КоррупсияҲуқуқи инсон

АДВОКАТ БАҲРОМ МАЪРУФОВ БА ГИРИФТАНИ 4 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 4 июли соли 2022 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба додгоҳ супурдани парвандаи ҷиноятии Баҳром Маъруфов, адвокати собиқадори коллегияи адвокатҳои “Суғд” хабар дод.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Маруфов Баҳром Муқумович дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои “Суғд” кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани ақди никоҳи ӯ ва ҳамсараш маблағи 4000 сомонӣ талаб менамояд.   Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Маруфов Б.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ёфта, гирифта шуд”.

  Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Маруфов Баҳром бар асоси моддаи 247, қисми 2, бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 Ба Баҳром Маъруфов бар асоси ин банди қонун барои қаллобӣ ҳамчун ҷазо аз 2 то 5 соли зиндон ваё (дар сурати ҷуброни пурраи зарар) ҷарима ба маблағи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ, ё беш аз 6 доллар) таҳдид мекунад.

Баҳром Маъруфов 19 январи соли 1963 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, солҳои зиёде боз ҳамчун вакили мудофеъ кор мекард.

Назари худи Баҳром Маъруфов ва наздиконаш ба ин парванда ҳанӯз дастрас нест. Вале дар солҳои гузашта дар Тоҷикистон чандин ҳолати ба нишони интиқом барои фаъолияти касбиашон зиндонӣ кардани адвокатҳо сабт шудааст. Шуҳрат Қудратов, яке аз онҳост, ки баъди раҳоияш аз маҳбас ба Русия рафт. Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов аз соли 2015 ба ин тараф, инак қариб 7 сол боз дар маҳбасанд.

Ба сурати умум, адвокатҳо дар низоми адлияи Тоҷикистон аз салоҳиятҳои чандоне бархӯрдор нестанд ва бештар ба хотири машрӯият бахшидан ба ҳукми додгоҳҳо истифода мешаванд. Ҳамин тавр, муфаттишон ва додрасҳои фасодзада  вакилони мудофеъро дар бисёр ҳолатҳо ҳамчун миёнарав барои гирифтани пора аз наздикони маҳкумшавандагон истифода мебаранд.

Аммо мавридҳое, ки вакилони мудофеъ битавонанд ба сафед кардани нафарони таҳти ҳимояти худ ноил шаванд, дар таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон ангуштшумор аст.

Баҳром Маъруфов
Нуриддин Маҳкамов ва Бузургмеҳр Ёров

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button