ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

БА ҚАФОЯШ ЯКТО ЗАДУ МАСХАРА КАРД: ҲАБСИ ЯК ҶАВОН БАРОИ ОЗОРИ ЯК ДУХТАР ДАР РӮЗИ ИД

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки як ҷавон аз ноҳияи Рӯдакиро барои бадрафторӣ нисбат ба як духтари ҷавон дар рӯзи иди Фитр ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.

Бино ба иттилои милитсияи пойтахти Тоҷикистон, санаи 2-юми майи соли ҷорӣ, як духтари ҷавони сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расми мошини тамғаи «ВАЗ-21010», рақами қайди давлатиаш 21 10 RС 01, аз мақомоти милитсия дархост намуд, то нисбати ҷавони дар  мошин буда, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои муроҷиаткунанда, ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳ бетартибӣ намуда, нисбат ба як духтари ҷавони роҳгузар беэҳтиромӣ кардааст ва  дар қисмати қафои баданаш бо шаппотӣ зада, ӯро мавриди масхара қарор додааcт.
 “Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Сатторов Дилшод Саидраҳмонович, санаи таваллудаш 14.09.1998, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, деҳаи Меҳробод мебошад.  Зимни пурсиш номбурда ба кирдори содирнамудаи худ иқрор намуда, сидқан изҳори пушамонӣ намуд”, гуфта мешавад дар хабар.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сатторов Дилшод протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шудааст.

Дар солҳои охир мавридҳои бар асоси шикоятҳои занону духтарон барои “гаппартоӣ” ва дигар шаклҳои бадрафторию озори онҳо ба ҳабс кашондани ҷавонон дар Душанбе зиёд шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button