ВидеоИқтисод

ИДОМАИ УФТИ ҚУРБИ ДОЛЛАРУ ЕВРО ДАР ТОҶИКИСТОН. ЧАРО НАРХҲО НАМЕФАРОЯНД?

Қурби евро дар Тоҷикистон дар ҳафтаи ҷорӣ бори аввал аз ҳадди 11 сомонӣ ва қурби доллар низ бори аввал дар чанд соли охир  аз ҳадди даҳуним сомонӣ пойинтар рафт. Дар бозори сиёҳ ҳоло барои як доллар ҳамагӣ 9 сомонию 50 дирам то 9 сомонию 60 дирам ва барои евро як каме бештар аз 10 сомонӣ медиҳанд. Қурби рубл низ дар Тоҷикистон як хӯрда пойин рафтааст.

Бонки миллии Тоҷикистон барои муомилаҳои рӯзи 5 июли соли 2022 қурби расмии як долларро 10 сомонию 45 дирам, қурби евроро 10 сомоню 92 дирам  ва қурби 1000 рубли Русияро 176 сомонию 50 дирам муқаррар кардааст.  Рӯзи 1 июл, дар анҷоми ҳафтаи гузашта ва оғози моҳи нав қурби доллар 10,56 сомонӣ, евро 11,02 сомонӣ ва 1000 рубл 177,3 сомонӣ буд.

Қурби асъори хориҷӣ дар бонкҳо боз ҳам пойинтар аст.

Аз ҷумла “Ориёнбонк” ҳоло барои як доллар ҳамагӣ 9 сомонию 70 дирам, барои евро 10 сомонию 10 дирам ва барои 1000 рубл 168 сомонӣ медиҳад.  “Спитаменбонк” як долларо 9 сомонию 90 дирам, як евроро 10 сомонию 10 дирам ва 1000 рублро бо қурби хеле пасти 160 сомонӣ мехарад.

Ташкилоти хурди қарзии “Ҳумо”  долларро бо қурби 10 сомонӣ, евроро бо қурби 10 сомонию 20 дирам мехарад ва барои 1000 рубл 176 сомонию 90 дирам медиҳад. Бонки “Эсхата” низ долларро бо қимати 10 сомонӣ, вале евроро бо нархи 10 сомонию 25 дирам мехарад ва барои 1000 рубл 176 сомонию 50 дирам медиҳад.

Доллару евро дар 3 моҳи охир қариб 30 фоизи қурби худро дар баробари сомонӣ аз даст доданд. Ёдовар мешавем, моҳи март қурби доллар то 13 сомонӣ боло хеста, қурби евро аз 14 сомонию 30 дирам гузашта буд.

Ва аммо бар хилофи интизороти мардум, уфти башиддати қурби доллару евро боиси коҳиши нархи маҳсулот дар бозорҳо нашуд. Ин дар ҳолест, ки моҳи март маҳз боло рафтани қурби асъори хориҷӣ як сабаби умдаи боло бурдани нархҳо гуфта мешуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button