МуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ЯК ҶАВОНИ ТОҶИКРО АЗ ЛАҲИСТОН (ПОЛША) БА ТОҶИКИСТОН ИСТИРДОД МЕКУНАНД

Рӯзи 10-уми июни соли 2022 додгоҳи минтақаи Пшемишли Лаҳистон (Полша) ҳукми истирдоди як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро содир кардааст. Дар ин бора пойгоҳи хабарии тоҷикии “Азда ТВ”, қароргоҳаш дар Варшава, пойтахти  Лаҳистон хабар дод.

Анвар Деркач, раиси Созмони “Рука и Допомоги+”-и Украина, ки ин созмон қаблан аз ҳуқуқи ин ҷавони тоҷик дар Украина ҳимоят мекард,  ба “Азда ТВ” гуфт, ин шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон, ки исмаш ба далоили амниятӣ зикр нашудааст, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳҳои ифротии ДОИШ ва Алқоида  таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст.

Анвар Деркач гуфт, ки рӯзи 10 июн ӯ дар додгоҳ ширкат дошт, вале қозии додгоҳ шаҳодати ӯро ба эътибор нагирифт ва ба далелҳои ӯ ба ҳимоят аз ин ҷавони тоҷик гӯш надод.

Ҷаноби Деркач мегӯяд,  ин ҷавони қаблан дар Украина ҳам бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда, додситонии Украина барои истирдоди ӯ розигӣ дода буд, вале созмони “Рука и Допомоги+” аз ҳуқуқи ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина ҳимоят кард ва баъд аз шикоят ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо, ин додгоҳ монеъи истирдоди ин шаҳрванди Тоҷикистон гашт.

Ин ҷавон то замони ҳамлаи Русия ба Украина ӯ ҳамроҳи зан ва ду фарзандаш дар Украина зиндагӣ мекард ва баъди шурӯи ҷанг ба Лаҳистон паноҳ овард ва инҷо аз нав дастгир шуд.

Ба “Aзда ТВ” муяссар шудааст, ки бо модари ин ҷавони тоҷик низ суҳбат кунад.

Нашрия ӯро шартан Сония ном бурда, навиштааст, ки ин зан аз хонаводаи таҳсилкарда аст ва худаш низ дар донишгоҳи тибби Душанбе дарс хонда, хатмкардаи Коллеҷи тиббӣ мебошад ва дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Relief International” ва “Наҷоти кӯдакон” кор кардаст. Ӯ писарашро бегуноҳ ва иттиҳомоти эълоншуда алайҳи  ӯро беасос медонад.

Хонум Сония ба  Азда ТВ гуфт, ки писараш мутаваллиди соли 1993 буда, коллеҷи Ҳоҷӣ Камолро бо баҳои аъло хатм кардааст. Ин ҷавон баъди хатми литсейи туркӣ соли 2011 ба Донишгоҳи  кимиёву дорусозии шаҳри Санкт-Петербурги Русия дохил шуда, то соли 2014 дар ин донишгоҳ таҳсил кардааст, вале, ба гуфтаи модараш, баъдан ба далели мушкилоти иқтисодӣ донишгоҳро тарк карда, ба Туркия рафтааст. Баъд аз кӯшиши нокоми табаддулоти давлатии моҳи июли соли 2016 дар Туркия, ки масъулияташро ба дӯши ҷонибдорони Фатҳулло Гулен бор карданд,  ин ҷавони тоҷик аз тарси таъқиб ҳамроҳи зану фарзандаш аз Туркия ба Украина паноҳ  овард ва фарзанди дуюмаш дар ҳаминҷо ба дунё омад.

Модари ӯ мегӯяд, агар даъвои мақомот дуруст бошад, ки писари ӯ дар суфуфи гурӯҳои ифротӣ будааст, пас чӣ гуна дар ин замон ҳамсараш аз ӯ соҳиби фарзанд шудааст? Хонум Сония аз ҳукумати Лаҳистон хост, ки парвандаи фарзандашро одилона баррасӣ карда, аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд. Ӯ мутмаин аст, ки дар сурати истирдод, ба писараш дар Тоҷикистон ҳабси тӯлонӣ, азияту шиканҷа ва ҳатто марг таҳдид мекунад.

Анвар Деркач аз қавли Петр Сура, вакили дифои ин шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон гуфт, додгoҳи шаҳри Пшемишл ҳукми қаблии Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо барои манъи истирдоди таҳти ҳимояи ӯ аз Украинаро ба эътибор нагирифт ва ҳукми истирдоди ин ҷавони тоҷикро баровард.

Ҷаноби Деркач аз он нигаронӣ кард, ки додгоҳи Лаҳистон бадтар шудани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва саркӯбҳои ахир дар Бадахшонро нодида мегирад. “Барои пешгирӣ аз истирдоди ин шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба Додгоҳи Ҳуқуқи башари Аврупо шикоят бурд”,- мегӯяд ӯ.

Кишварҳои Аврупо дар солҳои охир даҳҳо паноҳҷӯи тоҷикро ихроҷ (депортатсия) кардаанд, вале мавридҳои истирдоди шаҳрвандони тоҷик ба Тоҷикистон аз Аврупо ангуштшуморанд.

Соли 2020 Австрия Ҳизбулло Шовализодаро ба Тоҷикистон истирдод кард ва ӯро дар Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум карданд. Он вақт Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки ба Душанбе муяссар шудааст, ки ба истирдоди 4 нафари таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ аз кишварҳои Аврупо ноил шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button