ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

5 ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛМОН БО ҶУРМИ ҲАМКОРӢ БО ДОИШ МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУДАНД

Рӯзи 31 майи соли 2022 додгоҳи олии устони Рейни шимолӣ-Вестфалия дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон 5 зодаи Тоҷикистон: Комрон Б., Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодшоҳ К. ва Сунатулло К. –ро, ки  аз 25 то 34 сол доранд, бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони террористии ДОИШ ва омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ аз номи ДОИШ дар Олмон ба муҳлати аз 3 солу 8 моҳ то 9 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон кард.

Аз ҷумла Суннатулло К. ба харидани силоҳ, ҳамкорӣ бо ДОИШ ва қасди куштани як паноҳҷӯи эронӣ, ки Худоро инкор мекард, ба 9 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуда,  Фарҳодшоҳ К.  бо ҷурми интиқоли пул ба ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия ва қасди куштани як соҳибкори албанӣ ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Раҳбари ин гуруҳ Равшан Б. ҳанӯз моҳи марти соли 2019 дастгир ва моҳи январи соли 2021 ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бақияро моҳи апрели соли 2020 дастгир карданд. Яке аз онҳо Комрон Б.  дар Албания дастгир шуд ва моҳи майи соли 2020 аз онҷо ба Олмон истирдодаш карданд.

Муҳокимаи парвандаи ин 5 нафар дар Дюсселдорф аз 19 майи соли 2021 оғоз ёфта буд.

Муҳокимаи парвандаи ин 5 нафар дар Дюсселдорф аз 19 майи соли 2021 оғоз ёфта буд.

Назари худи маҳкумшудагон ва вакилони онҳо ҳанӯз дастрас нашудааст. Қаблан наздикони онҳо гуфта буданд, ки ин бачаҳои тоҷик дар Олмон ба харидуфурӯши мошин ва қисмҳои эҳтиётии мошин машғул буданд.

Қаблан гуфта мешуд, ки нақши асосиро дар ин гуруҳ Равшан ва Азизҷон иҷро мекарданд. Ҳардуи онҳо, ба гуфтаи тафтишот, бо намояндагони баландпояи ДОИШ дар Афғонистону Сурия, аз ҷумла бо Арсен М. ном зодаи Доғистон бо лақаби Абӯ Фотима иртибот доштаанд.

Бар асоси маводи парванда, аъзои дигари гуруҳ дар аввали соли 2019 ба Равшан Б. пайваста, шуъбаи ДОИШ бо номи “Тақим”-ро ташкил кардаанд.  Онҳо дар аввал нақша кашидаанд, ки ба ватани худ Тоҷикистон баргашта, ба зидди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ДОИШ “ҷиҳод” эълон кунанд. Вале “Абӯ Фотима”, ки яке аз эмиссарҳои калидии ДОИШ дониста мешавад,  баъдан ба шуъбаи тоҷикии ДОИШ дар Олмон амр додааст, ки рӯи анҷоми ҳамлаҳо дар қаламрави Олмон тамаркуз кунанд.

Онҳо аз ҷумла имкони ҳамла ба пойгоҳҳои ҳавоии Амрико дар Олмонро меомӯхтанд ва ҳамчунин нақшаи куштани як блогери эрониро, ки ба дини масеҳӣ гузашта, аз Ислом дар Интернет танқид мекард, кашида будаанд. “Иншоаллоҳ, ҳама кореро, ки аз дастамон биояд, мекунем”, –  иқтибос оварда буд нашрияи немисии Die Welt аз посухи Равшан ба амри “Абӯ Фотима”. 

Шуъбаи тоҷикии ДОИШ дар Олмон баъди боздошти раҳбараш Равшан Б. дар моҳи марти соли 2019 низ фаъол боқӣ монд. Ба ақидаи тафтишот, баъди дастгир шудани ӯ роҳбарии шуъбаро Фарҳодҷон К. ба даст гирифта, шеваи кори гуруҳро тағйир дод. “Айбдоршавандаҳо баъди ин ба таблиғи мусалмонони ҷавон дар Олмон ва ҷалби онҳо ба саффи ДОИШ, пеш аз ҳама, ба ҷамъоварии кумаки молиявӣ барои ин созмон, ки он вақт алакай дар Сурия шикаст хӯрда буд, тамаркуз карданд “, – гуфта мешавад дар айбномаи ниҳоии додситонӣ. Тафтишот аз ҷумла муайян кардааст, ки Фарҳодҷон тавассути Туркия барои ДОИШ ба Сурияву Ироқ маблағҳои бузург мефиристод. Дар баробари ин, Азизҷон Б. бо супориши роҳбарони ДОИШ  чанд канали таблиғотии ин созмони террористиро дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун маъмур мечархонд.

Тафтишот мегӯяд, аъзои ин гуруҳ ба хотири ҷамъ овардани пули бештар барои “бародарон”-ашон аз ДОИШ куштори фармоишии як тоҷир аз Албанияро ҳам ба дӯш гирифта, аз фармоишгар барои куштани ин тоҷири албанӣ 40 ҳазор доллар талаб кардаанд. Равшан Б. ва як узви дигари гуруҳ роҳии Албания шуда, дар роҳ дар Австрия аз миёнаравҳои чечен силоҳ бо садозудо (глушитель) низ харидаанд. Дар Албания онҳо аз паси он тоҷир хеле пайгирӣ кардаанд, вале дар охирин лаҳза қотилон шубҳа кардаанд, ки оё ҳадафро дақиқ кардаанд ё на? Ва ба ин далел аз иҷрои фармоиш худдорӣ кардаанд.

Пулиси Олмон ҳангоми кофтукоб аз манзилҳои тоҷикони дастгиршуда силоҳу тир ва ҳамчунин нақшаи сохтани маводи тарканда ва бархе ашёи лозим барои сохтани бомбро пайдо карданд. Ҳамсари яке аз онҳоро хоҳиш кардаанд, ки роҳҳои сабти ном ба дарсҳои парапланеризмро биомӯзад. Тафтишот бар ин гумон аст, ки онҳо шояд роҳҳои мумкини анҷоми ҳамлаҳои ҳавоиро низ меҷустанд.

Аъзои гуруҳ, ба гуфтаи тафтишот, тавассути бозии пейнтбол тарзи истифодаи силоҳро меомӯхтанд. Рӯзномаи олмонии Express  бо такя ба маводи парванда аз Комрон Б. иқтибос меорад, ки гуфтааст: “Мусалмонон бояд доим машқ кунанд, токи барои нобуд кардани тамоми кофирон омода бошанд.” Комрон Б. ҳамчунин анҷоми ҳамлаҳои ғофилгиронаро пешниҳод карда, гӯё гуфтааст, ки “омода аст, худи пагоҳ ҳамсояҳои худро бикушад.”

Қиссаи Комрон Б. ба сари худ як достони алоҳида аст. Дар моҳи октябри соли 2019 мақомоти Олмон  ба далели инки барои амнияти миллии ин кишвар таҳдид ба бор меорад,  дархости паноҳандагии Комронро рад карда, ӯро ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд. Дар Душанбе ӯро дастгир карданд, вале шариконаш 7 ҳазор евро дода, ӯро халос карданд. Комрон Б. баъди озод шуданаш боз ба Аврупо баргашт ва инбор дар Албания муқим шуд. Ӯро дар моҳи апрели соли 2019 дар Албания дастгир карданд ва ба Олмон супурданд.

Як вижагии мурофиае, ки дар Дюсселдорф шурӯъ мшавад, ба ақидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Олмон, ин кашфи шабакаи бузурги байналмилалии тамос байни террористҳост. Аъзои шуъбаи тоҷикии ДОИШ дар Олмон аз ҷумла тавассути мессенҷери Telegram  бо террористҳое, ки дар Вена ва Стокҳолм ҳамлаҳои террористӣ анҷом дода, мутаносибан 4 ва 5 нафарро куштанд, робитаҳои наздик доштаанд.

Вижагии дигари ин парванда дар он аст, ки мақомоти амниятии Олмон бори аввал бо падидаи ифротгарии исломӣ аз Тоҷикистон рӯбарӯ шуданд. “Немецкая волна”  менависад, зодагони Тоҷикистон, барои мисол, полковник Гулмурод Ҳалимов, кайҳо боз дар фаъолияти ДОИШ нақши муҳим бозӣ мекунанд, вале то кунун дар Олмон террористҳои тоҷик ба чашм намехӯрданд.

Ба тафтиши ин парванда дар оғоз  як силсила омилҳо, аз ҷумла камбуди тарҷумонҳо барои аз тоҷикӣ ба немисӣ тарҷума кардани шумори бузурги адабиёту аснод ва мукотибаи байни аъзои гуруҳ монеъ мешуд. Вале бино ба иттилои “Немецкая волна”, ба тафтишот худи роҳбари ифротиҳои тоҷик Равшан Б. кумак кард ва дар бораи шариконаш маълумоти кофӣ дод. Зоҳиран ба далели ҳамкориаш бо тафтишот равшан Б. бо вуҷуди ин ҳама иттиҳомоти сангини терроризм бо ҳамагӣ 7 сол ҳукми зиндон халос хӯрдааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button