ВидеоҶомеа

ҲАБСИ ДУ ДОНИШҶӮ БАРОИ ТАҲҚИРИ ЯК ҶАВОНЗАН ДАР ДУШАНБЕ (4 АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  хабар дод, ки ду ҷавонро дар пойтахти Тоҷикистон бо ҷурми таҳқир ва паст задани  шаъну эътибори як ҷавонзан 5-шабонарӯзӣ ҳабс кардаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, як ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе,  ки корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ  будааст, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намуд, ки санаи 24-уми марти соли ҷорӣ ҳангоми дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ қарор доштанаш, ду ҷавони 20-25-сола бе ягон сабаб ба ӯ дарафтода, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи номбурдаро паст задаанд. Ҳамзамон муроҷиатномаи номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон қарор гирифта, аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост кардаанд, то амалҳои авбошонаи ҷавонон дар доираи қонун мавриди чораҷӯӣ қарор дода шавад.

Милитсияи Душанбе гуфт, дар натиҷаи баррасии муроҷиати мазкур шахсияти гумонбарон муайян ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсияи дастрас карда шуданд, ки инҳо мебошанд:

  1. Миров Акмал Аброрович, санаи таваллудаш 16.04.2000, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Қосимов, донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

2. Вадудзода Валиҷон Маҷид, санаи таваллудаш 17.10.2003, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Қосимов, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Дар иттилоияи РВКД Душанбе гуфта мешавад, ки “зимни пурсиш ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур гуноҳи содирнамудаи номбурдагон исботи худро ёфта, аз ҷониби кормандони милитсия нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шуд”.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки дастгиршудагон аз кидори содирнамудаи худ сидқан изҳори пушаймонӣ намуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амалҳои нангин даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button