ПАЁМИ ШОДБОШИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН (ВИДЕО)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 апрел сокинони кишварро ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки зи 2 апрел фаро мерасад, табрик гуфт ва бори дигар аз аҳолӣ хост, ки маводи ғизоиро барои ду сол захира кунанд. Ӯ Рамазонро моҳе номид, ки “инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад”.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, “дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд. Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад”.

Президенти Тоҷикистон сокинонро ба худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва оростани дастурхони серхарҷу намоишкорона ҳангоми баргузор намудани ҳама гуна маросиму маъракаҳо ва махсусан, дар давоми моҳи шарифи Рамазон даъват кард ва гуфт, “ҳамватанони азизи мо бояд мувофиқи авзои умумии торафт мураккабу мушкилшудаистодаи замона амал карда, ҳаргиз ба зоҳирпарастиву исрофкорӣ, алалхусус, ба исрофи нон роҳ надиҳанд. Мо набояд мушкилоту азоберо, ки мардумамон дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бинобар камчин гардидани нон кашида буданд, фаромӯш кунем”.

Дар идомаи паёми шодбошиаш, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имсол моҳи Рамазон ба оғози кишту кори баҳорӣ рост омад. Ба ин хотир, ӯ аз мардум хост, ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, кишти зироатҳо ва дигар корҳои кишоварзиро вусъат бахшанд. “Зарур аст, ки аз ин имкониятҳо дурусту оқилона истифода барем, то ин ки як ваҷаб замин холӣ намонад ва барои рӯёнидани ҳосил истифода карда шавад”, – гуфт президенти Тоҷикистон. Ӯ афзуд, “мо, аллакай, имрӯз бояд дар фикри он бошем, ки фарзандон ва аҳли хонадони мо ва умуман сокинони кишвар ба мушкилӣ дучор нагарданд ва аз камчинии маводи ғизоӣ ё болоравии нархи он, хусусан, дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода азияту муҳтоҷӣ накашанд”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дунёро имрӯз илова ба мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, пайомадҳои манфии он, бемории сироятии КОВИД – 19, камчин гардидани озуқаворӣ ва болоравии нархҳо ҳамчунин авзоъи бисёр ноорому бесуботи баъзе минтақаву кишварҳои сайёра сахт ба ташвиш овардааст. Ӯ гуфт, “ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст”.

Эмомалӣ Раҳмон давраи кунуниро якдавраи ҳассостарину душвортарин дар  таърихи беш аз садсолаи  инсоният ва оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳрониро пешгӯинашаванда ва дарозмуддат номид. “Хусусан, соли ҷорӣ барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ соли вазнинтарин ва душвортарин мегардад. Дар чунин шароит моро зарур аст, ки нисбат ба ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем, дар лаҳзаҳои душвор ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба таҳлукаву воҳима наафтем, сарфаю сариштакор ва ҳушёру эҳтиёткор бошем”, гуфт президенти Тоҷикистон.

Бо қарори Шӯрои уламо, моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 2 апрел фаро мерасад.

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу менамоям.

Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад.

Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд.

Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад.

Бо истифода аз фурсат, боз як масъалаи муҳимро таъкид менамоям.

Моҳи Рамазони имсола ба давраи оғози кишту кори баҳорӣ рост омад.

Яъне мо бояд ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, кишти зироатҳо ва дигар корҳои кишоварзиро вусъат бахшем.

Дар шароити имрӯза тамоми кишоварзон ва ҳар як оила бояд ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ, ки манфиату самаранокии ин амал солҳои охир дар фаровонии бозори истеъмолӣ равшан дида мешавад, диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Мо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ – обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем.

Зарур аст, ки аз ин имкониятҳо дурусту оқилона истифода барем, то ин ки як ваҷаб замин холӣ намонад ва барои рӯёнидани ҳосил истифода карда шавад.

Хотирнишон менамоям, ки ин талаби замона ва тақозои рӯз мебошад.

Мо бояд ҳар рӯзи баҳорро ғанимат дониста, кишти зироатҳоро сари вақт анҷом диҳем, барои ҳосили фаровон замина гузорем ва масъалаи захираи дусолаи маводи ғизоиро дар ҳар як оила, ки мардум манфиати онро солҳои охир, бахусус, дар ду соли вазнини паҳншавии бемории сироятии коронавирус диданд, фаромӯш накунем.

Мо, аллакай, имрӯз бояд дар фикри он бошем, ки фарзандон ва аҳли хонадони мо ва умуман сокинони кишвар ба мушкилӣ дучор нагарданд ва аз камчинии маводи ғизоӣ ё болоравии нархи он, хусусан, дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода азияту муҳтоҷӣ накашанд.

Мо бояд чи дар моҳи Рамазон ва чи дар моҳҳои дигар софдилонаву аҳлона заҳмат кашем, ба хотири осоиши фарзандон, аҳли оилаи худ, ҳар як хонадони мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва корҳои ободониву созандагиро тибқи ҳадафҳои муайянкардаамон беш аз пеш густаришу вусъат бахшем.

Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро илова ба мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, пайомадҳои манфии он, бемории сироятии КОВИД – 19, камчин гардидани озуқаворӣ ва болоравии нархҳо авзои бисёр ноорому бесуботи баъзе минтақаву кишварҳои сайёра сахт ба ташвиш овардааст.

Ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.

Тибқи таҳлилҳо инсоният имрӯзҳо дар давраи ҳассостарину душвортарини таърихи беш аз садсолаи худ қарор дорад.

Мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд.

Хусусан, соли ҷорӣ барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ соли вазнинтарин ва душвортарин мегардад.

Дар чунин шароит моро зарур аст, ки нисбат ба ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем, дар лаҳзаҳои душвор ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба таҳлукаву воҳима наафтем, сарфаю сариштакор ва ҳушёру эҳтиёткор бошем, арзишҳои инсондӯстонаву ваҳдатсози фарҳанги миллӣ ва диниамонро ба манфиати оромии ҷомеа ва суботи Ватани азизамон дуруст ва ҳадафмандона истифода барем.

Дар замоне, ки вазъияти сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳон ниҳоят муташанниҷу буҳронӣ ва мураккабу хатарзо гардида, масъалаи истиқлолу озодии кишварҳои алоҳида ва сохти давлатдории онҳоро таҳти саволи ҷиддӣ қарор додааст, ҳар яки моро водор месозад, ки иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеаро боз ҳам таҳким бахшем.

Мо вазифадорем, ки барои ҳимояи неъмати бебаҳои зиндагиамон – истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошем.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳимояи иқтисодиёт ва сокинони кишвар аз таъсири вазъи бамиёномада бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ба ҳамватанони азиз муроҷиат карда, боз як нуктаи муҳимми дигарро хотирнишон месозам, ки дар раванди анҷом додани фаризаҳои динӣ мо бояд ба одоби масҷидравӣ низ диққат диҳем.

Масҷид ҷойи тоату ибодат ва макони тарбияи рӯҳиву маънавии мардуми мусулмон аст.

Худованд дар сураи «Ҷумъа»-и Қуръони маҷид доир ба одоби масҷид чунин мефармояд: – «Ва чун намоз поён ёфт, (аз пайи ризқу рӯзӣ) дар замин пароканда шавед ва ризқи Худоро талаб кунед …».

Аз ин бармеояд, ки чун намоз хонда шавад, мусулмонон бояд барои ба даст овардани ризқу рӯзии аҳли хонадони худ аз пайи заҳмат ва кор шаванд.

Дигар нуктаи муҳим – худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва оростани дастурхони серхарҷу намоишкорона ҳангоми баргузор намудани ҳама гуна маросиму маъракаҳо ва махсусан, дар давоми моҳи шарифи Рамазон мебошад.

Мо понздаҳ сол пеш маҳз ба хотири ба танзим даровардани анъанаву маросим ва расму ойинҳои миллӣ аввалин қонуни миллиро қабул намудем.

Раванди татбиқи қонуни миллӣ ва натиҷаҳои он собит сохтанд, ки ин иқдоми мо дурусту саривақтӣ ва ба манфиати мардум мебошад.

Зеро ба шарофати қонуни мазкур маросиму анъанаҳо ва расму ойинҳои диниву миллии мо аз унсурҳои ифротиву хурофотӣ озод гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар шуд.

Ҳамватанони азизи мо бояд мувофиқи авзои умумии торафт мураккабу мушкилшудаистодаи замона амал карда, ҳаргиз ба зоҳирпарастиву исрофкорӣ, алалхусус, ба исрофи нон роҳ надиҳанд.

Мо набояд мушкилоту азоберо, ки мардумамон дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бинобар камчин гардидани нон кашида буданд, фаромӯш кунем.

Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки ҳар як оила дар фикри таъминоти хонадони худ, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ бошад.

Итминон дорам, ки моҳи шарифи Рамазон барои мардуми сарбаланду заҳматқарини кишвари соҳибихтиёрамон айёми такмили ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ, давраи фаъолияти созанда ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан, осоиши ҳар як хонадон, таҳкими боз ҳам бештари сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини бостонии тоҷикон мегардад.

Бори дигар фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон ва имони комил орзу менамоям.

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button