ВОКУНИШҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА РӮЙДОДҲОИ БАДАХШОН: АЗ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ ТО ДАЪВАТ БА ҚАТЪИ САРКӮБ ВА ШУРӮИ МУЗОКИРОТ

Бо зӯр саркӯб кардани эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар шуд, мавҷи вокунишҳоро дар ҷомиаи байналмилалӣ ба бор овардааст. Аксари кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони қурбониён аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки истифодаи нирӯро қатъ карда, пеши роҳи ташаннуҷи буҳронро бо роҳҳои осоишта, аз ҷумла бо роҳи муколама, бигирад.

Аз ҷумла Департаменти давлатии Амрико дар изҳороташ гуфт: “Мо аз кушта шудани одамон дар задухӯрдҳои шадид дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори андӯҳ мекунем ва ҳамаи тарафҳоро ба оддӣ сохтани вазъ даъват мекунем. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, то хештандории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, риояи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуотро таъмин кунад”.

Вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон аз 14 май рӯ ба ташаннуҷ овард. Мақомот эътирозгаронро “аъзои мусаллаҳи гуруҳҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ ва террористӣ” меноманд, ки ба иддаои мақомот, таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии сиёсатмадори мухолиф Алим Шерзамонов, полковники қӯшунҳои марзбонӣ Холбаш Холбашев, ҳамсари собиқи ӯ ҳомии ҳуқуқи инсон Улфатхоним Мамадшоева ва яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров амал мекунанд.

Мақомот аз 18 май дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон ба “амалиёти зиддитеррористӣ” оғоз карданд. Бино ба хабарҳо, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. ВКД Тоҷикистон то кунун ҳалокати 10 нафар, аз ҷумла як афсари “Алфа”, ҷароҳат бардоштани беш аз 30 нафар, аз ҷумла 16 тан аз кормандони мақомот ва боздошти 114 тан аз иштирокчиёни фаъоли нооромиҳои ахирро тасдиқ кардаанд. Вале сокинон шумораи кушташудаҳоро хеле бештар меноманд ва мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ болои мардуми бесилоҳ тир кушоданд. ВКД мегӯяд, дар ҷараёни амалиёти ягон сокини осоишта осеб надидааст.

Дар зер бархе баёнияҳои байналмилалӣ пиромуни вазъи Бадахшонро меорем:

Изҳороти Департаменти давлатии Амрико:

“Мо аз кушта шудани одамон дар задухӯрдҳои шадид дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори андӯҳ мекунем ва ҳамаи тарафҳоро ба оддӣ сохтани вазъ даъват мекунем. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, то хештандории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, риояи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуотро таъмин кунад”.

Изҳороти сафорати Швейтсария:

20.05.2022

Сафорати Швейтсария дар Тоҷикистон бо қароргоҳаш дар Нур-Султон ва Дафтари ҳамкории Шветйсария дар Душанбе дар робита ба ташаннуҷи дохилӣ ва задухӯрдҳои хушунатомез дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронии амиқ мекунанд.

Мо аз ҳамаи тарафҳо даъват мекунем, кӯшишҳои худро барои намоиши хештандорӣ дареғ надоранд ва аз истифодаи беш аз ҳадди неру ва таҳрик ба хушунат худдорӣ кунанд.

Мо аз ҳукумати ҶТ даъват мекунем, то қатъиян тибқи уҳдадориҳои кишвар дар бобати ҳуқуқи инсон амал намудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқашро таъмин кунад. Мақомоти Тоҷикистон бояд озодии сухан ва дастрасӣ ба маълумот, аз ҷумла ба интернет ва ҳуқуқи мардум ба эътирозҳои осоиштаро риоя кунанд.

Мо аз ҳалокати одамон изҳори андӯҳи амиқ мекунем ва ба хонаводаҳои қурбониён самимона изҳори ҳамдардӣ мекунем. Дар анҷом мо ҳама тарафҳоро ба муколамаи одилона ва оддӣ сохтани вазъ даъват мекунем.

https://www.eda.admin.ch/countries/tajikistan/en/home/news/news.html/content/countries/tajikistan/en/meta/news/2022/May/internal-tensions

Изҳорати вазорати хориҷаи Туркия

https://www.mfa.gov.tr/no_-168_-tacikistan-in-daglik-badahsan-ozerk-bolgesinde-meydana-gelen-olaylar-hk.en.mfa

“Рӯйдодҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистони бародарро, ки мутаассифона, боиси ҳалокату захмӣ шудани одамон, аз ҷумла дар байни нирӯҳои қудратӣ шуд, бо ташвиш пайгирӣ дорем.

Мо умедворем, ки дар кишвар дар зудтарин фурсат сулҳу субот барқарор хоҳад шуд.

Барои кушташудаҳои раҳмати Аллоҳро мехоҳем ва ба хонаводаҳои онҳо ва ба мардуми бародари Тоҷиктстон изҳори ҳамдардӣ карда, ба маҷруҳон шифои ҳарчӣ зудтар металабем.”.

ИЗҲОРИ НИГАРОНИИ ДАБИРИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛ АЗ ВАЗЪИ БАДАХШОН

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз вазъи пешомада дар Тоҷикистон нигарон шудааст ва ҷараёни ҳодисотро пайгирӣ мекунад. Дар ин бора рӯзи 19 майи соли 2022  дар брифинг дар Ню Йорк ба журналистон сухангӯи дабири кулли Созмони Милал Стефан Дуярич хабар дод.

Дабири кулл аз гузоришҳои расида дар бораи афзоиши ташаннуҷ ва хушунатҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла аз хабари кушта шудани мардум, изҳори нигаронӣ мекунад. Дабири кул ба хештандорӣ ва анҷоми талошҳо барои бо роҳҳои сулҳомез ҳал кардани вазъияти пешомада даъват мекунад. Созмони Милал вазъро пайгирӣ хоҳад кард”, – гуфт Дуярич.

ДИПЛОМАТИ БАЛАНДПОЯИ СММ АЗ ТОҶИКИСТОН ХОСТ, БА САРКӮБ ДАР БАДАХШОН ХОТИМА ДИҲАД

Гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар умури ақаллиятҳои миллӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба қавли ӯ, ба саркӯби ақаллияти помирӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хотима диҳад.

Фернанд де Вареннес ҳушдор додааст, ки фурӯ нишондани тазоҳурот бо амалиёти, ба гуфтаи мақомот, “зиддитеррористӣ” метавонад, сабаби нооромиҳои васеътару хушунатбортар шавад.

Дар баёнияе, ки рӯзи 20-уми май Созмони Милал нашр кард, омадааст: “Вокуниши сахти давлат барои поён додан ба тазоҳуроти ақаллияти помирӣ аз роҳи боздошт, истифодаи беш аз ҳад ва ғайриқонунии нерӯ ва бо ҷалби номутаносиби артиш бисёр озордиҳанда аст.”

Фернанд де Вареннес ҳамаи тарафҳоро ба хештандорӣ даъват кардааст, то ба гуфтаи ӯ “вазъ аз назорат хориҷ нашавад.” Гузоришгари Созмони Милал аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, бо намояндагони мардуми Бадахшон вориди муколамаи бозу созанда шавад, барои пешгирӣ аз муноқиша ва муҳофизати ақаллияти помирӣ чораҳое биандешад, ки мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бошанд.

Дар баёнияи Созмони Милал омадааст, ки манобеи муътамад теъдоди кушташудагонро дар Хоруғ бештар аз 40 нафар гуфтаанд.

Дар баёнияи гузоришгари Созмони Милал омадааст: “Ман аз гузоришҳои расида баъди амалиёти зиддитеррористии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар посух ба тазоҳуроти помириҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки сабаби талафоти зиёд дар байни помириҳо шуд, ваҳшатзада шудаам.”

Фернанд де Вареннес аз он изҳори таассуф кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҳушдорҳо ва тавсияҳои гуруҳи коршиносони Созмони Милал барои пешгирӣ аз нооромиҳо таваҷҷуҳ накардааст. Дар баёния аз нооромиҳои соли 2021 дар Бадахшон ёдоварӣ шудааст ва гузоришгари Созмони Милал гуфтааст, “мутаассифона, ҳукумати Тоҷикистон ба номаҳои мо посух надод ва танишҳое, ки моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон авҷ гирифтанд ва ба миқёси васеътару хатарноктаре расиданд.”

НИГАРОНИИ АМИҚИ САФОРАТҲОИ ҒАРБӢ АЗ ВАЗЪИ БАДАХШОН ВА ДАЪВАТ БА СУЛҲУ ОШТӢ

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Сафоратҳои Фаронса, Олмон, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шоми 18 май дар як изҳороти муштарак  аз гузоришҳо оиди вазъи муташанниҷ ва даргириҳои хушунатомези дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронии амиқ карданд.

“Мо даъват аз ҳамаи тарафҳо менамоем, то дар роҳи паст намудани шиддати вазъият қуввату ғайрати худро дареғ надоранд, таҳаммул пеша намоянд, инчунин аз истифодаи бемеъёри қувва ва даъват ба зуроварӣ даст кашанд. Мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба рӯй меоварем, то бо риояи қатъии волоияти қонун амал намудан, инчунин меъёрҳои эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро ҳатто дар ҳолатҳои бӯҳронии марбут ба амният риоя намудан аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда шавад. Таҳдид ва таъқиби арзшудаи шаҳрвандон ва рӯзноманигорон ва маҳдудияти васеи маъмули дастрасӣ ба иттилоот дурнамои коҳиши босуръати шиддат ва бозгашт ба тартиботи муқаррариро халалдор мекунад.Аз талафоти ҷонӣ сахт дар таассуф ҳастем ва ба аҳли оилаҳо изҳори ҳамдардии самимӣ менамоем. Ҳамдардии мо ба маҷрӯҳшудагон аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ равона шудааст”, – гуфта мешавад дар изҳороти дипломатҳои ғарбӣ.

Дар анҷоми изҳорот сафоратҳои ғарбӣ аз ҳамаи тарафҳо даъват кардаанд, “то ба муоширати софдилона ва роҳи зудтари оромии вазъият рӯй биоваранд”.

https://www.eeas.europa.eu/delegations/tajikistan/joint-statement-developments-gbao_en?page_lang=en&s=228

ДИДБОНИ ҲУҚУҚИ БАШАР:  ҲУҚУҚИ СОКИНОНИ БАДАХШОН БОЯД ЭҲТИРОМ КАРДА ШАВАД!

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch, HRW) рӯзи 18 майи соли 2022 дар як изҳороти вижа аз афзоиши танишҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон ва истифодаи хушунат дар пайи эътирозҳо ба зидди  таъқиби сокинони маҳаллӣ изҳори  нигаронии ҷиддӣ кард ва аз ҳукумат ва мақомоти амниятии Тоҷикистон хост, то ба ҳуқуқи сокинони Бадахшон эҳтиром тамом қоил шуда, ажз истифода зӯр ва нерӯ барои саркӯби эътирозҳо даст бикашанд.

Синат Султоналиева, муҳаққиқи Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд: “Ҳукумати Тоҷикистон бояд уҳдадориҳояш дар м авриди риояи ҳуқуқи мардум ба зиндагӣ, гирдиҳамоӣ ва озодии матбуотро дар ҷараёни ҳар гуна амалиёти ҳарбӣ ё амниятӣ дар ин вилояти мухтор қатъан риоя кунад. Мақомот бояд минбар барои муколамаи созанда бо эътирозгаронро фароҳам оварда, аз истифодаи беш аз ҳадди нерӯ худдорӣ кунанд ва барои тамоми афроди боздоштшуда адолати комилро кафолат бидиҳанд”.

Дидбони ҳуқуқи башар тақозо кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон бояд ба озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот, аз ҷумла ба дастрасӣ ба Интернет ва ҳуқуқи сокинон ба гирдиҳамоиҳои осоишта эҳтиром гузоранд, мавридҳои хушунат дар ҷараёни эътирозҳои ахирро тафтиш карда, гунаҳкоронро ҷазо диҳанд. Ҳамчунин аз шарикони минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон хоста шудааст, ки онҳо низ Душанберо ба иҷрои уҳдадориҳояш дар масъалаи ҳимояи ҳқуқи инсон даъват кунанд.

“Дар ҷараёни ин буҳрон ба мақомоти Тоҷикистон фавқулодда муҳим аст, ки уҳдадориҳои байналмилалии худро риоя карда, барои таъмини ҳалли ин буҳрон ба муколамаи мабнӣ бар эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо мусоидат кунанд. Пулис бояд дар муносиабт ба эътирозгарон хештандорӣ нишон дода, аз ҳамаи тарафҳои буҳрон ҳимоят кунад” – мегӯяд пажуҳишгари Дидбони ҳуқуқи башар Синат Султоналиева.

Манбаъ: https://www.hrw.org/news/2022/05/18/tajikistan-tensions-escalating-autonomous-region

https://www.ohchr.org/ru/press-releases/2022/05/tajikistan-un-expert-fears-crackdown-against-pamiri-minority-could-spiral

Изҳороти созмони International Alert аз 20 майи соли 2022

“Танишҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  барои ҳам Тоҷикистон ва ҳам барои вазъи осебпазири минтақа ташвишовар аст.

Норозигӣ ба вокуниши мақомоти қудратӣ ба ҳодисаҳои баъди ноябри соли 2021 меафзояд ва эҳтимоли воқеии афзоиши минбаъдаи хушунутҳо вуҷуд дорад. Дар шароити хушунатҳои идомадор ва масдуд кардани иттилоот таъмини амният, ҳуқуқ ва ҳаёти мардуми осоишта фавқулодда муҳим аст. Барои пешгирӣ  аз идомаи хушунатҳо ва ҳалокати мардум ҳамаи тарафҳо –  ҳама мақомоти давлатӣ дар Душанбе ва Хоруғ ва ҳам аҳолии Бадахшонро ба оддӣ сохтани вазъ, муколама ва ҳалли сулҳомези буҳрон даъват мекунем. Хушунатҳои ҳафтаи ҷорӣ бояд як бонги изтироб барои ҷомиаи байналмилалӣ дар бораи хатари афзояндаи бесуботӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ шавад”.

Изҳороти намояндаи вазорати хориҷаи Русия

Намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова рӯзи 18 майи соли 2022 дар нишасти хабариаш, ки ба шакли брифинг ҳар ҳафта барпо мекунад, мавқеи Русия дар масъалаи рӯйдодҳои ахири Бадахшонро ҳам баён дошт.

Дар анҷоми нишаст хабарнигори хабаргузории русии Интерфас аз Захарова пурсид: “Русия ба муташанниҷ шудани вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон чӣ баҳо медиҳад?”

Намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия  ҷавоб дод, ки  гузоришҳо дар бораи ташдиди вазъи Бадахшон Маскавро ба ташвиш овардааст. Ба назари Мария Захарова, вазъиятро дар шарқи Тоҷикистон афроди ҷинояткор ва ифротгароён чунин тезутунд кардаанд.

 “Мо маълумоти мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи ташаннуҷи вазъ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони ин ҷумҳуриро, ки бино ба хабарҳо, аз ҷониби унсурҳои ҷиноӣ ва омилони ба онҳо пайваста ифротгароӣ тезутунд шудааст,  бо ташвиш қабул кардем. Дар натиҷа, афрод, аз ҷумла дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, кушта шуданд ё осеб диданд. Сафорати Русия дар Душанӣе бо мақомоти салоҳиятдори ин кишвар дар тамоси доиист. Бино ба иттилои пешакӣ, дар байни осебдидагон шаҳрвандони Русия нестанд. Мақомоти Тоҷикистон ваъда доданд, ки барои ором кардани вазъ ва таъмини амнияти он шаҳрвандони Русия, ки метавонанд дар маҳалли ин ҳодисаҳо бошанд, чораҳои лозимро меандешанд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button