ВидеоДин ва боварҳоНуқтаи назарСиёсат

НОМАИ АҲМАДИ ИБРОҲИМ БА МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН: БА ЗАНИ ПРЕЗИДЕНТ НАРАС!

Аҳмади Иброҳим, муассис ва сардабири ҳафтаномаи “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон, номаи саркушодаеро ба Муҳаммадиқболи Садриддин, муассис ва сардибири сомонаи оппозитсионии “Ислоҳ” нашр карда, аз ӯ хостааст, ки дар муборизааш бо роҳбарони кунунии Тоҷикистон аз бархе хаттҳои сурхи ахлоқӣ ва арзишҳои миллию динӣ нагузарад ва аз ҷумла, дар васвасаи зарба задан ба президент ҳамсари ӯ Азизмоҳ  Асадуллоева (Раҳмонова)ро мавриди таҳқиру тавҳин қарор надиҳад.  Ҳамсари президент, ,ба навиштаи муаллиф, як зани хушсаводу соҳиби ахлоқи ҳамида аст ва сарфи назар аз имконоте, ки ба унвони бонуи аввали кишвар дар ихтиёр дорад, ба масоили сиёсию давлатдорӣ кор надорад.

Аҳмади Иброҳим ҳамзамон  айни тақозоро аз ҷониби давлат низ кардааст ва аз ҷумла хостааст, то модари блогер Абдураҳмон09ро, ки ба бовари бисёриҳо, барои мавқеи интиқодии писараш нисбат ба ҳукумат ҳабс шудааст,  бидуни қайду шарт озод кунанд ва бо ин роҳ ҳатто агар қонуншиканӣ ҳам шавад, обрӯи Тоҷикистонро бихаранд, чунки ҳабси  ин модар низ, ба навиштаи Аҳмади Иброҳим, ба обрӯи Тоҷикистон зарба мезанад.

Ин номаи Аҳмади Иброҳим дар ҳоле ба дасти чоп расид, ки тайи чанд соли охир ҷавви ҳоким бар фазо ва арсаи муборизаҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳарду ҷониб –  чӣ аз сӯи мухолифин ва чӣ аз сӯи ҳукумат – ду гуруҳи маҳдуд, вале тасмимгир муайян мекарданд, ки дар мубориза бо рақибони худ аз ягон чиз – на таҳқиру туҳмат, на ба майдон кашондани пои хешу табори наздики рақибони худ  ва ҳатто ҳабсу зиндони онҳо – ҳазар намекарданд ва дар ин арсаву ин майдон дигар тақрибан ягон хатти сурх, ҳадди ақал ягон табуи ахлоқӣ боқӣ намонда буд. Шиори ин муборизаҳо, мутаассифона, чандин сол боз чунин буд: Барои расидан ба пирӯзӣ истифода аз ҳар шевае равост!

Ва дар ин фазои хафақонӣ номаи Аҳмади Иброҳим мисли ҳавои тозаест, ки ба ин дашти аз таҳоҷумҳову шабехунҳо ва сангаргириҳои оштинопазири тарафайн сӯхтаву хокистаршуда мевазад. Ин нома ҳамчунин нишон медиҳад, ки сарфи назар аз чанд сол боз ин қадар бӯю таф кардани  ниҳоли душманӣ шинондани ҷиноҳҳои душмантарош аз ҳарду ҷониб,  сатҳи хусумату бадбинӣ дар байни мардум ончунон зиёду оштинопазир нест, ки сардамдорон фикр мекунанд ва ағлаби ҷомиа, бавижа қишрҳои солимфикр, якдигарро душман намебинад ва душман намешуморад.

Сардабири “Пайк” низ дар номааш ҳама назокатҳо, чӣ дар масъалаи одобу ахлоқ ва чӣ дар масъалаи эҳтироми шахси тарафи муқобилро ба ҷо оварда, номаашро бо “Салом, Муҳаммадиқбол” оғоз мекунад ва аз давраҳое ёдовар мешавад, ки бо падари марҳуми сардабири “Ислоҳ” риштаи дӯстӣ дошт.

Аҳмади Иброҳим менависад, ин номааш фармоишӣ нест, балки сирф ибтикори худи ӯст: “Хоҳиш дорам, Муҳаммадиқбол, зуд хулосабарорӣ карда нагӯй, ки маро кадом  амниятӣ ё милиса водор кардааст, ки ба ту мактуб нависам… Ман, чуноне, ки шумо мегӯед, чоплусу тамаллуқкор ҳам нестам… Шояд, ту Муҳаммадиқбол, гумон кунӣ ки мактуби ман фармоишӣ аст. Бори дигар мегӯям, ман ҳеҷ гоҳ бо фармоиш кор намекунам.

Аҳмади Иброҳим менависад, аҷаб нест, аз телефони модари блогер Абдураҳмон09  ягон “ҷурм”  ҳам ёфта бошанд: “Саволе посух мехоҳад,кист, ки бо айби фарзанд гуноҳи модарро ҷуста ёфтааст? Албатта беҳунартарин муфаттиш ҳам бе далелу мадраки муваҷҷаҳ як модарро барои гуноҳи фарзанд ба зиндон намеафканад, чизе аз телефонаш ёфтаанд. Агар телефонҳоро ҷустуҷӯ кунанд, мувофиқи баъзе аз моддаҳои қонун, ки депутатҳои «донишманд»-и мо қабул кардаанд, нисфи миллат ҷинояткор мебарояд. Ҳамин ду се ҳафта пеш муқобили моддаи 307 мақола навишта будем. Ҳамин гуна гуноҳ шояд дар телефони модари Абдураҳмон ҳам ёфтаанд. Қаблан ҳам опозитсия алайҳи ҳукумату сарвари давлат суханҳои таҳқиромез мегуфт, аммо модари касеро ба маҳкама накашиданд-ку. Масъала ҳамин аст, ки ин усули корро кай афроди алоҳидаи тафтишот дастури кори худ қарор додаанд? Ана ҳамин савол ба ту, бародар Муҳаммадиқбол дахл дорад. Ту бесавод нестӣ,балки назар ба ҳамсолонат хело пеш рафтаӣ,бояд дарк кунӣ, ки рост мегӯям. Ҳақиқат ҳамин аст, ки бисёр чиз, аз ҷумла шеваи таҳқири занҳоро аз ману ту барин афроди босавод меомӯзанд. Мақсад ҳамин аст, ки ту унвонии ҳамсари Президенти кишвар суханони пасту баланд гуфтӣ, инҳо ёд гирифтанд.

Аҳмади Иброҳим дар идомаи нома манзури худро чунин шарҳ медиҳад: “Вақте ту унвонии президенти мамлакат ё вазирону кабирону дастандаркорон чизе мегӯӣ,туро мефаҳмам, опозитсия вазифааш ҳамин аст, аммо ҳамсари президент апаи Азизмоҳ чӣ гуноҳ дорад? Ба касе вазифа дод, дар корҳои давлатдорӣ ҳамроҳ шуд, касеро ба маҳкама кашид? Ману ту худро журналист мегӯем, набояд бе далел сӯҳбат кунем. Ман имрӯз аз ду зани тоҷик ҳимоят мекунам, ҳам аз модари Абдураҳмон ва ҳам аз апаи Азизмоҳ. Ҳарду ҳам барои ман ба ҷойи модар бошанд. Мехоҳам ин зан аз зулми ту ва он зан аз зулми мақомот раҳо ёбанд... Аз ту мепурсам, магар апаи Азизмоҳ гунаҳкор аст, ки шавҳараш президент шудаасту ту опозитсияаш шудаӣ? Ту хитобан ба апаи Азизмоҳ мегӯӣ, ки ба додаронат бигӯ, ину он корро кунанд. Магар ин аз рӯйи хирад аст? Як зани хонашин, бигзор ҳатто ҳамсари президент, метавонад ба бародари миллионераш бигӯяд ину он корро бикун? Оё дар тасаввур меғунҷад, ки апаи Азизмоҳ ба Ҳасан Асадуллозода бигӯяд ва ӯ қабул кунад, ки ин тавр нею дигар хел кор кун?  Балки ҳатто падар ба духтари миллионеру соҳибмансабаш муқобили раъйи ӯ чизе фармуда наметавонад.

Аҳмади Иброҳим бар ин аст, ки “апаи Азизмоҳ саводи хуб дорад, баъзе аз вазирони маориф ба андозаи ӯ савод надоранд, аммо боре талаби мансабу мавқеи хосса дар ҷомеа  накардааст… мисли ҳар як зани оддии тоҷик ба хизматгори шавҳар будан қаноат кардааст.”

Ӯ инро ҳам зикр кардааст, ки Азизмоҳ Раҳмонова аксари нашрияҳои тоҷикӣ, аз ҷумла “Пайк”ро мехонад ва ҳатто як вақт, ки чанд шумораро натавонистааст дастрас кунад, як нафарро маҳсус ба идораи нашрия фиристодааст, ки он шумораҳоро барояш биорад: “Чанд соли пеш шахсе ба редаксия омада гуфт, ки фалон фалон шумораҳои ҳафтавор ба ман лозиманд. Гуфтам ин шумораҳоро дода наметавонем, чунки вориди бойгонии «Пайк» шудаанд. Сипас иқрор шуд, ки апаи Азизмо газетаро мехонад, ҳамин шумораҳоро дастрас накардааст, равон кард, ки биёрам. Мо он шумораҳоро ба ӯ додем, чунки аз рақамҳои мошин бовар ҳосил кардем, ки рост мегӯяд”.

Дар поёни номааш сардабири “Пайк” аз Муҳаммадиқболи Садриддин хостааст, ки “ба апаи Азизмоҳ нарас, чӣ лозим, охир мо аз он тоифае нестем, ки ба заифон кор бигирем. Зани пок аст, агар баръакс мешуд, бо обу ранги тоза ба ту хабар медоданд”.

Ӯ ҳамзамон аз мақомот ҳам хостааст, ки “модари блогер Абдураҳмон 09-ро раҳо кунанд, ҳатто агар гуноҳ ҳам дошта бошад, чунки обирӯйи ватани ман инҷо рӯйи кор омад. Ҳам дар ҷойи кораш барқарораш кунанд. Қонун шиканед ва обирӯйи ватанро бихаред!”.

Аҳмади Иброҳим изҳори итминон кардааст, ки баъди мутолиаи ин мактуб сардабири “Ислоҳ” ба рақибони аслии худ сару кор мегирад, на ба ҳамсарони онҳо.

Матни пурраи номаи Аҳмади Иброҳим ба Муҳаммадиқболи Садриддинро дар зер бихонед:

Боздошти модари Абдураҳмон 09 аксуламал ба чӣ буд?

Мактуби кушод ба Муҳаммадиқболи Садриддин

Салом Муҳаммадиқбол. Умедворам сиҳату саломат ҳастӣ. Замоне дар хонаи шумо бо падарат Ҳоҷӣ Қаландар нишаста чой менӯшидем. Дар ҳамон пешайвоне, ки ҳангоми ворид шудан аз дарвоза аз тарафи чап ҷойгир буду хеле фақирона, аммо тозаю озода. Ҳоҷӣ хеле инсони хуб буд. Ту ва ман ҳам хуб медонем, ки падарат як сиёсатмадори ҳарис барои ҷоҳу мансаб набуд. Сарватманд набуд. Бахилию кинаҷӯйӣ ҳам надошт. Мисли ҳар як хешованди ману ҳамсоли худи ӯ инсони хуб буд. Ман он сол (тахминан соли 2000-ӯм) бо супориши редаксия барои сӯҳбат кардан бо ӯ рафта будам. Росташро мегӯям, хостам танқидаш кунам, аммо ҳалимию меҳрубонӣ ва самимияташро дида аз раъям гаштам. Гумон карда будам бо як сиёсатмадори барои мансабу ҷоҳу ҷалол ҳарис сӯҳбат карда маводи хуби танқидие менависам, аммо ҳангоми вохурӣ бо ӯ фаромӯш кардам, ки ман журналистаму ӯ чиновник. Шӯхӣ мекардем, аз фарзандонамон сухан мегуфтем. Ман дар суханҳои падарат онқадар ифтихор аз фарзандаш, яъне аз ту дидам, ки росташро мегӯям, ба ӯ ҳасад бурдам. Он вақт ӯ гуфт ту дар Арабистон таҳсили илм мекунӣ. Фақат аз ту мегуфту дигар аз ягон узви оилааш чизе намегуфт. Ман намедонам ӯ дигар фарзанд дошт ё не. Дарк кардам, ки ҳама ҳастиаш ту ҳастӣ. Хушо ба ҳоли фарзанде, ки падар аз ӯ ифтихор мекунад. Ҳамин шуд хулосаи ман баъди сӯҳбати дусоата пушти дастархони падари ту. Боз аз муҳоҷирати аҳли оилаи шумо ба Афғонистон сӯҳбат карду оби чашм рехт.

Сипас боз чанд бори дигар ҳам бо ӯ ҳамсӯҳбат шуда будем, ман дар бораи ӯ хотироти нек дорам. Худо раҳматаш кунад, бисёр мехост,ки писараш биёяду бо ман шиносаш кунад, афсус, ки ба мақсад нарасид. Хонаи охираташ обод бод. Аниқтараш баъди маргаш ба мақсад расид, аммо дар чунин вазъияту тавассути мактуб.

         Инҷо мақсад на хотироти бобои Ҳоҷиро пешкаш кардан буд, балки ҳадафи ман имрӯз ту ҳастӣ. Фақат хоҳиш дорам, Муҳаммадиқбол, зуд хулосабарорӣ карда нагӯй, ки маро кадом  амниятӣ ё милиса водор кардааст, ки ба ту мактуб нависам. Ман мусалмони комилам, сад шукри Худо, ки падарам диндори номдор буд ва аҳли фазлу дониш. Қасам ба номи Худо мехурам, ки агар рӯзе касе хоҳад маро ба манфиати худ истифода бараду зӯрам нарасаду илоҷи дигар надошта бошам, даст ба худкушӣ мезанаму ҷонамро аз ин нанг мераҳонам. Ман, чуноне, ки шумо мегӯед, чоплусу тамаллуқкор ҳам нестам. Шояд дар тули умр ҳазорҳо мақолаҳо навишта бошам, қариб ҳамааш танқидӣ, дар ҳамааш кушиш кардаам ҳақиқатро гӯям, ба касе тамаллуқ назадаам. Ҳафтавори таъсисдодаи ман мустақил асту танқидгар. Бале, танқид кардан осон нест, мудом бо касу нокас ҷангу ҷанҷол дорем. Охирин бор ду моҳи пеш сари масъалае бо сардори милисаву прокурор ҷанҷол доштем.  Мо рисолатамонро дар он мебинем, ки тавассути маводи танқидӣ ватанамонро ободтар кунем. Аз он тоифае ҳастем, ки ватанро воқеан ба мисли модарамон дӯст медорем. Агар модарамон бемор шуд, сари болини ӯ нишаста табобаташ мекунем. Тарк карда намеравем. Баъзе аз вазирону муқаррабони президентро ҳам мавриди танқид қарор додаем, шукр, ки кина нагирифтанд, камбудиҳоро ислоҳ карда вокуниш навиштанд. Хоҳӣ чанд намунаашро пешкашат месозам.

Хуллас, бар гардем сари мақсад. Афкори шумо дар мавриди озод кардани модари Абдураҳмон 09 ба ман ҳам писанд аст. Ман ҳам мисли шумо мехоҳам, ки ин зан озод шавад, ҳатто агар гуноҳ ҳам дошта бошад. Модар аст охир! Оё болотар аз ин мафҳум чизе ҳаст?

Саволе посух мехоҳад,кист, ки бо айби фарзанд гуноҳи модарро ҷуста ёфтааст? Албатта беҳунартарин муфаттиш ҳам бе далелу мадраки муваҷҷаҳ як модарро барои гуноҳи фарзанд ба зиндон намеафканад, чизе аз телефонаш ёфтаанд. Агар телефонҳоро ҷустуҷу кунанд, мувофиқи баъзе аз моддаҳои қонун, ки депутатҳои «донишманд»-и мо қабул кардаанд, нисфи миллат ҷинояткор мебарояд. Ҳамин ду се ҳафта пеш муқобили моддаи 307 мақола навишта будем. Ҳамин гуна гуноҳ шояд дар телефони модари Абдураҳмон ҳам ёфтаанд. Қаблан ҳам опозитсия алайҳи ҳукумату сарвари давлат суханҳои таҳқиромез мегуфт, аммо модари касеро ба маҳкама накашиданд-ку. Масъала ҳамин аст, ки ин усули корро кай афроди алоҳидаи тафтишот дастури кори худ қарор додаанд? Ана ҳамин савол ба ту, бародар Муҳаммадиқбол дахл дорад. Ту бесавод нестӣ,балки назар ба ҳамсолонат хело пеш рафтаӣ,бояд дарк кунӣ, ки рост мегӯям. Ҳақиқат ҳамин аст, ки бисёр чиз, аз ҷумла шеваи таҳқири занҳоро аз ману ту барин афроди босавод меомӯзанд. Мақсад ҳамин аст, ки ту унвонии ҳамсари Президенти кишвар суханони пасту баланд гуфтӣ, инҳо ёд гирифтанд. Вақте ту унвонии президенти мамлакат ё вазирону кабирону дастандаркорон чизе мегӯӣ,туро мефаҳмам, опозитсия вазифааш ҳамин аст, аммо ҳамсари президент апаи Азизмоҳ чӣ гуноҳ дорад? Ба касе вазифа дод, дар корҳои давлатдорӣ ҳамроҳ шуд, касеро ба маҳкама кашид? Ману ту худро журналист мегӯем, набояд бе далел сӯҳбат кунем. Ман имрӯз аз ду зани тоҷик ҳимоят мекунам, ҳам аз модари Абдураҳмон ва ҳам аз апаи Азизмоҳ. Ҳарду ҳам барои ман ба ҷойи модар бошанд. Мехоҳам ин зан аз зулми ту ва он зан аз зулми мақомот раҳо ёбанд. То ин дам ман туро журналист гуфта муқобилат чизе нанавиштаам ва нагуфтаам. Ин принсипи касбӣ ва инсонии ман аст- журналист набояд бо журналист ҷанг кунад. Биё аз ин баъд ҳам ҳамин тавр бимонем.

Ман ба ягон авлоди Президент шинос ҳам нестам, ниёз ҳам надорам, чунки бо чизе ки дорам қаноат кардаам, ягон намуд мансаб барои ман лозим нест. Бухудо, агар имрӯз бигӯянд, ки биё сарвазир шав қабул надорам, чӣ расад ба мансабҳои пасттар.

Аз ту мепурсам, магар апаи Азизмоҳ гунаҳкор аст, ки шавҳараш президент шудаасту ту опозитсияаш шудаӣ? Ту хитобан ба апаи Азизмоҳ мегӯӣ, ки ба додаронат бигу ину он корро кунанд. Магар ин аз рӯйи хирад аст? Як зани хонашин, бигзор ҳатто ҳамсари президент, метавонад ба бародари миллионераш бигӯяд ину он корро бикун? Оё дар тасаввур меғунҷад, ки апаи Азизмоҳ ба Ҳасан Асадуллозода бигӯяд ва ӯ қабул кунад, ки ин тавр нею дигар хел кор кун?  Балки ҳатто падар ба духтари миллионеру соҳибмансабаш муқобили раъйи ӯ чизе фармуда наметавонад. 

Апаи Азизмо саводи хуб дорад, баъзе аз вазирони маориф ба андозаи ӯ савод надоранд, аммо боре талаби мансабу мавқеи хосса дар ҷомеа  накардааст, вагарна ҳар мансабро соҳиб шуда метавонист, инро ману ту хуб медонем. Лекин мисли ҳар як зани оддии тоҷик ба хизматгори шавҳар будан қаноат кардааст.

Сипос мар яздони покро, ки имрӯз хонандаи «Пайк» асосан мардуми доно ва оқиланд. Яке аз хонандагони мо ана ҳамин апаи Азизмоҳ аст. Имрӯз ман аз ҳамсари президент не, балки аз хонандаи «Пайк» дифоъ мекунам. Чанд соли пеш шахсе ба редаксия омада гуфт, ки фалон фалон шумораҳои ҳафтавор ба ман лозиманд. Гуфтам ин шумораҳоро дода наметавонем, чунки вориди бойгонии «Пайк» шудаанд. Сипас иқрор шуд, ки апаи Азизмо газетаро мехонад, ҳамин шумораҳоро дастрас накардааст, равон кард, ки биёрам. Мо он шумораҳоро ба ӯ додем, чунки аз рақамҳои мошин бовар ҳосил кардем, ки рост мегӯяд.

Шояд, ту Муҳаммадиқбол, гумон кунӣ ки мактуби ман фармоишӣ аст. Бори дигар мегӯям, ман ҳеҷ гоҳ бо фармоиш кор намекунам. Аниқтараш мекунам, вақте хонаи мазлумеро кадом золиме ғайриқонунӣ кашида мегирад, фармони он бечораро иҷро карда хонаашро пас мегардонам (чунин фактҳо зиёд дорем, хоҳед пешкаш мекунем), чанд нобиное, ки бехонаю дар ва бенафақа мемонанд, ба доди онҳо мерасем (хоҳед суроғаашонро медиҳем), ва ба ҳамин монанд воқеаҳо пайдо шаванд фармони ин мазлумонро иҷро карда мақола менависем, на баръакс. Ноадолатиҳо дар дилхоҳ ҷомеа ҳастанд. Дар Амрикои таърифӣ ҳам дидем, ки пулис зону ба гулӯйи як сиёҳпуст монда буғиаш кард.

Хулоса, суханро ба дарозо набурда аз ту Муҳаммадиқбол хоҳиш дорам ба апаи Азизмоҳ нарас, чӣ лозим, охир мо аз он тоифае нестем, ки ба заифон кор бигирем. Зани пок аст, агар баръакс мешуд, бо обу ранги тоза ба ту хабар медоданд. Аз мақомот ҳам хоҳиш дорам, модари блогер Абдураҳмон 09-ро раҳо кунанд, ҳатто агар гуноҳ ҳам дошта бошад, чунки обирӯйи ватани ман инҷо рӯйи кор омад. Ҳам дар ҷойи кораш барқарораш кунанд. Қонун шиканед ва обирӯйи ватанро бихаред. Бовар дорам, баъди мутолиаи ин мактуб, ту Муҳаммадиқбол, ба рақибони аслии худ сару кор мегирӣ, на ба ҳамсарони онҳо. Бо аъмоли ноҷавонмардона метавон ба ҳадафҳои кучак расид, аммо шарафи инсонӣ аз даст меравад. Гумон дорам, нархи ин бояд болотар аз ҳар чизи дигар бошад.

Бо эҳтиром Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтавори мустақили ҷамъиятию сиёсии ҷумҳуриявии «Пайк», ягона ҳафтаворе, ки редаксияаш дар шаҳри Кӯлоб аст, на дар пойтахт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button