ВидеоҶомеа

БОЗДОШТИ ПИСАРИ ҶАҲОНПАҲЛАВОН САИДМӮМИН РАҲИМОВ БАРОИ ОДАМКУШӢ (ВИДЕО+9 AKC)

Санаи 5 августи соли 2022 ҷасади бо як бераҳмии махсус кушташуда ва ба хун оғӯштаи Зокирзода Муҳаммадҷовиди Тоҷиддин, соли таваллудаш 1999, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзобро аз як макони беодам  дар назди корхонаи шағалбарории воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ пайдо карданд.

Дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсияи Душанбе бо изи гарм ҳамчун гумонбар дар содир кардани ин ҷинояти мудҳиши одамкушӣ шаҳрванд Раҳимов Саидаҳмад Саидмӯминович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе фарзанди паҳлавони шуҳратёри тоҷик марҳум Саидмӯмин Раҳимов дастгир карда шуд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” хабар дод, ки дар ҷараёни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда Саидаҳмад Раҳимов қаблан бо марҳум Муҳаммадҷовид Зокирзода муносибатҳои молиявӣ ва додугирифт и қарзӣ дошта, муноқишаи байни онҳо ва ҷинояти одамкушӣ низ реша дар нофаҳмиҳои байни ҳарду дар масоили пулӣ доштааст.

Сироҷиддин Шакурӣ, муаллифи гузориш гуфт, Саидаҳмад Раҳимов аз қабл нақшаи кушторро кашида, ба ҳамин мақсад бо корд мусаллаҳ  шуда ва  рӯзи 5 август ҷабрдидаро махсус ба як макони беодаму касногузар овардааст.

Дар маҳалли “разбор” дар назди корхонаи шағалбарорӣ баҳси ҳарду ба муноқиша  мепечад ва Саидаҳмад Раҳимов Муҳаммадҷовидро бо 16 зарбаи корд ба ҳалокат расондааст.

Худи дастгиршуда ҳодисаро дар гузориши нашршуда чунин нақл кард: “Вақте ки аз гарданам қапидагӣ буд, дастонам ҳуй (кушода, боз) буд.  Телааш додам чанд бор, вале бароварда натавонистам худро. Баъд (бо корд) ба шикамаш, ба пояш задан гирифтам, то сар доданаш задам. Сар, ки дод, ман ғалтидам дар даруни об. Вақте ман меғалтидам, вай шишт алакай дар ҷояш. Аз танаш хун мебаромад, ман бошам аз он тараф бо як роҳча рафтам ба тарафи поён…”

ВКД тафсилоти дигар надодааст, вале наздикони ҷавони мақтул қаблан ба ҳафтаномаи “Фараж” гуфтанд, ки  Саидаҳмад ва Муҳаммадҷовид ҳамсинф буданд ва Саидаҳмад барои он даст ба ин ҷиноят задааст, ки Муҳаммадҷовид аз вай 20 ҳазор сомонӣ пули қарзашро талаб кардааст.

Матлуба Ғаниева, модари Муҳаммаҷовид рӯзи 17 август ба Радиои Озодӣ  низ нақл кард, ки сабаби муноқиша масъалаи қарз буд:  Ҳамон рӯзе, ки мурдаи писарамро оварданд, соати 1 ё 2 бачаи ман билет дошт, бояд мерафт Туркия. Хайрухуш кард. Ба рафиқаш, ки ҳамсинф низ ҳастанд, гуфт, пулро дода наметавонистӣ, мегуфтӣ, наметавонам. Рафиқаш ваъда дод, ки медиҳам, рафтем хонаи хусурам. Пулро надиҳам гуфта, бачаамро 16 корд зада куштааст”-афзуд, Матлуба Ғаниева, модари Муҳаммадҷовид.

Муҳаммадҷовид ба тиҷорати мол аз Туркия машғул будааст. Ҷавони боздоштшуда Саидаҳмад Раҳимов ба иттилои пайвандонаш, хатмкардаи Академияи вазорати умури дохилӣ мебошад. Хонаводаи ӯ дар Душанбе нахостаанд дар рӯ ба рӯи дурбини Радиои Озодӣ суҳбат кунанд, вале дар суҳбати бидуни сабт гуфтаанд, Саидаҳмад одобу ахлоқи хуб дорад ва ҳеҷ боварашон намеояд, ки ӯ  даст ба чунин коре задааст. Пайвандони ӯ иддао карданд, ки марҳум Муҳаммадҷовид барои бозпас гирифтани қарзаш борҳо ба Саидаҳмад таҳдид кардааст. Модари ҷавони фавтида ин иддаоро беасос медонад.

Наздикони Муҳаммадҷовид гуфтанд, вақти ҳодиса дар мошини марҳум як ноболиғ низ буд. Некрӯз Зокирзода, амакбачаи Муҳаммадҷовид гуфт: “Рӯзи ҳодиса Муҳаммадҷовид рафиқаш Саидаҳмадро аз Лучоб ба мошинаш савор мекунад. Дар мошин ҷияни синфи 7-и марҳум низ будааст. Саидаҳмад мегӯяд, ин кӯдакро фарор, куҷо мебарӣ?, Муҳаммадҷовид не мегӯяд. Саидаҳмад мегӯяд, хонаи хусурам меравем, гирифта медиҳам. Тарафи бозори “Корвон” мераванд. Он ҷо Саидаҳмад аз мошин фаромада,ним соат дер мекунад. Муҳаммадҷовид занг зада мегӯяд, зуд бош, ки ман дер мекунам, билет дорам. Биё, ҳозир бармегардем, мегӯяд Саидаҳмад. Муҳаммадҷовид кӯдакро дар мошин монда меравад, лекин 5 соат бедарак мешавад. Дар ҳамин байн ҳодиса рух медиҳад. Баъди ду соати хабардор шудани мақомот гумонбарро дар Душанбе дастгир карданд.”

Ба зидди Раҳимов Саидаҳмад бар асоси қисми дуюми моддаи 104 бо иттиҳоми куштор бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бар асоси ин банди қонун ба ӯ аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад. Ӯ ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Саидмӯмин Раҳимов, ки соли 1946 дар деҳаи Ҷорӯбқули ҳозира ноҳияи Темурмалик ба дунё омада, соли 2009 дар Душанбе вафот кард, нахустин паҳлавони тоҷик аст, ки соли 1975 дар гуштини самбо сазовори унвони қаҳрамони ҷаҳон шуд.  Паҳлавони номдор дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуда,  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳоло ба номи Саидмӯмин Раҳимов гузошта шудааст.

Рахимов Саидмумин

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button