ҲАР РӮЗ – 284 НАФАР: ДАР ЯК СОЛ БЕШ АЗ 100 ҲАЗОР ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДИ РУСИЯ ШУДААНД

Бино ба омори расмии ВКД Русия, дар тӯли соли 2021 735 ҳазор хориҷӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Беш аз нисфи онҳо, ё қариб 376 ҳазораш зодагони Украина буда, дар ҷои сеюм зодагони Қазоқистон меоянд, ки соли гузашта қариб 50 ҳазори онҳо шаҳрванди Русия шудаанд. Дар ду ҷои баъдӣ Арманистон бо наздики 47 ҳазор ва Ӯзбекистон бо ҳудуди 32 ҳазор нафар меоянд.

Вале ҷои дуюмро дар ин “чемпионат”и ғайрирасмии дарёфти шаҳрвандии Русия зодагони Тоҷикистон ба даст овардаанд. Соли 2021 дар умум 103 ҳазору 681 зодаи Тоҷикистон шиносномаи тоҷикии худро бо шиносномаи русӣ иваз кардааст. Ин 35% беш аз 63 дҳазору 389 нафар аз Тоҷикистон аст, ки соли 2020 соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд.

Ба ҳисоби миёна, соли 2021 ҳар рӯз дастикам 284 тоҷикистонӣ шиносномаи тоҷикии худро бо шиносномаи русӣ иваз кардааст. Соли 2020 ин нишондиҳанда 173 нафарро дар як рӯз ташкил медод.

Бино ба омори расмии ВКД Русия, ҳоло боз 96 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон дар Русия ҳаққи иқомат (ВНЖ, вид на жительство) ва бюоз 47 ҳазор нафари дигар иҷозат барои иқомати муваққат (РВП, разрешение на временное проживание) доранд. Ҳамчунин ҳар сол ҳазорон оила аз Тоҷикистон худро барои кӯчидан ба Русия барои зиндагии доим тибқи барномаҳое, чун “Переселение соотечественников” саюти ном мекунанд. Ин ба маъноест, ки феълан боз даҳҳо ҳазор тоҷикистонии дигар барои гирифтани шаҳрвандии Русия дар навбат истодаанд.

Бино ба оморҳо, дар 8 соли охир ҳудуди 300 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуда, аз соли 2000 ба ин тараф тақрибан 800 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон сукунати доимӣ дар Русияро ихтиёр кардаанд ва аксари онҳо бо аҳли оилаҳояшон шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд.

Бар илова, дар солҳои охир шумори онҳое низ дар ҳоли афзоиш аст, ки барои ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар худро ба кишварҳои аз Русия низ дуртари Аврупову Амрико мезананд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, дар шароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.

Аммо ҷомиашиносон мегӯянд, барои мардуми тоҷик муҳаббат ба зодгоҳ дар фарҳанги чандҳазорсолааш нақши бориз дорад ва афзоиши раванди ҳиҷрати аҳолӣ ба хориҷ аз сарчашмаҳои ҷиддитар ва пеш аз ҳама аз эҳсоси ноумедии онҳо ба ояндаи беҳтар дар Ватан маншаъ мегирад.

Бо онки сели сокинони Тоҷикистон бо умеди ба даст овардани “роҳхат ба як зиндагии беҳтар” дар пеши дари сафоратҳову идораҳои муҳоҷирати кишварҳои хориҷӣ навбат мепоянд, ҷомиашиносон аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд.

Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button