ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

НАВОРБАРДОРИ “КОМИССИЯИ 44” МУЯССАРИ КӮҲИСТОНӢ БА 11 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУДААСТ

Шоир ва наворбардори ҷавони зодаи Бадахшон Муяссар Саъдоншоев, мутахаллис  ба Муяссари Кӯҳистонӣ, барои ҳамкорӣ бо “Комиссияи 44”, як созмони иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ба 11 сол зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора рӯзи 5 июли соли 2022 Радиои Озодӣ  хабар дод.

Пайвандони Муяссари Кӯҳистонии 28-сола ба  Озодӣ гуфтанд, “додгоҳ ӯро ба хиёнат ба давлат гунаҳкор донист”. Вале онҳо изҳор доштаанд, аз ин ҳукм шикоят намекунанд, чунки тавони муборизаро надоранд.

Ҳукми Муяссар Саъдоншоевро рӯзи 24-уми июн дар Хоруғ эълон карда, алакай як рӯз баъди судури ҳукмаш ӯро ба Душанбе овардаанд.

Мақомот ҷузъиёти парванда ва ҳукми ин шоиру наворбардори ҷавонро то ҳол ягон шарҳ надоданд. Вале яке аз наздикони Саъдоншоев ба Озодӣ гуфт:  “Дар мурофиа гуфтанд, ӯ гуё ҷаласаҳои “Комиссияи 44”-ро ба навор гирифта, дар Интернет паҳн кардааст. Рӯзи 25-уми июн ба Душанбе бурданд.”

“Комиссияи 44” моҳи ноябри соли 2021 аз ҷониби тазоҳургарон дар Хоруғ бо мақсади аз номи онҳо бо мақомот музокирот бурдан ва назорати иҷрои талаботи онҳо ташкил шуда буд. Он вақт тазоҳургарон танҳо баъди гирифтани ваъдаи бо муҳру имзои мақомот дар мавриди ёфтан ва ба ҷавобгарӣ кашондани афроди гунаҳкор дар қатли Зиёбеков ва ду сокини дигари Бадахшон хона ба хона пароканда шуданд.

Вале то имрӯз барои марги он се сокини Бадахшон касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Моҳи майи соли 2022 мақомот эътирозҳои нав дар Бадахшонро бо истифода аз нирӯ саркӯб карданд. Дар натиҷа, беш аз 40 нафар кушта ва беш аз 120 тани дигар дастгир карда шуд. Дар ҷараёни амалиётҳои вижаи мақомот дар моҳҳои май ва июн 12 лидери ғайрирасмии ин вилояти мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистон ҳам боздошт ваё кушта шуданд.

Моҳи май дар умум 13 узви “Комиссияи 44” дастгир гардида, аз ин шумор 9 нафарашро дар аввали моҳи июн аз Хоруғ ба Душанбе, ба боздоштгоҳи КДАМ интиқол доданд. Дар байни онҳо Фаромӯз Иргашов, Хурсанд Мамадшоев, роҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир ва узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Манучеҳр Холиқназаров, Музаффар Муборакшоев, Бахтовар Бахтиёров, Шафтолу Бекдавлатов ва Хуҷамрӣ Пирмамадов низ буданд.  Бекдавлатов ва Пирмамадов ахиран дар Душанбе ҳар кадом ба 18 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ онҳоро дар ташкили фаъолияти созмони ҷиноятӣ ва дарёфти кумаки молиявӣ аз хориҷа гунаҳкор донистааст. Хуҷамрӣ Пирмамадов вазифаи сухангӯи “Комиссияи 44”-ро ҳам иҷро мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button