ТУ ҲАМ МЕРАВӢ? МАРСИЯИ ПУРСӮЗИ ГУЛРУХСОР ДАР МАРГИ ҲАМСАРАШ НЕЪМАТ РАҶАБИЁН

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева дар саҳифааш дар Фейсбук марсияи пурсӯзеро дар марги ҳамсараш Неъмат Раҷабиён нашр кардааст.

Алвидоъ, Неъмат! Алвидоъ, Неъмати зиндагии ман! Алвидоъ, дӯстшавҳаре,ки дӯстиро ба ишқ ва ишқро ба дӯстии безаволи ҳамешагӣ мубадал намудӣ!

Бо андӯҳи гарон ва дарди безамон Гулрухсори  мотамдори ту!– навиштааст Гулрухсор.

Ва аммо худи марсияро Гулрухсор ба шакли видоъ бо ҳамсараш навиштааст:

ВИДОЪ

Дили субҳ аз оҳи шаб шуд сиёҳ,

Шаби номуродон надорад сабоҳ.

Ғамамро гузору бубар шодият,

Ба ғам такя созам мани ғампаноҳ;

Ту ҳам меравӣ?

Ҳама мераванд!

Сабо бӯйи садбарги пажмурда овард,

Хаёлам ғами шодии мурда овард,

Ба дӯши шаби нотавон такя кардам,

Суруди видоъи туро гиря кардам,

Гиря кардам,

Гиря кардам,

Ту ҳам меравӣ?

Ту ҳам меравӣ?

Ту ҳам меравӣ?

Ҳама мераванд,

Ҳама мераванд,

Ҳама мераванд!!!

Неъмат Раҷабиён, олими шинохта, ки солҳои зиёде дар Пажуҳишгоҳи геология кор карда буд, рӯзи 9 апрел дар синни 79 аз олам чашм пӯшид ва ҳамон рӯз дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Ба гуфтаи наздиконаш, Неъмат Раҷабиён моҳҳои охир бемори бистарӣ буд ва устод Гулрухсор то дами марг дар паҳлуи шавҳараш буд. Писари ягонаи онҳо Азиз, ки дар хориҷа қарор дошт, баъди шунидани хабари марги падар ба Тоҷикистон бармегардад.

Гулрухсор 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) ба дунё омада, соли 1968 риштаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ ҳанӯз дар ҷавониаш бо шеърҳои пурҳарорати худ маҳбубияти зиёдеро дар байни мардум ба даст овард. Гулрухсор дар поёни солҳои 80 роҳбарии Бунёди фарҳанги Тоҷикистонро бар дӯш дошт ва соли 1989 вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.

Дар поёни соли 1992, ки Тоҷикистон ба ботлоқи ҷанги хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафт, дар пайи як ҳамлаи силоҳбадастони Фронти халқӣ ба хонааш, Гулрухсор маҷбур шуд, ки тарки Ватан кунад ва чандин сол дар Бишкеку Маскав ба сар бурд.

Аввалин китоби шеъраш бо номи “Бунафша” соли 1970, вақте Гулрухсор ҳамагӣ 22 сол дошт, чоп шуд. Баъдан китобҳои “Хонаи падар”, “Шабдарав”,  Афсонаи кӯҳӣ, Дунёи дил, Оташи Суғд, Оинаи рӯз, Гаҳвораи сабз бо ҳуруфи форсӣ), Сипар (бо ҳуруфи форсӣ), Шабнам, Рӯҳи Бохтар, Қасидаи кӯҳистон, Занони Сабзбаҳор (роман), Тахти сангин, Зодрӯзи дард, Зан ва ҷанг, Девони ишқу ханда, Сад барги ғазал, Ҷовидона, Шӯъла дар санг ва Таронаи Ватан ба дасти хонандагон расид.

Гулрухсор Сафиева گلرخسار صفی

Алвидоъ, Неъмат! Алвидоъ, Неъмати зиндагии ман! Алвидоъ, дӯстшавҳаре,ки дӯстиро ба ишқ ва ишқро ба дӯстии безаволи ҳамешагӣ мубадал намудӣ!

Бо андӯҳи гарон ва дарди безамон Гулрухсори

мотамдори ту!

ВИДОЪ

Дили субҳ аз оҳи шаб шуд сиёҳ,

Шаби номуродон надорад сабоҳ.

Ғамамро гузору бубар шодият,

Ба ғам такя созам мани ғампаноҳ;

Ту ҳам меравӣ?

Ҳама мераванд!

Сабо бӯйи садбарги пажмурда овард,

Хаёлам ғами шодии мурда овард,

Ба дӯши шаби нотавон такя кардам,

Суруди видоъи туро гиря кардам,

Гиря кардам,

Гиря кардам,

Ту ҳам меравӣ?

Ту ҳам меравӣ?

Ту ҳам меравӣ?

Ҳама мераванд,

Ҳама мераванд,

Ҳама мераванд!!!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button