ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МОШИНИ БОРКАШ ДАР РОҲ БА ТОҶИКИСТОН БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Як мошини пур аз техникаи маишӣ, ки аз Русия ба Тоҷикистон мерафт, шаби 9 апрел дар ҳудуди вилояти Туркистон (собиқ Қазоқистони ҷанубӣ) бо тамоми бораш ба коми оташ рафтааст. Дар ин бораи департаменти пулиси ин вилоят бо нашри як видео аз ҷои ҳодиса хабар дод.

Ин ҳодиса шаби 9 апрел, тахминан соати 21:00 рух додааст. Ба шуъбаи пулиси ноҳияи Байдибек хабар додааст, ки дар километри 73-юми роҳи Самара – Шимкент дар назди деҳаи Жиенқум як мошини боркаши тамғаи “Volvo” даргирифтааст.

Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса рафта, муайян карданд, ки сӯхтори мошини боркаше, ки аз Русия ба Тоҷикистон техникаи маишӣ мебурд, ба сабаби оташ гирифтани як чархи притсепаш сар хадааст.

Бино ба иттилои пулис, ин мошин ҳамроҳи тамоми бораш пурра даргирифтааст. Гуфта мешавад, ронанда осеб надидааст: ӯ тавонистааст, ки ҳуҷҷатҳояшро бо худ гирифта, сари вақт аз мошин берун шавад.

Пулиси вилояти Туркистон гуфт, сӯхторро фурӯ нишонда, роҳро тоза кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button