ВидеоМуҳоҷирон

САДАМАИ МАРГОВАР БО ИШТИРОКИ ТАКСИРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ (7 АКС)

Шаби 27 марти соли 2022, тақрибан соати 01:20, дар натиҷаи бархӯрди ду мошини такси, тамғаҳояшон Skoda Octavia ва Skoda Rapid дар Петербург, як зани 31-сола, ки мусофири Skoda Octavia буд, ҷон бохтааст. Садама дар ноҳияи Василеостровский, дар бурриши хатти 9-ум ва роҳи соҳили дарёи Смоленка дар назди бинои №80 рӯй додааст. Гуфта мешавад, ронандаи Skoda Rapid, ки аз Тоҷикистон аст ва дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, ҳангоми сурх будани чароғаки роҳ манъ накарда, ба ҳаракаташ идома додааст ва дар натиҷа ба мошини дигари такси бархӯрдааст.

Паблики «Дорожный инспектор»  дар шабакаи «ВКонтакте» бо нашри 7 акс аз ҷои ҳодиса, бархе тафсилоти ин садамаи марговари шабонаро чоп кардааст.

Бино ба иттилои ин нашрия, ронандаи  Skoda Rapid  шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1987 буда, 12 сол собиқаи ронандагӣ доштааст. Ронандаи таксии тамғаи Skoda Octavia соли тваллудаш 1969 ва собиқаи ронандагиаш 26 сол будааст.

Гуфта мешавад, ки зарба чунон сахт буд, ки яке мусофирони Skoda Octavia, зани 31-сола ба ҳалокат расида, як мусофири марди ин мошинро табибон бо ҷароҳатҳои миёна дар бемористони Мариинская бистарӣ кардаанд.

Бино ба иттилои «Дорожный инспектор», ронандаи Skoda Rapid маст будааст. Ҳангоми ташхиси тиббӣ алкотестер дар бадани ӯ 0,500 мг/л (миллиграмм ба литр) спиртро нишон додааст. Ин баробари ним шиша арақ аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button