ВидеоНомаҳо ба президент

СОКИНОНИ КӮЧАИ ДЕҲЛАВӢ: ХАТТИ БАРҚРО  ТАЪМИР, ВАЛЕ РОҲИ КӮЧААМОНРО ХАРОБ КАРДАНД (5 АКС)

Як гуруҳи сокинони кӯчаи Деҳлавӣ (собиқ Островский)-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ирсоли чанд акс ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод”  ба раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим муроҷиат кардаанд, то ки ба ҳолати бавуҷудомада дар ин кӯча таваҷҷуҳ кунад.

Ба гуфтаи сокинон, роҳи кӯчаи Деҳлавиро  баъди таъмири хатти барқ дар як ҳолати хароб партофта рафтаанд.  Ин харобиҳо бахусус дар атрофи мағозаи “Нуриддин” бештар ба мушоҳида мерасад. Сокинон мегӯянд, дар бораи ҳолати бади роҳи кӯчаашон ба мақомоти мухталиф муроҷиат карданд, вале масъулон масъулиятро ба гардани якдигар партофта, муроҷиати сокинонро, ба қавли маъруф, “футбол” карда истодаанд.

Сокинон умедворанд, ки раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим шахсан ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, лаҷоми мақомоти бемасъулиятеро, ки баъди таъмири хатти барқ роҳи харобкардаашонро барқарор накарданд, хоҳад кашид ва ҷиҳати дуруст кардани роҳи кӯчаи Деҳлавӣ тадбир хоҳад андешид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button