ДАРГУЗАШТИ ЖУРНАЛИСТ АНДРЕЙ БАБИТСКИЙ – ФАРЗАНДИ СИТОРАИ СИНАМОИ ТОҶИК МАРАТ ОРИПОВ

Журналисти шинохтаи рус Андрей Бабитский шаби 1 апрел дар манзилаш дар шаҳри Донетск вафот кардааст. Ӯ 57 сол дошт. Дар бораи иллати марги Андрей Бабитский чизе гуфта нашудааст. Андрей Бабитский фарзанди ҳунарпешаи шуҳратёри синамои тоҷик Марат Орипов ва сенариянавис Зоя Бабитская буд. Ӯ 26 сентябри соли 1964 дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст, вале давраи кӯдакиаш чандин сол дар Душанбе зиндагӣ карда, дар ҳаминҷо ба мактаб рафтааст. Бабитский баъдан риштаи филологияи Донишгоҳи Маскавро хатм кард. Ӯ аз соли 1989 то 2014, дар тӯли 25 сол дар Радио Свобода кор кард ва бо гузоришҳои пурҷасорати худ аз манотиқи ҷангзада, аз ҷумла аз Афғонистон ва бахусус Чеченистон ном бароварда буд.

Марианна Арипова, хоҳари Андрей Бабитский дар марги бародараш дар Фейсбук навишт: “Алвидоъ, бародари ҷасурам. Ту барои ҳам ҳамешаи улгуи журналист хоҳӣ буд поквиҷдон, одил, гузаштнопазир, пуристеъдод ва Ҳирфаӣ бо ҳарфи бузург. Хелеҳо бояд аз ту чизҳои зиёдеро биомӯзанд! Чӣ ҳайф, ки ин қадар барвақт рафтӣ … Худованд раҳматат кунад!”

Андрей Бабитский бахусус дар давраи ҷанги дуюми Чеченистон ном баровард. Моҳи январи соли 2000 ҳангоми хуруҷ аз шаҳри Грозний ӯро нирӯҳои Русия бо иттиҳоми иртибот доштан бао фармондеҳони ҷудоиталабони чечен дастгир карданд. Гуфта мешуд, ки аз вай рухсатномае бо муҳру имзои фармондеҳони чечен пайдо карданд, ки ба Бабитский иҷозати ҳаракати озод дар манотиқи таҳти назорати ҷудоиталабонро медод. Моҳи феврали соли 2000 Бабитскийро дар ивази се сарбози асири рус дар як муомилаи машкук ба ҷудоиталабон доданд. Баъди чанд ҳафта Андрей Бабитский дар шаҳри Махачқалъа бо шиносномаи қалбакӣ боз ба даст афтод ва ин бор додгоҳ ӯро ҷарима баст. Баъди сарусадое, ки қазияи ӯ дар ҷаҳон ба по кард, Андрей Бабитскийро ба дафтари марказии Радио Свобода дар Прага ба кор даъват карданд.

Боз як бори дигар ӯро моҳи сентябри соли 2004 дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав бо иттиҳоми “авбошӣ” дастгир карданд. Дар гузоришҳо гуфта мешуд, ки Бабитский барои инъикоси қазияи гаравгонгирии садҳо нафар дар мактаби №1 ба шаҳри Беслани Осетияи шимолӣ равон буд ва мақомоти Русия бо баҳонаи “авбошӣ” монеи сафари ӯ ба ҷои ин ҳодиса шуданд.

Моҳи июли соли 2005 Андрей Бабитский аз сафари Чеченистон бо мусоҳибаи ихтисосӣ бо фармондеҳи ҷудоиталабони чечен Шомил Басаев баргашт. Ин мусоҳиба дар шабакаи телевизионии амрикоии ABC нашр шуд ва чунон сарусадо ба по кард, ки вазорати хориҷаи Русия гуфт, аккредитатсияи хабарнигори ин шабакаи амрикоиро дигар тамдид намекунад.

Бо вуҷуди кор дар радиои амрикоӣ, Андрей Бабитский соли 2014 дар ишғоли Қрим аз сӯи Русия аз мавқеи Маскав ҷонибдорӣ кард ва ӯро аз Радио Свобода ҷавоб доданд. Баъди барканориаш Бабитский ба шаҳри Донетск, ба минтақаи таҳти назорати ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия кӯчид ва дар шабакаи телевизионии “Оплот ТВ” ба кор даромад. Солҳои охир ӯ бо сомонаҳои

Украина.ру, Взгляд ва пойгоҳи хабарии Life ҳамкорӣ мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button