ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КҲФ АЗ ОМАДАНИ СЕЛ ДАР НОҲИЯҲОИ КӮҲИСТОН ҲУШДОР МЕДИҲАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 4 то 8-уми августи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии мамлакат, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо пешбинӣ мешавад.

Дар ин иртибот Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостааст, хеле эҳтиёткор бошанд ва аз қабл чораву тадбирҳо андешанд, то селҳо натавонанд ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишташон зарар расонанд.

Бино ба тавсияҳои ин ниҳод, селроҳаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳоро сари вақт аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то оби зиёдатӣ роҳи баромад дошта бошта бошад.

“Хуб мешуд, агар аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва чорвочаронӣ худдорӣ кунанд”, хоҳиш карда буд қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Аз ронандагон ҳам хоста буданд,  ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои селхез ҷиддан қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоянд, бахусус ҳангоми ҳаракат риояи фосила байни мошинҳо шарти муҳими бехатарист.

Дар ҳамин ҳол, бино ба пешбинии ҳавошиносон, рӯзи 5 августи соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button