ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ДУ КАБӮТАРРО АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН “ДЕПОРТАТСИЯ” КАРДАНД (АКС)

Рӯзи 4 апрели соли 2022 дар фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбурги Русия кормандони Росселхознадзор ва гумруки Колтсово аз кӯшиши ба қаламрави Русия ворид кардани ду кабӯтар аз Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд.

Бино ба иттилои раёсати Росселхознадзори вилояти Свердлов, “як мусофир аз шаҳри Хуҷанд кӯшиш кардааст, ки дар бағочи дастиаш паррандаҳоро бидуни иҷозати Росселхознадзор ба қаламрави Русия ворид кунад. Паррандаҳо шаҳодатномаи байторӣ ва ягон санат дар бораи бемории орнитозу гриппи парранда надоштанд”.

Росселхознадзор мегӯяд, ин мусофир аз Тоҷикистон тартиби ба қаламрави Иттиҳоди гумрукӣ ворид кардани паррандагонро вайрон кардааст.

Бо қарори Росселхознадзор, ба вуруди ин паррандагон ба қаламрави Русия иҷозат дода нашуд ва ҳарду кабӯтарро бо парвози нахустин ба Тоҷикистон пас фиристодаанд.

Мусофир аз Хуҷандро бар асоси моддаи 10.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия ба ҷавобгарӣ кашондаанд. Ин банди қонун барои ғайриқонунӣ ба Русия овардани паррандаҳову ҳайвонот ҷарима ба маблағи аз 500 то 1000 рублро пешбинӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button