ДУЗДИИ КОМПЮТЕРҲО ВА ТЕЛЕВИЗОР АЗ МАКТАБИ №25 ДАР ҚАРИЯИ БОЛО

Ҷавони 25-солаи сокини пойтахт, ки қаблан ҳам барои дуздӣ суд шудааст, ба он гумонбар мешавад, ки шаби 29 ба 30 март аз мактаби №25 дар маҳаллаи Қарияи Боло телевизори тамғаи “Самсунг”, 3 моноблок, як ноутбук, ду просессор ва базаи камераҳои мушоҳидавиро дуздидааст. Зарари расонидашуда 56 ҳазору 448 сомониро ташкил медиҳад.

хххххххххх

Сокини 50-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз соли 2019 аз як сокини пойтахт бо ваъдаи аз як бинои навбунёд гирифта додани манзили дуҳуҷрагӣ 316 ҳазору 609 сомонӣ гирифта, ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 1 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи фиреб гирифтани маблағи пулӣ

12

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 7-уми декабри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 67-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 316 ҳазору 609 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои навсохтмон хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

044

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мактуби шикоятӣ роҳбарияти МТМУ №25, муроҷиат намудааст, ки шаби 29 ба 30-юми марти соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба бинои мактаби мазкур, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонӣ даромада, аз утоқи корӣ 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг”, 3-адад “Моноблок”, 1-адад компютери “Ноутбук”, 2-адад “Просессор” ва 1-адад базаи камераҳои мушоҳидавиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 56 ҳазору 448 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button