ВидеоҶомеа

БОЗДОШТИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 9 БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ЯК МАРДИ МАРИЗ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 1 июни соли 2022 хабар дод, ки дар пайи таҳқиқи навори латтукӯби як марди калонсон аз ҷониби наврас ҳамаи иштирокчиёни он ҳодиса муайян карда шуданд. Бино ба иттилои мақомоти милитсия, марди латтукӯбшуда Қосимов Собир, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Лоҳутии ноҳияи Дӯстӣ ва гирифтори бемории рӯҳӣ  будааст. Наврасе, ки ӯро латукӯб кард, ва дигар шахсони дар навор инъикосшуда хонандагони синфи 9-уми мактаби миёнаи №6-и ноҳияи Дӯстӣ мебошанд.
“Зимни санҷиш ошкор гардид, ки ҳодисаи мазкур дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастааст. Қосимов Собир дар роҳ бо алфози қабеҳ ба наврасон ва яке аз толибилмон таҳқиру дашном медиҳад, ки боиси лату кӯби ӯ аз ҷониби он наврас мегардад.
Шахсияти ҳамаи он нафароне, ки дар ин муноқиша ширкат намуданд, муайян ва бо ҳамроҳии волидайнашон ба шуъбаи
милитсия дар ноҳияи Дӯстӣ дастрас карда шуданд. Оид ба ин ҳодиса маводи лозима тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад”, хабар додааст ВКД.

Нашри видеои латтукӯби як марди солхӯрда аз ҷониби як  наврас дар шабакаҳои иқтимоӣ мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овард ва бисёриҳо аз мақомот хостанд, то ин наврасони беадабро муайян карда, чунон адаб бидиҳанд, ки ҳам барои ӯву ҳам барои он тамошобинҳои фориғбол дарс шавад.

Дар сабт дида мешуд, ки дар кӯча як нараси дар тан куртаи сафеду шими сиёҳ аз гиребони як марди калонсоли дар танаш либоси фақирона, ки ба синну сол шояд ҳамсоли падари он ҷавон бошад, гирифтааст. Ин ҷавон баъди чанд калима радду бадал он марди калонсолро, ки, тавре ба назар мерасид, мариз низ ҳаст,  дашноми қабеҳ дода, сипас ба сару рӯяш борони муштро рехта, ӯро аз пой меафтонад, вале баъди дар рӯи замин афтидани марди калонсол ҳам латтукӯби бераҳмонаи ӯро идома медиҳад.

Дар сабт дида мешуд, ки ин лаҳзаҳои латтукӯби марди калонсолро чанд ҷавони дигар тамошо доранд, вале ҳеҷ кадоми онҳо дар байн намедарояд, то он мардро аз зери борони мушту шаппотии  ин ҷавон халос кунад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостаанд,  то ин ҷавони беадабро дода, хуб адаб бидиҳанд, ки ҳам барои ӯву ҳам барои он тамошобинҳои фориғбол дарс шавад.

Корбарон менависанд, чунин бадрафторӣ нисбат ба марди калонсол дар ҷомиаи Тоҷикистон, ки дар гузашта эҳтироми калонсолонро ҳамчун як арзиши суннатӣ арҷ мегузошт, аз уфти арзишҳои ахлоқии ҷомиа ва суст шудани сатҳи одобу ахлоқи насли ҷавон дарак медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button