СУҲБАТИ РӮБАРӮИ ГЕНЕРАЛ ШАРИФ НАЗАРЗОДА ВА ТОЛИБ АЁМБЕКОВ (10 АКС)

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки сардори милитсияи ин вилоят генерал-лейтенант Шариф Назарзода дар идомаи мулоқотҳояш бо сокинони маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Хоруғ рӯзи 21 апрел ба маҳаллаи Носири Хисрав ташриф оварда, бо сокинони маҳаллаҳои Носири Хисрав (Шош Хоруғ) ва Заводи нон (Хлебзавод)-и шаҳри Хоруғ мулоқоти озоду ошкоро доир кардааст. Дар аксҳои нашршуда дар саҳифаи милитсияи Бадахшон дар Фейсбук дида мешавад, ки дар ин мулоқот шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии вилоят ва Фаромӯз Иргашов, раҳбари “комиссияи 44”, гуруҳе, ки эътирозгарони Хоруғ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳояшон интихоб карда буданд, дида мешаванд.

Толиб Аёмбеков дар аксе, ки нашр шуд, микрофон дар даст дида мешавад. Ба гуфтаи яке аз иштирокчиёни ин мулоқот дар Шош Хоруғ, Толиб Аёмбеков дар суханрониаш аз ташаббуси генерал Назарзода барои боздид аз маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ  пуштибонӣ карда, изҳори боварӣ кард, ки агар чунин раванди кор идома ёбад, ҳама нофаҳмиҳои ҷойдошта пурра аз байн хоҳанд рафт. Толиб Аёмбеков ҳамчунин аз ТВ “Бадахшон” интиқод кардааст, ки ба зидди онҳо пропагандаи манфӣ мебурданд.

Дар мулоқот бо сокинони Шош Хоруғ, Шариф Назарзода гуфт, асоси пешравии ҷомеа ва рушди иқтисодро тартиботи пурраи ҳуқуқиву қонунӣ ташкил намуда, ин омил боиси ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақа мегардад. Бино бар ин, Шариф Назарзода иброз дошт, ки дар сурати поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳи одамон, содиркунандагони кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ҳатман боздошт ва назди қонун ҷавоб гуфта, ҳеҷ як амалкарди ғайриқонунӣ беҷазо нахоҳад монд.

Дар қисмати дигари вохӯрӣ як қатор сокинони маҳаллаҳои Носири Хисрав ва Заводи нони шаҳри Хоруғ аз баргузории чунин мулоқоти озоду ошкоро ҷиҳати ҳалли мушкилоти мардум ҷонибдорӣ намуда, доир ба аз байн бурдани нофаҳмиҳои ҷойдошта, такшили фазои ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷомеа ва милитсия, саҳм гузоштан дар пойдории суботи комил дар минтақа ва мусодиат намудани милитсия дар сохтмони майдончаи варзишӣ пешниҳоду дархостҳо баён намуданд.

Генерал Шариф Назарзода, ки дар поёни моҳи феврал сардори РВКД вилояти Бадахшон таъйин шуд, ба гуфтаи нозирони умур, шеваи бархӯрди нарм дар мавриди роҳҳои ҳалли масоили Бадахшон пеш гирифтааст.  Ӯ қаблан  бо сокинони маҳаллаҳои Тем, Фурудгоҳ, Селхозтехника ва Сайфулло Абдуллоев (Гулакен) мулоқотҳо анҷом дода буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button