Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҶАВОНИ 18-СОЛАРО ДАР ВОСЕЪ БАРОИ ДУЗДӢ ДАСТГИР КАРДААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳодисаи дуздӣ дар ноҳияи Восеъ ва боздошти як ҷавони 18-сола бо гумони даст доштан дар ин дуздӣ хабар дод.

Бино ба иттилои вазорат, ба шуъбаи милитсияи ноӽияи Восеъ бо ариза зани 52-солаи сокини ноӽияи мазкур муроҷиат намуда, хабар додааст, ки аввалҳои моҳи апрели соли 2022, тахминан соати 10:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёи рӯзгор ва масолеҳи сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ӽазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ӽамин ноӽия ӽамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ӽолат тафтишот идома дорад.

Моддари 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дуздӣ ҳамчун ҷазо аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button