2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР САДАМА ДАР ВИЛОЯТИ САМАРА

Рӯзи чоршанбе, 20 апрел, тақрибан соати 15:10  ба вақти маҳаллӣ дар километри 870-уми шоҳроҳи М-5 “Урал” дар ҳудуди ноҳияи Сизрани вилояти Самараи Русия садамаи марговар руӯ дода, боиси ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон шуд. Дар ин бора ба журналистон сардори шуъбаи ГИБДД (собиқи ГАИ) “Сизранское”подполковники пулис Максим Ализаренко хабар дод.

Бино ба иттилои нашршуда, мошини сабукрави тамғаи “Toyota Camry” бо рақамҳои вилояти Маскав таҳти идораи шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон аз роҳ берун рафта, чаппа шуд ва ронандааш дар ҷои садама ба ҳалокат расид.

Дар ГИБДД гуфтаанд, ки бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, ронандаи тоҷик ба далели ҳанӯз номаълум ба канори тарафи рости роҳ берун раафта, сипас мошинаш чаппа шудааст. Ҷароҳатҳои бардоштаи ронанда муҳлик буданд ва ӯ ҳанӯз то расидани табибони “Ёрии таъҷилӣ” ҷон бохтааст.

Кормандони ГИБДД ҳоло ба таҳқиқи сабабҳои садама машғул шудаанд.

Масъулони ГИБДД дар пайи ин садамаи марговар аз ронандагон хостаанд, то қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя кунанд ва ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баҳои иштибоҳ дар чунин мавридҳо метавонад ҳаёт ва саломатии иштирокчиёни ҳаракат  шавад.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Садамаҳо дар роҳҳо ва ҳамчунин фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист (сӯхтор, таркиш ва ғ.) яке аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button