузориши додситонӣ, дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Сӯҳроб Каримзода ҳангоми дар шаҳри Ступинои вилояти Маскав қарор доштан, 26 декабри соли 2016 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ӯзбекистон Рустамов Шуҳрат Шойимович, шаҳрванди Тоҷикистон Раҳмонов Лутфулло Бегмуродовичро тавассути мошини таҳти идораи Рустамов Ш.Ш. ба кӯчаи Чайковскийи шаҳри Ступино бурдаанд.

Давоми ҳодиса дар тасвири додситонӣ чунин аст: “Баъди расидан ба маҳаллаи зикршуда, Сӯҳроб Каримзода аз рӯи нақшаи ҷиноятии қаблан таҳрезинамудаашон аз нишастгоҳи қафои автомашина бо дастонаш гардани Раҳмонов Лутфуллоро, ки дар курсии пеш нишаста буд, сахт фишурда, роҳҳои нафаскашиашро буғӣ ва маҳкам карда, ӯро қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтааст. Сӯҳроби И.К. ва Рустамов Ш.Ш. баъди аз ҳаёт маҳрум сохтани Раҳмонов Л.Б, маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 4000 рубли русӣ ва телефони мобилии тамғаи “Nokia- 230”-ро, ки 2961 рубли русӣ арзиш доштааст, тасарруф намуда, ҷасади номбурдаро ба мавзеи беодами наздикии истгоҳи нақлиётии “Песочная”-и шаҳри Ступино Русия бурда партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.

Ҳамин тавр, Каримзода боз ҳам дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Шуҳрат Рустамов, такроран санаи 11 январи соли 2017 бо ҳамин тарзу усул ҳангоми дар кӯчаи Овражнаяи шаҳри Ступино нақшаи содир намудани ҷиноятӣ роҳзанӣ ва минбаъд куштори шаҳрванди Ӯзбекистон Исматов Ш.Н.-ро тарҳрезӣ намудаанд. Бино ба нақли додситонӣ, ин дафъа ҳам “Сӯҳроби И.К. аз нишастгоҳи қафои автомашина бо ҳарду дастонаш гардани Исматовро, ки дар курсии пеш, дар сари чанбараки мошин нишаста буд, сахт фишурда, роҳҳои нафаскашиашро буғӣ ва маҳкам карда, ӯро қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтааст”.

Баъди куштани Исматов ин ду роҳзан кисаҳои ӯро кофта, ҳамагӣ 1000 рубли русӣ ва телефони мобилии тамғаи “Samsung-13”, ки 7543 рубли русӣ арзиш дошт, пайдо намуда, ба яғмо бурдаанд.  Онҳо ҷасади Исматовро ба мошини тамғаи “Опел Зафира”, ки ба шаҳрванди Русия Теплова А.К. тааллуқ дошту онро Исматов меронд, бор карда, ба мавзеи беодаме дар километри 66-уми роҳи “Каширское шоссе” дар ҳудуди ноҳияи Домодедовои вилояти Маскав бурда, партофтаанд.

Баъди ин ҳарду роҳзан мошини Исматовро, ки беш аз 400 ҳазор рубл арзиш дошт, дар назди маркази савдои “Карусел”, воқеъ дар  кӯчаи Поляна, дар минтақаи Бутово дар  ҳавзаи ҷанубуғарбии шаҳри Маскав  ба Рамазонов Ахмед ном нафаре ба ивази ҳамагӣ 79 000 рубли русӣ, яъне дастикам 5 маротиба арзонтар аз нархи худаш фурӯхта, пулиҳои ба даст овардаашонро ба манфиати худ сарф кардаанд.

Азбаски қонунҳои Тоҷикистон истирдоди шаҳрвандонаш ба кишварҳои дигарро иҷозат намедиҳад, парвандаи Сӯҳроб Каримзода баъди дастгир шуданаш дар худи Тоҷикистон тафтиш ва муҳокима шуд.  Қонунгузории Тоҷикистон ба додгоҳҳои ин кишвар иҷозат медиҳад, ки шаҳрвандони тоҷикро барои ҷиноятҳое, ки дар кишварҳои дигар содир кардаанд, муҳокима кунад ва ҷазо бидиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button