ВидеоМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНӢ ВА ТИРПАРРОНӢ ДАР НАЗДИ ИСТГОҲИ МЕТРОИ “ПРОЛЕТАРСКАЯ” ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

8 июли соли 2022 дар шаҳри Маскав дар назди истгоҳи метрои “Пролетарская” як занозании гуруҳӣ ва тирпарронӣ рӯй додааст. Пойгоҳи хабарии “Ридус” гуфт, бино ба ҳисобҳо, дар ин занозанӣ аз 10 то 20 нафар иштирок кардаанд. Видеои лаҳзаи занозаниро як зане, ки дар ҳамин минтақаи пойтахти Русия зиндагӣ мекунад, сабт ва нашр кардааст.

Дар видео дида мешавад, ки ҷавонони қиёфаашон “ғайриславянӣ” дар “Пролетарская” якдигарро латтукӯб мекунанд ва дастикам як нафари онҳо туфанчаи зоҳиран травматикиро бароварда, ба тарафи муқобил чанд тир мекушояд.

Хабари занозаниро дар пулиси Маскав низ тасдиқ карда, ба хабаргузории ТАСС гуфтаанд, ки хабар дар бораи ин муноқиша ба пулис соати 15:00 расид. Пулис муайян кард, ки муноқиша байни ду гуруҳи шаҳрвандон сар  зада, сипас ба занозанӣ бо истифода аз силоҳ печидааст.

 “Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса гуруҳи фавриву тафтишотӣ кор мекунад. Дар бораи ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат кардани кадом осебдидае гузориш нарасидааст”,— гуфтаанд ба ТАСС дар пулиси пойтахти Русия.

 “Пролета́рская” истгоҳи хатти Таганско-Краснопресненскаяи метрои Маскав буда, байни истгоҳҳои “Таганская” ва “Волгоградский проспект” дар ҳудуди ноҳияи Таганка дар ҳавзаи маъмурии марказӣ (ЦАО) ҷойгир шудааст.

“Бомдод” қаблан хабар дода буд, ки шоми 3 июли соли 2022 дар минтақаи саноатии Руднево дар шарқи Маскав байни даҳҳо муҳоҷир занозании гуруҳӣ сурат гирифтааст. Минтақаи Руднево дар ноҳияи Косино-Ухтомский, ҳамагӣ 5 километр дуртар аз МКАД ҷойгир шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, дар занозанӣ дар Руднево беш аз 60 муҳоҷир иштирок доштаанд.

Сабаби занозанӣ ҳанӯз рӯшан нест, вале бархе шоҳидон гуфтаанд,  як гуруҳи муҳоҷирон кори худро дуруст анҷом намедоданд ва гуруҳи дигар маҷбур будаанд, ки ба ҷои онҳо ҳам кор мекунанд. Ҳамин сӯитафоҳум дар мавриди тақсими ҷабҳаи кор боиси муноқиша шудааст.

Видеои лаҳзаи занозанӣ дар шабакаи “ВКонтакте” дар канали  Реутов Новокосино Косино-Ухтомский нашр шуд.

Дар видео дида мешуд, ки муҳоҷирон бо тахтаву арматура ва ҳатто бо ҷорӯб “мусаллаҳ” шуда ба тарафи якдигар чӯбу оҳану бетон ва ҳар чизи дигареро, ки рост омад, ҳаво медиҳанд. Садои яке аз иштирокчиёни занозанӣ ба гӯш мерасад, ки бо забони тоҷикӣ ҳамсафони худро ташвиқ мекунад, ки: “Бизан! Бизан!”. Бино ба хабарҳо, дар бораи ин занозании гуруҳӣ дар минтақаи саноатии Руднево ба пулиси пойтахти Русия ягон хабар нарасидааст ва дар бораи осебдидагон низ хабаре дастрас нашудааст.

Ҳоло муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳо метавонанд аз Русия ихроҷ кунанд. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи як занозании гуруҳӣ дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур дар шаҳри Амурск 82 коргари қирғиз ва 54 коргари тоҷикро аз кор ронданд.

Ҳамин тавр, додгоҳи ноҳияи Троитскийи шаҳри Маскав рӯзи 1 июни соли 2022 ҳукми ихроҷи 107  иштирокчии занозании рӯзи 1 апрел дар мавзеи Шелепихинская набережнаяи шаҳри Маскавро баровард. 23 нафари онҳо аз Тоҷикистон ва боқимондаашон аз Ӯзбекистон будаанд.

Бино ба хабарҳо, занозании гуруҳии субҳи 1 апрел байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дар маҳалли сохтмони бинои истиқоматии гаронбаҳои ЖК «Сердце столицы» аз муноқишаи ночизи байни ду муҳоҷир сар шудааст. Гуфта мешуд, ки гӯё як коргари тоҷик як коргари дигар аз Ӯзбекистонро “дурак” (“аҳмақ”) гуфтааст ва  баъди онки ин ду нафар дастбагиребон шуданд, муҳоҷирони боқимонда ҳам ба муноқиша ҳамроҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button