ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ТАФСИЛОТИ КУШТОРИ ЛИДЕРҲОИ ҒАЙРИРАСМИИ БАДАХШОН ХУРСАНД МАЗОРОВ ВА ЗОИР РАҶАБОВ

Рӯзи 12 июни соли 2022 дар ҷараёни як амалиёти вижа дар микрорайони УПД (Тирчид) дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  чанд нафар, аз ҷумла ду лидери ғайрирасмии ин минтақаи мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистон – Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов кушта шуданд. Ин хабарро ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” се манбаи алоҳида тасдиқ карданд.

Яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод” дар мақомоти қудратӣ хабар дод, ки Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов ҳангоми амалиёти боздошташон муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд ва ба ин далел, аз байн бурда шуданд.

Манбаи дигар хабар дод, ки бино ба иттилои дарёфтии ӯ, ҳамроҳи ин ду лидер дастикам ду нафар аз хешовандон ё тарафдорони онҳо низ тир хӯрдаанд, вале дар бораи вазъи саломатии онҳо маълумоти дақиқе дастрас нашудааст.

Қаблан сокинони Хоруғ хабар доданд, ки нирӯҳои қудрати маҳаллаи УПДро муҳосира гирифта, тамоми роҳҳои ба тарафи онро бастаанд ва афроди ниқобпӯш хона ба хона гашта, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабовро ҷустуҷӯ доранд. Ба гуфтаи сокинон, аз ҷониби УПД садои тирпарронӣ ҳам ба гӯш мерасид, вале ба сабаби баста будани роҳҳо душвор буд муайян кардан, ки онҷо чӣ мегузарад?

Ёдовар мешавем, як рӯз қабл ду лидери дигари ин минтақа Мунаввар Шанбиев ва Толиб Аёмбековро дастгир карданд.

Манобеи “Бомдод” гуфтанд, ки Толиб Аёмбеков  ва Мунаввар Шанбиев субҳи 11 июн барои “суҳбат” ба мақомот даъват шуда буданд, вале дигар барнагаштанд. Ба дунбол сокинони Хоруғ аз тирпаррониҳо дар маҳаллаи Хлебзавод, аз ҷумла дар наздикии тарабхонаи дар Хоруғ машҳури “Марко Поло”, ки дар ҳамсоягии хонаи Аёмбеков ҷойгир шудааст, хабар доданд. Сокинон ҳамчунин хабар доданд, ки нирӯҳои “Алфа” ва дигар воҳидҳои вижа роҳҳои ба тарафи ин қисмати Хоруғро масдуд кардаанд. Баъдан хабар омад, ки мақомот Ниёзшо Гулобов, як сокини маҳаллаи Бизмичи шаҳри Хоруғро, ки дар байни ҷавон нуфузи зиёд дошт, низ дастгир кардаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  нимаи дуюми рӯзи 11 июн аз қавли ситоди байниидорави  таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздошти се лидери ғайрирасмии ин минтақа – Толиб Аёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Ниёзшо Гулобовро расман тасдиқ кард. Ситоди байниидоравӣ онҳоро “саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ” ном бурда,  гуфт, ки ин се нафар рӯзи 11 июн дар натиҷаи амалиёти махсус дастгир гардида, ба ҳабс гирифта шудаанд.

Ситоди байниидоравӣ, ки дар Бадахшон аз тирамоҳи соли 2018 амал мекунад, гуфт, Аёмбеков, Шанбиев ва Гулобов ба даст доштан дар як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ айбдор мешаванд.

Хурсанд Мазоров, Зоир Раҷабов ба мисли Мунаввар Шанбиев ва Толиб Аёмбеков аз шумули 7 лидери ғайрирасмии Бадахшонанд, ки моҳи октябри соли 2018 бо имзои протоколҳои вижа бо мақомот тааҳҳуд супорида буданд, ки силоҳҳои худро супурда, дигар қонуншиканӣ намекунанд.

Аз ин 7 лидер Мамадбоқир Мамадбоқиров рӯзи 22 май кушта шуд ва Амриддин Аловатшоевро аз Русия оварда, дар Душанбе ба 18 соли зиндон маҳкум карданд. Мунаввар Шанбиев ва Толиб Аёмбеков дастгир ва Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов кушта шуданд. Ба ин тартиб, аз лидерҳои бонуфузи Бадахшон танҳо Ёдгор Мамадасламов боқӣ мемонад, ки ӯ на дар шаҳри Хоруғ, балки дар деҳаи бо шаҳр ҳамсояи Поршиневи ноҳияи Шуғнон зиндагӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ниҳодҳои давлатии Бадахшон ба “Бомдод” гуфт, мақомоти қудратӣ бо Ёдгор Мамадасламов мушкил надоранд.  Ба гуфтаи ин  ҳамсуҳбати мо, “Ёдгор кайҳо боз аз фаъолиятҳои зиддиҳуқуқӣ даст кашида, дигар ба ягон кор дахолат намекунад ва ба мисли як шаҳрванди оддӣ ҳаёти муқаррариро ба сар мебарад”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button