ВидеоИлму фанноварӣ

“ПРОФЕССОР РИЗОЕВ”-И 15-СОЛА АЗ ТОҶИКИСТОН БАРОИ МАЪЮБОН КВАДРИСИКЛ СОХТААСТ (ВИДЕО)

Маҳмудҷон Ризоев, як навраси 15-сола аз Тоҷикистон барои одамони имконияти ҳаракаташон маҳдуд квадрисикл сохтааст.  Газ ва тормози ин мошин дар қ исмати чанбари фармонаш насб шуда, квадрисикли сохтаи Маҳмудҷон аз батареяи офтобӣ ва генератор кор мекунад ва ба сӯзишворӣ ва нирӯи барқ эҳтиёҷ надорад. Маҳмудҷон, ки ӯро дар хона барои ҳушмандиаш “профессор Ризоев” ном мебаранд, ин мошинро дар муддати 3 моҳ сохтааст.

Маҳмудҷон Ризоев дар мусоҳиба бо хабарнигори шабакаи телевизионии “МИР 24” Азиза Азиззода гуфт, мехост ба мардуми имкониятҳояшон маҳдуд  кумак бирасонад.

Ӯ мегӯяд: “Бо кумаки нерӯе, ки батареяҳо тавлид мекунанд, мо метавонем бо боварӣ масофаҳои тӯлониро тай кунем. Квадрисикли сохтаи ман аз нигоҳи иқтисодӣ хароҷоти иловагӣ надорад ва ба табиат низ зарар намерасонад”.

Ҳоло Маҳмудҷон Ризоев дастгоҳи инноватсиониеро такмил карда истодааст, ки барои таъмини равшанӣ дар хонаҳо, бахусус дар шароити кӯҳистон, истифода хоҳад шуд. Ӯ мехоҳад ин сохтаи худро дар олимпиадаи шаҳрӣ ба намоиш гузорад.

Муовини мудири литсейи инноватсионии Душанбе Гулнора Аҷиҷимил ба “МИР 24” гуфт: “Ӯ ҳар сол дар ҳама олимпиадаҳо иштирок мекунад. Фанни аз ҳама дӯстдоштаи Маҳмудҷон физика аст, чунки ин фан ба кашфиёти ӯ алоқамандӣ дорад”.

 Маҳмудҷон нақшаву орзуҳои бузург дорад. Ӯ мехоҳад забонҳои хориҷиро биомӯзад ва сохтаҳои худро дар арсаи байналмилалӣ ба намоиш бигузорад.

 “Ман мехоҳам дар ягон донишгоҳи муътабари Амрико меъмориро биомӯзам ва дар оянда Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунам”, – мегӯяд ин хонандаи мактаб.

Аҳли хонаводааш мегӯянд, ки Маҳмудҷон аз кӯдакӣ ба техника ва ихтироот шавқ дошт ва вақте ки ҳамсолони ӯ дар кӯча бозӣ мекарданд, Маҳмудҷон ҳамроҳи падару бобояш таҷҳизоти барқии рӯзгорро дар хона тармиму таъмир мекард.

Иззатулло Маҳмудов, бобои Маҳмудҷон мегӯяд: “Набераи ман хеле бачаи ҳушманд аст. Дар хона мо ӯро профессор Ризоев ном мебарем”.

Манбаъ: «МИР 24»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button