ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

ПИРӮЗИИ ДУХТАРИ ТОҶИК МАҲИНА ХӮҶАЕВА ДАР ОЗМУНИ “МИСС НАВРӮЗ-2022” (4 АКС)

Рӯзи 19 март, дар рафаи иди Наврӯз дар шаҳри Екатеринбурги Русия озмуни зебоӣ бо номи “Мисс Наврӯз-2022” (“Бонуи Наврӯз-2022”) доир шуд. Дар ин озмун духтарони зебои бошқирду тотор, қазоқу қирғиз, ӯзбеку тоҷиқ ва озариву чечен либосҳои миллии худ дар тан рӯи саҳна омада, бо таҳияи ғизоҳои миллиашон, хондани таронаву иҷрои рақсҳои миллӣ ва қисса кардани достону афсонаҳои мардуми худ барои дарёфти унвони “Бонуи “Наврӯз” мубориза бурданд. Шоҳҷоизаи ин озмун ва унвони  “Бонуи “Наврӯз”  насиби намояндаи Тоҷикистон Маҳина Хӯҷаева шуд.

Маҳина Хӯҷаева 18 сол дошта, дар Тоҷикистон, дар Ҳисор  ба дунё омадааст, вале инак 13 сол боз бо аҳли хонаводааш дар Екатеринбург зиндагӣ мекунад.

Маҳина ҳоло дар соли авали коллеҷи тиббии вилояти Свердловск таҳсил мекунад ва дар оянда мехоҳад стоматолог (духтари дандон) шавад.

Маҳина баъди пирӯзиаш дар озмуни (“Бонуи Наврӯз-2022” дар мусоҳиба бо нашрияи “Уральский меридиан” гуфт, падару модари ӯ 5 фарзанд доранд ва ӯ фарзанди калонист.

“Анъанаҳои мардуми худро мо дар берун аз Тоҷикистон фаромӯш накардаем. Дар хонаамон дар Екатеринбург мо ҳама либоси миллӣ мепӯшем ва асосан ғизоҳои тоҷикӣ мехӯрем. Хӯрокро барои мо модарамон мепазад”, – нақл кардааст Маҳина.

Озмун аз чанд марҳала иборат буд ва аз ҷумла довталабон мебоист дар намоиши либосҳои миллӣ иштирок карда, ҳунари худро дар таҳияи хӯрокҳои миллӣ ва нақл кардани достону афсонаҳои мардумӣ низ ба намоиш гузоранд. Маҳина мегӯяд, ба ӯ бахусус иҷрои рақси тоҷикӣ хуш омад. Ҳангоми намоиши либосҳои миллӣ бошад Маҳина Хӯҷаева либоси атлас  дар тану тоқии зардӯзӣ дар сар рӯи саҳна омад.

Ӯ мегӯяд, дар зодгоҳи ӯ Ҳисор духтарон аз либосҳои миллӣ атласро бештар хуш доранд ва бештар атлас мепӯшанд. Бахусус дар фасли Наврӯз.

Дар бахши достонҳо Маҳина масали машҳури пеши Ҳазрати Сулаймон омадани ду занеро қисса кардааст, ки ҳарду ба як кӯдак даъвои модарӣ мекарданд. Ӯ давоми ин достонро чунин нақл мекунад: “Яке мегуфт, ин тифли ман аст, дуюмӣ мегуфт, на, аз ман аст. Сулаймони ҳаким гуфт: “Ман ин баҳси шуморо чунин қазоват мекунам. Бигзор ҳар кадоми шумо аз як дасти кӯдак бидорад ва ҳар кас кӯдакро тарафи худ бикашад. Касе зӯр биояд ва кӯдакро ба тарафи худ бикашад,  кӯдак аз ҳамон мешавад”.  Яке аз занҳои даъвогар маҳкам аз як дасти кӯдак дошт ва барои рақобат омодагӣ гирифт. Ва ин кӯдак метавонист дар ин сабқат ду пора шавад, агар зани дуюм намегуфт: “Бигзор тифли пеши ин зан бимонад”. Ва он вақт Ҳазрати Сулаймон амр дод, ки кӯдакро аз он зане, ки аз дасташ дошта буд, бигиранд ва  ба оне бидиҳанд, ки меҳри модариаш боло гирифту нахост ҳатто барои ба даст овардани тифлаш ба ӯ озоре бирасад”.  

Маҳина Хӯҷаева мегӯяд, ҳангоми эълони ғолибон номи ӯро аз ҳама охир эълон карданд ва ӯ дар ин байн номи худро дар байни ғолибон нашунида, ҳатто навмедона ашк ҳам рехтааст.

“Ба худ гуфтам, ки тамом, ман ягон ҷой нагирифтам. Ҳатто ашки чашмам рехт. Ва вақте пирӯзиамро эълон карданд, ин бароям комилан ғайриинтизор буд”, мегӯяд ин духтари тоҷик.

Манбаъ: Уральский Меридиан, https://ural-meridian.ru/news/361464/

Фото: Лидия Аникина © ИА “Уральский меридиан”
Фото: Лидия Аникина © ИА “Уральский меридиан”
Фото: Лидия Аникина © ИА “Уральский меридиан”
Фото: Лидия Аникина © ИА “Уральский меридиан”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button