ӮЗБЕКИСТОН ХОСТОРИ ТАҲИЯИ МЕХАНИЗМИ ЭЪТИРОФИ ҲУКУМАТИ ТОЛИБОН ШУД

Сардор Умурзоқов, муовини сарвазир ва вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон дар нишасти сеюми вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар шаҳри Тунсии Хитой  пешниҳод кард, то ҷомиаи байнмалмилалӣ механизм ва меъёрҳои эътирофи расмии ҳукумати нави Афғонистонро таҳия кунад. Ба ақидаи Умурзоқов, эътирофи расмӣ “имкон медиҳад, ки ҳамоиши ин кишвар ба паҳнои минтақа ва ҷомиаи байналмилалиро суръат бубахшад”. Дар ин бора  хадамоти матбуоти вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон хабар дод.

Сардор Умурзоқов дар ин нишаст ҳамчунин хостори ҳамкории бештари минтақавӣ барои пуштибонии Афғонистон дар роҳи муқобила бо чолишҳои мавҷуда, эҳёи иқтисоди он кишвар, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва оддӣ сохтани зиндагӣ дар он сӯи Омӯ шудааст.

Сардор Умурзоқов дар ҳошияи нишасти Тунси бо вазири хориҷаи Толибон Амирхон Муттақӣ низ мулоқот кардааст.

Ӯзбекистон аз ҷумлаи нахустин кишварҳои Осиёи Марказист, ки ба фарқ аз Тоҷикистони танҳомонда билофосила баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯи  ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон бо ҳокимони нави ин кишвари ҳамсоя тамос барқарор карданд.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров  низ рӯзи 31 март дар нишасти Тунси хабар дод, ки Маскав алакай  аввалин дипломати фиристодаи ҷунбиши Толибонро сабти ном кардааст.

“Мехостам таъкид кунам, ки моҳи гузашта нахустин дипломати фиристодаи ҳукумати нави Афғонистон ба Маскав омад ва дар вазорати мо аккредитатсия гирифт”, – гуфт Лавров.

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Русия ҳамчунин аз режими нави Толибон ситоиш кард ва гуфт, “бо вуҷуди камбуди таҷрибаи роҳбарӣ, маҳдудиятҳои молиявию иқтисодӣ ва фишри ҳарбию сиёсӣ аз тарафи Амрико ва муттаҳидонаш, маъмурияти нави Афғонистон дар умум аз уҳдаи дар ҳолати шино нигоҳ доштани кишвар баромада истодааст”.

Ба ақидаи Лавров, “дар самти мубориза бо терроризм натиҷаҳои мушаххасе ба чам мерасанд. Дар соҳаи ҳимояти ҳуқуқи инсон талошҳое анҷом дода мешаванд. Кобул ба таври фаъолона рӯи густариши равобити дипломативу иқтисодӣ кор мекунад. Ин ҳама, бидуни шак ба эътирофи байналмилалии мақомоти нави Афғонистон мусоидат мекунад”.

Дар нишасти сеюми вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки рӯзҳои 30-31 март дар шаҳри Тунси дар шарқи Хитой  доир шуд, ҳайъатҳои Русия, Хитой, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон иштирок карданд. Нишасти аввали ҳамсояҳои Афғонистон 21 октябри соли 2021 дар Маскав нишасти дуюмаш 27 октябри соли 2021 дар Теҳрон доир шуда буд.

Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021 дар рӯзҳои хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти фармони Амрико ва НАТО аз Афғонистон қудратро дар ин кишвар ғасб карданд. Вале ҳукумати нави онҳоро то ҳол ягон кишвар расман эътироф накардааст. Бисёре аз бозигарони асосӣ дар арсаи Афғонистон бо режими нави Толибон тамосҳо барқарор кардаанд ва аз ҷумла чанд рӯз пеш вазири хориҷаи Хитой ҳам аз Кобул боздид ва бо роҳбарони Толибон мулоқот кард.

Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳоест, ки ҳокимони нави Афғонистонро қабул надоранд ва талаб доранд, ки онҳо бояд дар ҳукумати худ ба дигар қавмҳои сокини Афғонистон, ба вижа ба тоҷикҳои он кишвар бояд ҷойгоҳи шоиста қоил шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button